Паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ – таҳдид ба амнияти кишварҳост

 

Солҳои охир дар баробари мушкилиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, тандурустиву фарҳангӣ, ташкилу фаъолияти ғайриқонунии созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Чунин ташкилотҳои ифротгароӣ ҷиҳати халалпазир намудани оромиву субот дар кишварҳо аз роҳу василаҳои гуногун истифода намуда, мақсадҳои ғаразноки худро бештар вақт ба воситаи ҷавонони камтаҷриба амалӣ менамоянд. Имрӯзҳо давлате нест, ки аз таъсири чунин хатарҳо эъмин бошад.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи зӯроварӣ ба сари қудрат омадан, тарсонидани халқ ва соҳиби молу сарват шудан мебошад. Таҳлилу хулосаҳои коршиносони соҳа исбот менамояд, ки имрӯзҳо экстремизми динӣ бештар дар ҷомеа паҳн гардида, ба раванди идомаи зиндагии сокинон дар сайёра мушкилиҳои нав ба навро ба вуҷуд оварда истодааст. Яке аз василаҳои пешгирии шомилшавии сокинон, аз ҷумла ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ташкили суҳбату вохӯриҳо, конфронсу чорабиниҳои гуногуни илмӣ-иттилоотӣ мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату Кумитаҳо ва муассисаҳои давлатӣ дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд, ки ба коҳиш додани шумораи пайвастшавӣ ба чунин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекунад. Дар ин замина волидон, ҷомеа ва дигар институтҳои шаҳрвандиро низ лозим аст, ки фаъолияту ҳамкориро бо тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои давлатӣ дуруст ба роҳ монда, сатҳи огоҳии сокинонро боз ҳам баланд бардоранд.

Омили дигари гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, тарбияи нодуруст дар оила ва муҳити муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аксарияти ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ пайвастаанд аз таълиму тарбия дур мондаанд. Аз ин фурсат роҳбарону аъзои чунун ташкилотҳо истифода намуда, ба онҳо ваъдаи зиёд дода, ба амалҳои нангин роҳнамоӣ мекунанд. Дар ин замина волидон ва аҳли ҷомеа бояд тамоми рафтору кирдори наврасону ҷавононро зери назорати ҷиддӣ қарор бидиҳанд. Дар сурати рафтори номуносиб ҳарчи зудтар ба намояндагони ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ расонанд.

Таҳлилгарони соҳа низ бар он назаранд, ки муҳоҷирати шаҳрвандон низ омили пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ мебошад. Дар хориҷ аз кишвар баъзе аз ҷавонон ба доми чунин афрод афтода, худ ва атрофиёнро бо рафтору амалашон нигарон кардаанд. Ҳамдиёрон ва наздикони наврасону ҷавононе, ки дар муҳоҷират қарор доранд, бояд аз хатарҳои гурӯҳҳои ифротгароӣ бохабар карда шаванд.

Истифодаи нодурусти технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаҳои иҷтимоӣ низ сабаби дигари пайваст шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Бояд дар дохили кишвар дар самти истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ назорат пурзур карда шавад. Аз мушоҳидаву таҳлилҳо бармеояд, ки паҳншавии ғояҳои террористиву экстремистӣ беш аз пеш меафзояд. Аз ин рӯ, тамоми сокинону ҳамватанони худшиносу худогоҳро лозим аст, ки ба дигарон моҳияту фаъолияти ғайриқонуниву хатарзои гурӯҳҳои ифротгароиро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Ба ин васила дар ҳифзи амнияти кишвар ҳиссагузорӣ намоянд.

 

  

 

Заррина Сафарова донишҷӯ курси 2-юми

факултети математика-информатика