Таассурот аз мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат

 

Санаи 18-уми марти соли 2020 дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат баргузор гардида, тавассути шабакаҳои телевизионӣ пешниҳоди сокинон шуд. Дар ин мулоқот Пешвои миллат вазъи соҳаҳои илму маориф, фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар пажӯҳишгоҳҳоро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, барои рушду густариши онҳо пешниҳодҳои судманд намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ қайд намуданд, ки олимону донишмандони тоҷик маҳз бо хиради азалии худ дар самти кашфи дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, таърих, ҷомешиносӣ, адабиёту фарҳанг ва ғайра шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаанд. Имрӯз мо бо ифтихор номи донишмандону зиёиёни барҷастаи тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ғайраро ба забон меоварем ва бо зиндагиву фаъолияти илмии онҳо шинос шуда, аз дастовардҳои илмии онҳо истифода менамоем. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати илму технология ва дигар омилҳои таъсиррасон омӯзишу татбиқи ҳамаҷонибаи фанҳои мазкур ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва шинохти дурусти олами иҳотакарда мусоидат мекунад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, асри ХХI асри илму техника ва иттилоот эътироф шуда, аз ҳар фард тақозои ҳамқадами замон буданро талаб менамояд. Албатта, бидуни донишҳои техникӣ ва табиӣ рушди дигар илмҳо имконнопазир аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид намуданд, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин лиҳоз, раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва дигар вазорату кумитаҳои давлатиро лозим аст, ки барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шароити мусоид фароҳам оварда, наврасону ҷавононро ба омӯзиши васеи ин илмҳо роҳнамоӣ кунанд.

Яке аз василаҳои рушди босуръати соҳаҳои ҷомеа, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ ва дар амал татбиқ намудани донишҳои илмии ҳосилшуда мебошад. Олимону зиёиёни тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ ба таҳқиқу арзёбии масъалаҳои мухталиф машғул гардида, таъриху фарҳанг, забон, расму оин ва дигар арзишҳои миллиро, ки ба худшиносиву худогоҳии ҳар фарди комил замина мегузорад, баррасӣ намуда истодаанд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вусъати тафаккури техникӣ солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида, аз ҷониби зиёиён ва мардуми ҷомеа ҳаммовозии амиқ пайдо намудааст. Дар асоси ин пешниҳод аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акадамияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту сохторҳои масъул нақша-чорабиниҳо таҳияву қабул гардида, дар ин самт тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. Ҳамчунин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъсиси ҷоизаи махсуси давлатиро барои олимону муҳаққиқоне, ки ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ доранд, баён намуда, пешниҳод доштанд, ки ҳамасола то 15 нафар барои кашфиёту натиҷаҳои баланди илмӣ бо он қадршиносӣ карда шаванд.

Илм ва дониш муайянкунандаи иқтидори ҳар миллату давлат буда, чун василаи муҳим арзёбӣ мешавад.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи кам зоҳир менамоянд, ки ин омил бояд ҳарчи зудтар аз ҷониби равоншиносону ҷомеашиносон ва файласуфон омӯхта, роҳҳои ҷалби он муайян гарданд.

Устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат бо хушнудӣ пазируфта, баҳри татбиқи ҳамаи он дастуру супоришҳо тадбирҳо андешида истодаанд. Имрӯз дар донишгоҳ устодони пуртаҷрибаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фаъолият доранд, ки ба донишҷӯён нозукиҳои ин соҳаҳои илмро меомӯзонанд. Донишҷӯён низ майлу хоҳиши омӯхтани чунин илмҳоро дошта, дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида истодаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки бо андешидани тадбирҳои судманд марҳила ба марҳила иқтидории илмии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қавӣ гардида, олимону муҳаққиқон донишҳои ҳосилшударо дар амал баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ равона кардаанд. Дар донишгоҳ барои раванди мақсадноки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳои муҷҷаҳаз бо лавозимоти технологӣ ва минтақаҳои таҷрибаомӯзӣ мавҷуданд, ки аз онҳо муҳаққиқон мақсаднок истифода бурда истодаанд. Ҳайати устодону муҳаққиқон ба баррасии масъалаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷиддӣ машғул гардида, тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар амал ҷорӣ хоҳанд кард.

      

Сангимурод Шарифов, сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав