ТАХТАИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА САМАРАНОКИИ ОН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои дақиқ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи васеи истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд».

Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат, “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.

Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман ба тақдири тамаддун нисбат ба корҳои анҷомдодаи донишмандону сиёсатмадорони гузашта таъсири хеле амиқ гузоштаанд. Яқин мегардад, ки танҳо инсони фарҳангӣ ва бомаърифат ба сатҳи муосири рушди тамаддун мувофиқ омада метавонад.

Тахтаи электронӣ яке аз таҷҳизоти замонавӣ мебошад, ки тавассути проектори мултимедӣ ва компютер ба кор дароварда мешавад. Имкониятҳои бениҳоят зиёд дошта, баҳри баланд бардоштани сифати машғулиятҳо мавқеи муҳим мебозад. Аввалин тахтаи электронии таълимӣ солҳои 90-уми асри ХХ аз тарафи ширкати “Smart” ихтироъ карда шуд.

Чихеле, ки борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон қайд мекунанд, барои расидан ба стандартҳои ҷаҳонӣ мо бояд пеш аз ҳама заминаҳои моддию техникии таълимро пурқувват намоем.

Хушбахтона, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав имконияти васеи истифодаи техникаи интерактивии таълими мавҷуд аст. Ба ғайр аз синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаҳои электронӣ боз чанд синфхонаҳои дигар низ бо тахтаи электронӣ таъмин карда шудаанд. Донишгоҳ дорои 12 факултет ва дар ҳар як факултет синфхонаҳои компютерӣ мебошад, ки бо компютерҳои замонавӣ ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 370 адад компютер дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, дар донишгоҳ 100 тахтаи электронӣ ва 100 проектори мултимедӣ мавҷуд аст, ки омӯзгорони мо аз он ба таври васеъ истифода мебаранд. Муассисаи таълимӣ бо шабакаи Интернет таъмин аст ва омӯзгорону донишҷӯён доимо аз он истифода мебаранд.

Имрӯз қариб тамоми синфхонаҳои таълимии компютерӣ, толорҳои лексионӣ, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳу толорҳои семинарӣ, конфронсӣ ва ғайра бо тахта, экран ва проекторҳои мултимедиявӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Аммо барои дар шакли дастрас,  ва шавқовар пешниҳод намудани муҳтавои маърӯза ё матни лексия онро бо ёрии барномаи махсус тайёр кардан лозим аст. Синфи ин гуна барномаҳоро виросторони рӯнамосоз меноманд.

Албатта, дарси пурмазмун ҳунармандии омӯзгорро талаб мекунад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорон бояд пайваста бикӯшем, ки бо тахтаи электронӣ, дарси худро самаранок гузаронем. Истифодаи тахтаи электронӣ имконият медиҳад, ки дарс шавқовар, ҷолиби диққат, пурмуҳтаво ва мувофиқи матлаб гузарад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан».

Истифодаи тахтаи электронӣ ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки вақти худро сарфакорона истифода барад, чунки ҳангоми истифодаи тахтаи электронӣ нисбат ба тахтаи муқаррарӣ 30%-и вақт сарфа мегардад.

Омӯзгорони мо пайваста дар дарсҳои худ аз наворҳои таълимӣ, намоишномаҳо (презентация) истифода мебаранд.

Намойишнома – ин худ айёнияти электронӣ мебошад. Ин ҷо солҳои мактабии худро ба хотир овардан ба маврид аст. Устодони мо барои фаҳмонидани мавзӯъи нав аз ватман (плакатҳо)-и дастӣ кашидашуда истифода мебурданд. Ҳоло бошад тараққиёти илму техника ба мо шароит фароҳам меоварад, ки мо ин айёниятҳоро бо сифати баланд ва бе харҷи зиёдатӣ омода намоем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тахтаи электрониро ҳамчун тахтаи муқаррарӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Фақат дар ин ҷо вазифаи бӯрро маркер ва вазифаи латтаро хатпоккунак иҷро мекунад.

Тахтаи электрониро дар вақти гузаронидани машғулиятҳои ҳамаи фанҳои таълимӣ истифода бурдан мумкин аст. Он оид ба фанҳои алоҳида дорои якчанд функсияҳо мебошад, ки кори моро хеле осон мегардонад.

Асри XXI, ки асри технологияи инноватсионӣ аст, ҳамаи омӯзгоронро водор месозад, ки дар ҷараёни ҳар як дарс технологияи навро истифода баранд. Барои ноил шудан ба сифати баланди таълим шароити мусоид фароҳам овардан лозим, зеро бе техника ва технологияи иттилоотӣ ҷамъият тараққӣ карда наметавонад.

 

 

Файзализода Баҳрулло Файзалӣ – номзади илмҳои

педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии

технологияи иттилоотӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав