НАЗАРЕ БА РӮЗГОРУ ОСОРИ ВАЗИРИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК РАШИДУДДИНИ ФАЗЛУЛЛОҲ

         Гузашти таърихи миллат моро бо як воқеияти бебаҳс рӯ ба рӯ мекунад, ки он дар ҳар садсола зуҳур кардани даҳҳо шахсиятҳои фидокору ҷон бар каф ва донишманду раиятпарвар мебошад. Замони ҳуҷуми муғулҳо яке аз давраҳои тираву тори таърихи мо тоҷикон ба шумор меравад. Ин давраест, ки истилогарони бераҳму шафқат ба қавли сарчашмаҳои ин давра заминро «аз хуни тоҷикон гулгун» карданд. Дар чунин даврони ноумедиву шикастҳои пай дар пай афроде низ по ба арсаи ҳастӣ ниҳоданд, ки тамоми ҳастии хешро фидои халқ кардаанд. Яке аз чунин симоҳои тобноку чеҳраҳои дурахшони таърихи мо арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ – Хоҷа Рашидуддини Фазлуллоҳ мебошад. 

         Асри XIII асри нокомиву шикастҳои пай дар пайи тоҷикон ба шумор меравад. Зеро барҳамхӯрии давлатдорӣ, кушта шудани миллионҳо тоҷик ва ҳиҷрати миллионҳои дигар дар як вақт пеш омада, дар миёни кушташудагону муҳоҷирон беҳтарин фарзандони ин миллат қарор доштанд. Муаррихи машҳури ин давра Ибни Асир қатлу ғорати аҳолӣ ва вайронии тамоми сарзаминҳои мусулмоннишинро дида бо ҳасрат баён дошта буд, ки «то қиёмат чунин кор дигар такрор нахоҳад шуд» (1, 324). Минҳоҷ Сироҷи Ҷузҷонӣ дигар муаррихи тоҷик низ суханони Ибни Асирро дар шакли дигар баён карда, юриши муғулҳоро бо қиёмат баробар кардааст. Шоири тоҷик Камолуддин Исфаҳонӣ вазъияти ниҳоят душвори тоҷикон дар аҳди муғулро мушоҳида карда, чунин фарёд карда буд:

 Кас нест, ки то бар Ватани худ гиряд,

Бар ҳоли табоҳи мардуми бад гиряд.

 Дӣ бар сари мурдае дусад шеван буд,

        Имрӯз яке нест, ки бар сад гиряд (2, 873).

         Муаррихи тавонои тоҷик Атомалики Ҷувайнӣ дар китоби «Таърихи Ҷаҳонкушо» низ доир ба оқибатҳои забти муғул факту рақамҳои зиёдро овардааст. Аз ҷумла, менависад, ки муҳимтарин натиҷаи ҳамлаи муғул он буд, ки шаҳрҳои пур аз ҷамъият холӣ шуд. Муғулҳо дар ҳамаи музофот яксон амал карда, куштору харобиро ба бор оварданд (3, 17).  Шоҳиди асри муғул Шаҳобуддини Насавӣ менависад, ки «ҳеҷ дарахте намонд, ки ба норе сӯхт ва ҳеҷ намонд, ки онро сокин доре барафрӯхт. Ва руъбу ҳарос бар нуфуси нос муставлӣ шуд, чунонки ҳар ки дар қайди асрор гирифтор шуда буд, аз касе ки муқими хони хонаи худ аст ва интизори ҳодиса мекунад, осудатар буд» (4, 123).  

         Муҳимтарин оқибатҳои ҳуҷуми муғул ба сарзамини тоҷикон инҳо буданд:

  1. Давлатдории мутамарказ аз байн рафт;
  2. Хилофати Аббосиён заиф ва дертар барҳам хӯрд;
  3. Даҳҳо шаҳру садҳо деҳаи тоҷикнишин хароб гардида, дигар барқарор нагашт;
  4. Садҳо ҳазор марду зани тоҷик ба асорат бурда шуданд, нуфузи аҳолӣ бар асари куштору ҳиҷрати мардум коҳиш ёфт;
  5. Муғулҳо ба хотири таъмини хӯроки чорвои худ ҳазорон киштзору боғҳои маъмурро ба харобазор табдил карданд ва низоми обёрӣ низ зиёни ҷиддӣ дид;
  6. Зерсохтори иқтисодии тамоми Хуросону Мовароуннаҳр аз байн бурда шуд;
  7. Илму фарҳанги тоҷик ба муддати тӯлонӣ дучори буҳрон ва ҳатто суқут гардид;
  8. Тоҷикон пас аз истилои муғул қонунан дигар ҳаққи ҳокими аввал шуданро надоштанд ва ин ҳолат ҳафтсад сол давом ёфт;
  9. Фарҳангу забони муғулҳо таъсири муайян ба ҳаёти минтақа гузошт;
  10. Муғулҳо дар дарозмуддат зери таъсири фарҳанги тоҷикон қарор гирифта, каме дертар исломро пазируфтанд….

Бояд зикр намоем, ки асри муғулҳо бо вуҷуди харобиҳои зиёд дар баъзе самтҳо таъсири мусбат дошт. Аз ҷумла, минтақаи васеъе аз Аврупо ва Осиё бо ҳам пайваст гардид ва имкон пайдо шуд, ки миёни минтақаҳои зиёд иртиботи тиҷоратӣ барқарор карда шавад. Дигар оқибати мусбати истилои муғулҳо тараққӣ кардани фанни таърихнигорӣ буд, ки яке аз намунаҳои он асари Рашидуддин Фазлуллоҳ мебошад.

         Ҳамин тавр, дар чунин айёми ноумедӣ ва парешонӣ соли 648 ҳиҷрӣ баробар бо соли 1247-и милодӣ) дар шаҳри Ҳамадони Эрон дар хонадони Имодуддавла Абулхайр фарзанде бо номи Рашидуддин чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ, ки нисбат ба Рашидуддин бо назари таҳқиру нафрат менигаранд, вайро аз як хонаводаи яҳудии сокини шаҳри Ҳамадон донистаанд, ки аз ҳақиқат дур мебошад. Албатта набояд фаромӯш кунем, ки тарафдорони ин фикр кам нестанд. Дар ин бора ҳатто мусулмон шудани вайро низ ҳамчун як воқеаи рухдода пазируфта, дар ин бора гузориш низ навиштаанд. Аммо ин овоза дар давраи пас аз марги вазир бештар машҳур шудааст. Ӯ ва хонаводааш мисли бештари сокинони ин шаҳр тоҷик будаанд. Падари Рашидуддин шахси донишманд ва пизишки тавонои аср буда, ба дарбори исмоилиёни Аламут даъват мешавад. Ӯ ночор ин вазифаро қабул мекунад, зеро дар сурати қабул накардан имкон дошт, ки аз ҷониби мошини террори исмоилиёни Аламут маҳкум ба қатл гардад. Рашидуддин ба ин ишора карда менависад, ки падари ӯ ва дигар донишмандон «на ба дилзоҳ, балки ба ғайри ихтиёр ба он мулк уфтода буданд» (5, 12). Рашидуддин дар маҳзари падараш дарс хонда, аз ӯ пешаи пизишкиро фаро мегирад. Ӯ аз дигар илмҳои зарурии замон – аз ҷумла, сиёсат, дабирӣ ва адабиёт низ баҳравар мегардад. Аз хондани осори ӯ чунин маълум мешавад, ки вай тамоми илмҳои замонаашро аз худ карда, дар зумраи бузургони асри худ шумурда мешуд. Ӯ ба забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ, муғулӣ ва ибрӣ комилан тасаллут дошт.   

         Бештари дигаргуниҳо дар ҳаёти Рашидуддин ва хонаводаи вай дар соли 1256 пас аз забти қалъаи Аламут тавассути Ҳулоку (1256-1265) ба вуқуъ омад. Охирин ҳокими исмоилиён Рукнуддини Хуршоҳ, ки марде белаёқату тарсу буд, натавонист давлатро идора ва дар муқобили муғулҳо муқовимат кунад. Ӯ бар хилофи раъёи аксарияти аҳли қалъаи Аламут, ки хоҳиши мубориза доштанд, пас аз музокироти тӯлонӣ сарнавишти давлатро ҳал карда, таслими муғул гашт. Сокинони қалъа низ пас аз Хуршоҳ таслим гаштанд (6, 244). Бо дастури Ҳулоку қалъа хароб карда шуд, то дигар дар он имкони бунёди давлат муяссар нагардад. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо биёре аз донишмандоне ки дар қалъаҳои исмоилиён ба сар мебурданд, пас аз барҳам хӯрдани давлатдории онҳо ва хароб шудани қалъаҳо ба хидмати муғулҳо даромаданд. Аз ҷумла, Насируддини Тусӣ, Ҷувайнӣ ва хонаводаи Рашидуддини Фазлуллоҳ. Ба дарбори муғулҳо ҷалб шудани Рашиддудин ба замони ҳукумати фарзанди Ҳулоку Абоқоон (1265-1282) рост меояд. Ӯ ба сифати пизишки махсуси дарбор фаъолият мекард.      

         Пас аз Абоқоон писари дигари Ҳулоку Аҳмади Тагудор (1282-1284) як муддат ҷонишини падар шуд. Дар бораи сарнавишти Рашидуддин дар ин давра муайян нест. Аммо метавонем тахмин намоем, ки ӯ дар ин давра низ хидматгузори дарбори Илхонон будааст. Ҳамин тавр, Рашидуддин дар аҳди ҳукумати фарзанди Абоқоон Арғунхон (1284-1291) низ дар хидмати дарбор будааст. Ҳатто як даъфа ба сифати сафири Илхонон ба сарзамини Ҳинустон сафар мекунад (7, 234). Ҳарҷанд дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳадафу барномаи ин сафари дипломатии Рашидуддин баён наёфтааст, аммо метавонем мақсади ин сафарро барқарор кардани робитаи сиёсӣ ва қабул намудани ҳокимияти Илхонон ва пардохтани молиёт бишуморем.

         Фарзанди дигари Абоқоон, Гайхотухон (1291-1295) ки ба маснади илхонӣ нишаст, шахси айшпарвару ғофил буд. Аз ин рӯ, бештар ниёз ба тадбиру кордонии кормандони ботаҷрибаро дошт. Дар замони зимомдории вай низ ҷойгоҳу мақоми Рашидуддин ҳифз гардид. Мувофиқи баъзе маълумот аз Рашидуддин хоста буд, мансаби вазоратро қабул кунад. Аммо ӯ ба сабаби исрофкориҳои ин ҳоким аз қабули ин мансаб худдорӣ мекард.   

         Қудрати Рашидуддин дар замони ҳукумати Ғозонхон (1295-1305) ба авҷ худ мерасад. Ғозонхон аввалин ҳокими муғул буд, ки мусулмон шуд ва монанди императори Рим Константин, ки бо масеҳӣ шудан ин динро дар кишвараш расмӣ эълон кард, дини исломро дини расмии давлати Илхонон эълон намуд. Номи мусулмонии худро ӯ Маҳмуд эълон кард. Шояд ба хотири беҳтар шудани умури кишвардорӣ мусулмон шуда бошад, вале дар ҳар сурат ба дини ислом гаравидани Ғозон сабаби қатъ шудани робитаи ӯ бо ҳокимони Муғулистон гашт. Бо дастури Ғозон ибодатгоҳҳои масеҳиёну дигар динҳо хароб карда шуд. Ҳамчунон даҳҳо масҷиду мадраса бо фармони ӯ бино гардид. Дар сиккаҳои ӯ ба ҷои номи ҳокимони муғул калимаи шаҳодат навишта шуд. Ӯ пайрави мазҳаби суннӣ гардид, зеро бештари аҳолии Эрон дар ин аср суннимазҳаб буданд.

         Рашидуддин Фазлуллоҳ менависад, ки дар аҳди Ғозонхон «аз бандагии ҳазрат, ин бандаи заифро дар силки наввоб оварданд ва ба сохтани муаззамоти умур маъмур гардониданд» (5, 13). Вазири қаблии Ғозон Садруддин Аҳмад Холидии Занҷонӣ соли 1297 ба қатл мерасад. Вазифаи ӯ миёни ду нафар коргузори тоҷик Хоҷа Рашидуддини Фазлуллоҳ ва Хоҷа Саъдуддини Совӣ вогузор карда мешавад. Аммо Рашидуддин, ки аз саргузашти бештари вазирон хуб огоҳӣ дошт, медонист, ки дар масъалаҳои молиявӣ ҳатман як рӯзе бо султони муғул робитааш нохуб мешавад. Зеро аксари вазирҳои давраи сомонӣ, ғазнавӣ, салҷуқӣ ва хоразмшоҳӣ  ба ин гуноҳ ё барканор мешуданд ё ба қатл мерасиданд (8, 138 ).

         Ғозонхон дар таърих бо ислоҳоти худ машҳур гардидааст. Яке аз машваратчиёни ӯ дар ин замина Рашидуддин ба шумор мерафт. Рашидуддин хуб дарк карда буд, ки то вазъи қонунгузорӣ дар кишвар хуб ба роҳ монда нашавад, умед кардан ба дигаргунӣ номумкин аст. Вазъи бади иқтисодии кишвар низ вазирро ба гузарондани чунин ислоҳот водор мекард. Ислоҳоте, ки бо маслиҳату роҳнамоии Рашидуддин гузаронда шуд, вазъи кишварро ба куллӣ тағйир дод. Низоми андозсупорӣ, ки яке аз мушкилиҳои ҷомеа ва мардум буд ислоҳ шуд. Миқдори андозҳо муайян карда шуд. Ҳар касе аз аҳолӣ бештар аз ҳадди муайяншуд андоз мегирифт, ба ҷавобгарӣ кашида мешуд. Кӯшишҳои марказгӯрезии вилояту ноҳияҳо пахш карда шуд. То ин дам дар Гурҷистон, Рум ва дигар минтақаҳо шӯришҳои зидди давлат шуда буд. Ба ҷои артиши зархарид сипоҳи муназзам ташкил гардид. Додани замин ба аскарон ба расмият даромад.

         Ислоҳоти Ғозон ва Рашидуддин вазъи шаҳрҳоро низ беҳтар кард. Зеро чандин намуди андозе ки аз косибон ситонда мешуд, бекор карда шуд. Пули ягона ҷорӣ карда шуд, ки сабаби осон шудани андозсупорӣ гашт. Шаҳри Табрез, ки пойтахт буд, зебову ороста гардид. Дар як бахши он аз ҳисоби пули Ғозон маҳаллаи нав сохта шуд, ки бо номи Рубъи Рашидӣ машҳур буд. Дар ин қисмат олимон, фақеҳон, муаззинҳо, қориҳо, табибон ҷойгир карда шуданд.

         Яке аз натиҷаҳои вазорати Рашидуддин ва дигар вазирону кормандони даргоҳ аз ҳисоби тоҷикон он шуд, ки муғулҳои дар аввал нисбат ба ислом ва мусулмонон душману бадбин ба дини ислом гаравиданд. Бо машварати Рашидуддин ба ҷои муғулҳо дар корҳои давлатдорӣ тоҷикон ҷалб гардиданд.

          Аммо рақобату душманиҳои ҳамешагии дарбор оқибат кори худро кард ва дар замони ҳукумати Абӯсаид Баҳодурхон миёни ду тоҷик – Рашидуддин ва Алишоҳи Гелонӣ баҳсу душманӣ сар зад. Дар натиҷа Рашидуддин, писараш ва тамоми хешону наздиконаш ба қатл расонда шуданд. Сари ӯро чанд рӯз дар шаҳр гирифта мегардонданд ва ҳамчун яҳудӣ ба ҷасади ӯ таҳқирро раво медоштанд.

         Аз Хоҷа Рашидуддини Фазлуллоҳ мероси зиёду гаронбаҳо аз худ ба мерос гузоштааст. Муҳимтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ҷомеъу-т-таворих»,  аст. Аллома Қазвинӣ – таҳиякунандаи асари «Ҷомеъу-т-таворих» дар муқаддимаи муфассали хеш ба ин китоб онро чунин тавсиф менамояд: «ҷамиъи маълумоту иттилооте, ки дар ин китоби нафис дарҷ кардааст, ё аз мушоҳидоту маҳсусоти худи ӯст, ки дар муддати тавили мулозимати подшоҳони муғул фароҳам оварда, ё масмуоту манқулоте аст, ки аз афвоҳи уламову ҳукамо ва миллал нақлу тарҷума кардааст. Аҳамияти ин китоб фавқи он аст, ки ба ҳадди тасаввур ояд ё дар ҳавсалаи таҳрири ин дебоча гунҷад» (6, 49).

         Ба назари мо бо навиштани ин асари бузург Рашидуддин, ки вазири муғулҳо ва тарафдори ҳукумати онҳо буд, мехост таърих ва асолати ҳукумати муғулҳоро собит намояд. Як нуктаро бояд илова кунем, ки китоби «Ҷомеъу-т-таворих» гузашта аз аҳамияти бузурги илмию тарбиявӣ доштан, аз як имтиёзи дигар низ бархурдор аст, ки он маълумоти фаровон доштан роҷеъ ба таърихи халқи тоҷик аст. Мувофиқи як пажӯҳиш дар ин асар калимаи «тоҷик» ба маъниҳои гуногун ва борҳо оварда шудааст, ки барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик муҳим мебошад (9, 23-25). Рашидуддин на танҳо дар бораи таърихи тоҷикон, балки дар хусуси таърихи дигар халқҳои олам низ маълумот медиҳад. Ӯ дар хусуси мардумшиносӣ, асотир, қавмшиносӣ ва одобу русуми зиндагии муғулҳо ҳам пардохтааст. Муаллифи «Ҷомеъу-т-таворих» монандӣ ва тафовути туркҳову муғулҳоро шарҳ додааст.     

         Дигар асари Рашидуддин «ал-Аҳё вал осор» мебошад, ки аз 24 ҷилд иборат буда, дар бораи илмҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ, дарахткорӣ, парвариши занбӯри асал, нобуд сохтани ҳашарот, меъморӣ ва ғайра маълумот медиҳад. «Рисолаи Султония» дар хусуси масъалаҳои гуногуни каломӣ баҳс мекунад. Китоби «Тавзеҳот»-и Рашидуддин доир ба тасаввуф ва илми калом манбаи муътабар мебошад. Асари «Мафотеҳу-т-тафсир» дар бораи тафсир, муфассирони Қуръон, некӣ ва бадӣ, рӯзи ҷазо, сифатҳои парвардигор маълумот медиҳад. «Латоифи ҳақоиқ» бо забони арабӣ навишта шуда, ба масъалаҳои дини ислом бахшида шудааст.

         Ҳамин тавр, Хоҷа Рашидуддин Фазлуллоҳ на танҳо аз донишмандон ва арбобони сиёсии давраи муғул ба шумор меравад, балки яке аз бузургтарин олимони таърихи мо шумурда мешавад. Бештари осори ӯ ба забони модарии мо навишта шуда, месазад, ки ки номи ӯ дар Тоҷикистон низ зинда нигаҳ дошта шавад.

 

 

 

Рӯйхати адабиёт:

  1. Ибн ал-Асир. Ал-Комил. Ҷ. 3. –Бейрут, 1978.
  2. Сафо Забеҳулло. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди 2. –Теҳрон, 1355.
  3. Атомалик Муҳаммади Ҷувайнӣ. Таърихи ҷаҳонгӯшой. Мусаҳеҳ Муҳаммади Қазвинӣ. –Теҳрон, 1385.
  4. Шаҳобуддин Муҳаммади Насавӣ. Сирати Ҷалолуддини Манкубернӣ. –Теҳрон, 1388.
  5. Рашидаддин Фазлуллоњи Њамадонї. Љомеъ-ут-таворих. Ба тасњењ ва тањшияи Муњаммад Равшан ва Мустафо Мусавї. –Тењрон, Албурз, 1373.
  6. Строева Л.В. Государство исмаилитов в Иране в XI-XIII вв. – М., Наука, 1978.
  7. Петрушевский И.П. Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII-XIV вв. –М.-Л, 1960.
  8. Муллоҷон С. «Таърихи Масъудї»-и Абулфазли Байњаќї (муруре пиромуни сохтори идорию русумоти дарбори Ѓазнавиён). –Душанбе, 2014.
  9. Муллоҷон С. Тавсифи «Вилояти Тожик» дар асари Рашидаддини Фазлуллоњ // Маҷаллаи Фарҳанг. 2013. №1. –С. 22-28.

 

Калидвожаҳо: донишманд, мерос, вазир, илм, сиёсат, фарҳанг, таърих, Осиё, тоҷик, муғулҳо, мардум.

Key words:   scientist, legacy, minister, science, politics, culture, history, Asia, mongol, people.

Ключевые слова: ученый, наследие, министр, наука, политика, культура, история, Азия, таджик, монголы, народ.

 

РӮЗГОРУ ОСОРИ РАШИДУДДИНИ ФАЗЛУЛЛОҲ – ВАЗИРИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК

Рашидуддини Фазлуллоҳ яке аз чеҳраҳои маъруфи илм ва сиёсати тоҷик буда, мероси зиёде аз ӯ боқӣ мондааст. Ӯ дар замони ноороми ҳуҷум ва ғоратгарии муғулҳо дар Шарқ зиста, аз тамоми илмҳои замонааш огоҳӣ дошт. Ҳамин донишу андеша буд, ки имкон дод вай ба зинаҳои баланди сиёсӣ даст ёбад. Ӯ аз корманди оддӣ ва пизишки махсуси хони муғул то ба мансаби вазирии ҳукумати Илхонон расидааст. Дар замони вазирӣ Ғозонхон бо маслиҳати ӯ садҳо биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ бунёд карда, китобҳои зиёде бо забони форсии тоҷикӣ иншо шудаанд. Рашидуддин барои таълиф ва нашри китобҳои ҳамзамононаш муосидат мекард. Хидматҳои шоёни Рашидуддин Фазлуллоҳ дар сиёсат ва фарҳанг беназир буда, осори зиёде ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки машҳуртарини онҳо китоби «Ҷомеъу-т-таворих» мебошад. Дар ин асар ӯ таърихи куҳани тоҷикон, таърихи халқҳои мусулмон, таърихи туркҳову муғулҳоро муфассал баён кардааст. Ахбори ин китоб дар ягон асари дигар мавҷуд набуда, барои омӯзиши таърихи халқҳои зиёди Осиё судманд дониста мешавад. Аз ҷумла, маълумоти Рашидуддин дар бораи таъриху фарҳанги тоҷикон хеле арзишманд буда, муҳимтарин сарчашмаи ин давра шумурда мешавад. Осори Рашидуддин Фазлуллоҳ бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудааст.

 

 

 

Исфандиёр Раҳимов – омӯзгори факултети

таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав