Ҳимояи манфиатҳои халқ дар маҳфили “Ҳомиёни ҳуқуқи инсон”

Маҳфили “Ҳомиёни ҳуқуқи инсон”-и назди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ тибқи нақша ҳар моҳ бо иштироки устодони факултет, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аъзо ва ҷалби донишҷӯён баргузор мешавад. Дар маҳфил навбатӣ мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Бахтиёр Қодиров, омӯзгорони донишҷӯёни факултет ва аъзои маҳфил иштирок доштанд.

Кори маҳфил  бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Роҳбари маҳфил, омӯзгори кафедра Эмомалӣ Набизода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи маҳфил шинос намуда. Мавсуф иброз дошт, ки як қатор созмонҳои ғайриҳукуматие ҳастанд, ки ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсонро вазифаи асосии худ медонанд. Чунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон бисёранд. Масалан. «Бюрои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқуҳои инсон ва риояи қонуният», «Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил», «Ҷавонон ва тамаддун», «Маркази таҳлилии машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон», «Маркази рушди инсон ва ҷомеа» ва ғайра. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ институтӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Сипас, аъзои маҳфил донишҷӯи соли дуюми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ Афзалшоҳ Сироҷиддинов дар мавзӯи “Механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон” маърӯза намуд. Номбурда зимни баромади хеш қайд намуд, ки “Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсонро ба миён овард. Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волояти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид”. Баъд аз шунидани маърӯза, аъзо ва устодон савол пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҳфил 20 нафар донишҷӯ аъзо буда, моҳе як маротиба баргузор мегардад. Ба он омӯзгорону донишҷӯёни ҷалб гардида, масъалаҳои мухталифи ба ҳуқуқи инсон алоқаманд мавриди омӯшишу арзёбӣ қарор мегиранд.

Озодаи Рауфӣ – магистри факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав