Вохӯрии вазири маориф ва илми кишвар бо ҳайати профессорону муҳаққиқони донишгоҳ

     Санаи 4-уми апрели соли 2020 дар толори қасри фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” дар асоси нақшаи корӣ дар заминаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва зиёиёни кишвар ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, директори маркази таълимию методии назди вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад Раҷабалӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Исозода Диловар, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо иштирок намуданд.

     Зимни баромад ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода С.Х. оид ба муҳимияти ҷамъомад суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз олимону донишмандон, зиёиён ва татбиқи дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолот вобастагии зиёд дорад. Ҳайати профессорону муҳаққиқон ва кормандони донишгоҳ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, кушиш доранд, ки дар ин самт корҳоро вусъат бахшанд.

     Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ, аз ҷумла дар  мулоқот бо зиёиён  бори дигар таъкид намуданд, ки кормандони соҳаҳои илму маорифро лозим аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама манфиатҳои милливу давлатиро ба инобат гирифта, рушди соҳаро таъмин намоянд. Вазъи имрӯзаи соҳаи маориф ва илми кишвар тақозо менамояд, ки ба таҳқиқу арзёбии масъалаҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ, техникиву табиӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ бештар таваҷҷуҳ карда шавад. Муҳаққиқону донишмандон метавонанд бо неруи зеҳнии худ дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсиргузор бошанд. Зарурати истифодаи самараноки донишҳои ҳосилшуда дар шароити муосир аҳамияти бештар касб мекунад, – гуфт дар идомаи суханронӣ ректори донишгоҳ Давлатзода С.Х.

     Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ суханронӣ намуда гуфт, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат шароити мусоиди фаъолиятро фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаҳои мазкурро лозим аст, ки бештар ба омӯзиш ва таҳқиқи афкори фалсафию иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқиву маънавӣ, истифодаи дурусти технологияи муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани тафаккури техникии аҳолӣ, муҳайё намудани шароит барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ, баланд бардоштани сифати таълим, таҷдиди стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои илмӣ дар кафедраҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳкими  ихтироъкориву навоварӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, ҳамкории олимон бо соҳибкорон, ташкили гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ-англисӣ, ба хусус равияҳои омӯзгорӣ, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, таҳқиқи мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ, ташкили экспедитсияҳои омӯзишӣ ба ин мавзеъҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ – таълифи лоиҳаҳои грантӣ, тақвияти неруи равобити хориҷӣ, ташкили пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои татбиқи онҳо дар донишгоҳ чораҳои мушаххас андешанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омода ҳаст, ки дар тамоми самтҳо ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ёрии амалии худро расонад, – зикр намуд дар идомаи суханронӣ вазири маориф ва илми кишвар, академик Имомзода М.С.

     Зимни суханронӣ раиси шаҳри Бохтар, Саломзода Сиҷоуддин низ қайд намуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илм ҷойгоҳи махсус дошта, барои рушду инкишофи он як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои зиёди давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Рушди минбаъдаи соҳа ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-таълимии устодону муҳаққиқон кишвар вобастагии зиёд дорад. Дар воқеъ имрӯз барои ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав тамоми шароити мусоиди фаъолият ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз ҳамкориҳои бисёрҷабҳа бо донишгоҳ қаноатманд буда, минбаъд низ робитаҳоро дар ин самт тақвият мебахшад, – иброз намуд раиси шаҳри Бохтар Саломзода С.

     Дар қисмати дигари ҷамъомад устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ оид ба таъсиси ихтисосҳои муҳим барои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят пешниҳодҳои судманд намуда, аз таваҷҷуҳ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

     Дар охири ҷамъомад ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, профессор Давлатзода С.Х. вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунонид, ки ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ҳамаи он масълаҳое, ки барои пешрафти самтҳои мухталифи соҳа таъсиргузор аст, сармашқи кори худ намуда, дар самти илм ва таълим ба фаъолияти хеш тақвият хоҳанд бахшид.

 

 

 

 

 

 

Шарифов Сангимурод, сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав