ПАЁМ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

Набизода ЭМОМАЛӢомӯзгори факултети сиёсат ва

идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

Яке аз омилҳои танзимоти соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ки дурнамои рушди онро муайян менамояд, пешниҳод, омӯзиш ва татбиқи бандҳои Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад. Он дар асоси низоми ҳуқуқии ҷойдоштаи кишвар дурнамои ҳар як соҳаро бо дарназардошти вазъи ҷойдошта равшан месозад. 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд намудан, ки: “Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад”. Дар Паёми мазкур дар радифи дигар масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ба соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, самтҳои стратегии мамлакат, ба сиёсати давлатии ҷавонон ва аз авҷ гирифтани хатарҳои замони муосир, ба мисли гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ ва ҷиҳати пешгирӣ аз ин амали номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, иброз доштанд, ки “Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем”.

Имрӯз беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар радифи дигар суханрониҳою паёмҳояшон боиси дастгирӣ буда, моро месазад, ки ҷиҳати амалигардонии нуқтаҳои он кушиш намуда, онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи хеш самаранок истифода намоем.  

Имрӯз, моро зарур аст, ки зери сиёсати оқилонаю босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни умумимиллиамон, яъне 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатӣ саҳмгузор бошем.