ИФРОТГАРОӢ ВА ТАҲДИДИ ОН БА ҶОМЕА

                                                  

Баҳодур Имомалиев – омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукӣ

факултети менеҷмент ва низоми гумрук

Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

                                                                                          Эмомалӣ РАҲМОН

Барои халқи тоҷик замони осоиш, давраи таҳкими сулҳу субот, ризоияту ваҳдати миллӣ, ташаккули иқтисодиёт, марҳалаи пешрафту таҳавуллоти азим дар ҳама самтҳои зиндагӣ, давраи дастовардҳои беназири сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию маънавӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик, комилан, ба сулҳу ваҳдат расид. Ин рӯйдод муваффақияту дастоварди бузурги тамоми тоҷикони олам маҳсуб меёбад. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки асосгузораш, Пешвои қарни XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, имрӯзҳо мавриди омӯзиш ва таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Ин ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург аз ин имконият ва неъмати худодод истифода бурда, худро аз вартаи ҳалокат наҷот дод.

Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Нанговар аст, ки давоми солҳои охир якчанд тан ҷавонони кишвари мо ба дасисаву андешаҳои ғаразноки ифротгароёну душманони аҳли башарият дода шуда, даст задан ба амалҳои номатлубро пеша намудаанд. Имрӯз ангуштшумор ҷавонони тоҷик аз кӯтоҳандешӣ ва нодидагирӣ аз оромӣ, амонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон Тоҷикистон бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯён, ки бо номи Ислом иснод овардаанд, фирефта гардида, дар бенизомии мамлакатҳои беруна даст доранд. Вале ин танҳо фикри хоми онҳост, ки аз тарафи хоҷагони бурунмарзӣ амалӣ мегардонанд. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш чунин иброз доштанд: “Махсусан, бо сабаби беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд”.

Яке аз масъалаҳои мубрами дигаре, ки имрӯз ҷовонон бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ин тақлиди онҳо ба бегонапарастӣ ва ба тан кардани либосҳои ғайримиллӣ мебошад, ки сари ин масъала роҳбари давлатамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ, ба муносибати Рӯзи модар, 6-уми марти соли 2015 чунин иброз намуда буданд: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд».

Имрӯзҳо дар фазои сулҳу субот ва оромии кишвар,  дастгириҳои давлату ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, соҳаи варзиш ва сайёҳӣ рӯз ба рӯз афзуда, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо барои таъмини ҷавонон ба ҷойҳои кори доимӣ муҳайё карда шуда истодааст. Барои ба таҳсил фарогирии ҷавонон Квотаҳо ва урсияҳои Президентӣ, барои ҳавасмандгардонии хонандагон идрорпулиҳои Президентӣ, барои донишҷӯёни хориҷи кишвар идрорпулии «Дурахшандагон», барои олимони ҷавон, «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» дар соҳаи илм ва техника, барои дастгирии ятимону камбизоатон ва маъюбон тамоми шароити зарурӣ дар рӯзгор ва таҳсил ва барои ҳунармандон, соҳибкасбон, донандаи ҳамагуна илмҳое, ки ба манфиати ҷомеа мебошад, тамоми имкониятҳо муҳайё карда  шудааст.

Мо ҷавонон, агар як андешаи пурмуҳтаво намоем, имрӯзҳо ҳақиқати ислом ва озодии онро дар Тоҷикистон мебинем. Дар фазои сулҳу дӯстӣ ва озодонаи он кору зиндагӣ карда, ҳавои накҳатбори онро нафас мегирем, аз кӯҳҳову мавзеъҳои дилфиребаш дидан карда, рӯҳу илҳоми тоза мегирем ва аз чашмаҳои поку босафояш об менӯшем. Мутаасифона баъзе ҷавонони гумроҳро чӣ шудааст, ки аз ин неъматҳои бебаҳои атокардаи Худованд дар Ватани азизамон – Тоҷикистон бенасиб гардидаву дар итоати хоҷагони бурунмарзӣ ва бо коргардонҳои пасипардагӣ фаъолият доранд? Бо ин қадар хиёнат, ҳанӯз ҳам Ватан муқаддас аст, набояд фаромӯш сохт, ки он яктост.

Он ҷавононе, ки шомил ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ ё фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои хоҷагони хориҷиашон мегарданд, аз назари банда иллаташон дар якчанд ҷиҳат дида мешавад, ки дар поён ишора менамоем: Номукамал будани дониши динию дунявӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва таваҷҷуҳи ками падару модар нисбат ба фарзандон аз ҷумлаи онҳост.

Давлат ва ҳукумати  кишвар  ҷиҳати  беҳдошти  сатҳи зиндагии мардум ва дар ин росто баланд гардониданӣ сатҳи маърифатнокии  ҷомеа, бахусус  дониши ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида  истодааст. Зеро  ин   талаби  давру  замон  буда,  воқеан  ҳам  имрӯз  ҷомеаи  демократӣ  ва  ҳуқуқбунёди  мо  эҳтиёҷ  ба  насли  мусаллаҳ   бо  тамоми  донишҳои  муосир,  алалхусус,  маърифати  баланди  ҳуқққӣ дорад,  ки   поягузори  эҳсоси  волои  ватандорист. Мутаассифона  бо  вуҷуди  ҳамаи  ин  фароҳамсозиҳои  шароит  ҳанӯз  нафароне ба монанди ин гуна ҷавонони беандеша, ватандорони беватан, дур  аз  фарҳангӣ  баланди  ватандорӣ  ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд ва барои  амалӣ  сохтан мақсадҳои  нопоку  ғаразноки  худ    тамоми  роҳу  воситаҳоро  истифода  менамоянд.

Дар  даврони солҳои соҳибистиқлолии кишвар миллати тоҷик аз  имтиҳони  сахти  таърихӣ  гузашта, давлати  абарқудрат  сохт, соҳибҳукумат гашт, фарзандони   баору  номусу  ҷонфидо  тарбия  кард. Кормандони  мақомоте, ки  ҳуқуқи  ҳамватанони  хеш,  марзу  буми  хешро  ҳимоя  мекунанд,    фарзандони  содиқи  ҳамин  миллат,  ҳамин  халқ,  ҳамин  ватананд.

Аз ин ҳама дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ мо – ҷавонон, ки ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи падарону бузургон мебошем, бояд шукргузор бошем, имрӯзи худро самаранок истифода намоем, ба оянда аз имрӯз ба некӣ бингарем.

Мо, ҷавонони зодаю тарбиятёфтаи даврони истиқлолият имрӯз ҳамаи он амалҳои номатлубу иғвоангезро, ки аз ҷониби кадом шахсе набошад, амалӣ мегардад, маҳкум менамоем. Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва кишварамонро ободу зебо гардонида, иқтисодиёти ҷумҳуриро баланд бардорем. Суханони сарвари давлатамонро, ки дар яке аз баромадҳояш таъкид намуда буд: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем” шиори ҳамешагии худ қарор бидиҳем.

Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ ва истиқлолият вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад, хуб дар хотир дошта бошем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.