Маърифати шаҳрвандӣ ва тарбияи шаҳрвандӣ дар шароити мусоир

Маърифати шаҳрвандӣ ин системаи тарбия ва таълими шаҳрвандӣ аст, ки бунёди шароити ташаккули мавқеи ахлоқии шаҳрвандӣ, салоҳиятнокии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани таҷрибаи муфиди фаъолияти шаҳрвандиро дар радифи таҳсилоти бефосила пешниҳод менамояд. Ин маҷмӯи ягона ба ҳисоб меравад, ки меҳвари онро таълим ва тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, ки тариқи ташкил намудани фанҳои таълимӣ ва инчунин бунёди тарзи тафаккури озоди хонандагон, ташаккули салоҳиятнокии иҷтимоӣ ва коммуникативии бо воситаи фанҳои таълимӣ амалӣ мегардад. Дар шароити имрӯза, маърифати шаҳрвандӣ дар зинаи аввал, яъне дар давраи ташаккулёбӣ қарор дорад. Дар ин давра мазмуну мундариҷаи маърифати шаҳрвандӣ коркард гардида, инкишофи оғози демократӣ дар ҳаёти муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Тарбия намудани шаҳрванд, узви ҷомеаи демократӣ, танҳо дар муассисаи таълимии демократӣ имконпазир аст, бинобар ин, яке аз қадамҳои аввалиндараҷаи ташкили фазои мусоиди таълимӣ бояд ташаккули тарзи демократии ҳаёт дар мактаб, коллеҷ ё донишгоҳ бошад. Дарсҳои шаҳрвандшиносӣ ё омӯзиши ҷомеа наметавонанд ба таври мустақил шаҳрвандро ташаккул диҳанд, агар дар муассисаи таълимӣ муносибатҳои демократӣ ҷой надошта бошанд. Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки маърифати шаҳрвандӣ як навъ лоиҳаи иҷтимоӣ барои тамоми муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад.

Тартиби демократӣ ҳамчун тарҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ бо фаъолияти мухталиф шароите ба ҳисоб мераванд, ки ташаккули салоҳиятнокии шаҳрвандӣ, аз худ намудани таҷрибаи рафтори демократӣ аз тарафи хонандагон ва омӯзорон, таҷрибаи мавқеи фаъоли шаҳрвандиро таъмин менамоянд.

Лекин, қайд намудан зарур аст, ки омӯзиши асосҳои демократия вазифаи содда нест. Барои рушди демократия зарур аст, ки ҷавонон қабул намудани қарорҳои бошууронаро дар интихобот омӯзанд, муҳимияти тартиботи ҳуқуқиро фаҳманд ва арҷгузорӣ намоянд, дар якҷоягӣ барои беҳбудии ҷомеа фаъолият намоянд, таҳаммулпазириро нисбати мухолифини худ нишон диҳанд, иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ гарданд. Аз ин хотир, барои аз худ намудани донишҳо ва маҳорат, инчунин муайян намудани мавқеъ, ки аз шаҳрвандони фаъоли ҷомеаи демократӣ талаб карда мешавад, барномаҳои ҳаматарафаи омӯзиш ва тарбия зарур мебошанд.

Самаранокии барномаҳои таълимии асосҳои демократӣ дар принсипҳои муайяни фалсафӣ ва методӣ асос меёбад. Дар ҷанбаи фалсафӣ, пеш аз ҳама, дар тамоми барномаҳо арзиш ва шаъну шарафи асосии одамон эътироф карда мешавад. Аз ин рӯ, онҳо дар муассисаи таълимӣ вазъияти демократиро талаб менамоянд, ки дар сатҳи камтарини имкониятҳо ва мувофиқи сатҳи рушди хонандагон амалҳо ва масъулияти мустақилро муқаррар намоянд. Вазъияти авторитарӣ дар муассисаи таълимӣ ба тайёр намудани шаҳрвандони ҷомеаи демократӣ мусоидат карда наметавонад. Баръакс, чунин вазъият дар раванди таҳкими демократия монеа эҷод намуда, фарҳанги сиёсии мавҷударо устувор менамояд. Ҳамин тариқ, қайд намудан зарур аст, ки муассисаи таълимӣ заминаи асосии тайёр намудани шаҳрвандони ояндаи ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад.

Як қатор муҳаққиқон тарбияи шӯравиро мавриди танқид қарор дода, қайд намудаанд, ки дар он асосан сатҳи дуюми омӯзиш мавриди истифода қарор дода мешуд. Чунин тарзи омӯзиш, бештар ба режимҳои авторитарӣ ва тоталитарӣ хос мебошанд. Бо чунин омӯзиш ва тарбия, инсон наметавонад, ки мавқеи худро дар давлати демократӣ касб намояд. Қайд намудан зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимии кишварҳои мутараққии демократӣ ба хонандагон на технология, балки методология омӯзонида мешавад. Онҳо бояд, услуби муайяни тафаккурро нисбат ба ҷаҳон аз худ намоянд, ки онро метавон имконияти истифодаи қобилияти худ дар муҳити воқеӣ, ошкор намудани воситаҳои тасдиқ ва амалӣ намудани фардияти худ номид.

Қайд намудан зарур аст, ки дар тарбияи шаҳрвандӣ барои муайян намудани имконияти тамоми фанҳо дар раванди расидан ба ҳадафҳои маърифати шаҳрвандӣ, муаллифони консепсияи маърифати шаҳрвандӣ мавзӯҳои шаҳрвандиву ҳуқуқи ва таърихро афзалиятнок дониста, омӯзиши дақиқи мӯҳтавои ин илмҳоро таъкид мекунанд.

Мувофиқи идеяҳои маърифати шаҳрвандӣ ин муаллифон тавсия медиҳанд, ки дар омӯзиши таърих ба давраҳои асосии инкишофи ҷомеа, сабаб ва натиҷаи ҳодисаҳои таърихӣ, арзишҳо ва таҷрибаи наслҳои гузашта, шахсони машҳури таърихӣ, ғояҳо, эътиқод, таҳлили системаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҷанбаҳои таърихии проблемаи ҳуқуқи инсон, системаҳои интихоботӣ, давлатдорӣ, қобилияти таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ диққат дода шавад. Зарур аст, ки нақш ва муҳимияти донишҳо, малакаву маҳорати иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҳаёти инсон дарк карда шавад. Қайд намудан зарур аст, ки омӯзиши таърих дар тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, тарбияи башардӯстӣ, тарбияи сулҳдӯстӣ мусоидат менамояд.

Дар раванди омӯзиши ҷомеашиносӣ ғояҳои асосии маърифати шаҳрвандӣ бояд таҷассум карда шаванд: ҷомеа ҳамчун система, фаъолияти иҷтимоӣ ва рафтори инсон, воситаҳои ҳамкории одамон дар ҷомеа, салоҳиятҳои асосии иҷтимоии шахсият дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва ғайра. Албатта, ин мавзӯҳо дар тарбия намудани шаҳрванд мусоидат менамоянд. Ҳамин тариқ, дар назарияи маърифати шаҳрвандӣ кӯшиш карда шудааст, ки дар амалӣ намудани идеяи маърифати шаҳрвандӣ ва коркарди минбаъдаи назариявии дурнамои он, ба масъалаи тарбияи шаҳрвандӣ диққати махсус равона карда шавад.

Тарбияи шаҳрвандӣ ин тарбияи шахсият ҳамчун шаҳрванди давлати демократии ҳуқуқӣ аст. Тарбияи шаҳрвандӣ шахсиятро ба системаи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд ворид намуда, таҷрибаи фаъолиятро баҳри хайрияи давлат ва ҷомеа, омодагии иҷро намудани қарзи шаҳрвандиро ташаккул медиҳад. Тарбияи шаҳрвандӣ бо ташаккули масъулияти маънавӣ ва ахлоқӣ барои муҳити атроф мувофиқ аст. Тарбияи шаҳрвандӣ ба танзими системаи муносибати субъектҳои ҳуқуқ дар шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ равона карда шудааст.

Дар ҷаҳони муосир нисбат ба тарбияи шаҳрвандӣ муносибатҳои мухталиф ҷой дорад. Дар Амрико кӯшиш менамоянд, ки ба ташаккули масъулияти инсон нисбат ба ҷомеаи демократӣ диққат диҳанд. Дар кишварҳои Аврупо бошад, кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқи инсонро омӯзанд ва аз онҳо васеъ истифода намоянд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар асоси муносибатҳои мухталиф коркарди таълимоти маърифати шаҳрвандӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки нигоҳ доштани давлату ҷомеа, таъмин намудани рушду инкишофи он вазифаи доимии маърифат ва тарбия ба ҳисоб меравад.

Тарбияи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама бояд ба талаботҳои шаҳрванд равона карда мешавад. Дар шароити имрӯза тарбияи шаҳрвандӣ ба ташаккули идеалҳои шаҳрвандият, тарбияи салоҳиятнокии шаҳрвандӣ равона карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақсад ва вазифаҳои тарбияи шаҳрвандӣ ба тариқи дақиқ ва саҳеҳ ошкор карда шудаанд, лекин як қатор муҳаққиқон қайд менамоянд, ки дар самти истифодаи амалии он як қатор мушкилиҳо пайдо мешаванд.

Аз нуқтаи назари И. Синелников, вақте сухан оид ба муайян намудани тарбияи шаҳрвандӣ меравад, одатан бо ду мавқеи бо ҳам мухолиф рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Тарбияи шаҳрвандӣ ба мухолифат ва мушкилиҳо нигоҳ накарда, хонандагонро ба ҳаёт ворид менамояд, ё ин ки шаҳрвандонро мувофиқи талабот ва дархости режими мавҷуда омода менамояд.

Дар аксарияти ҳолатҳо кӯшиш карда мешавад, ки ин ду мавқеъ муттаҳид карда шаванд. Дар байни мавзӯҳои асосӣ, ки дар доираи шаҳрвандшиносӣ омӯхта мешаванд, метавон донишҳои ахлоқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳуқуқиро ҷудо намуд. Қайд намудан зарур аст, ки мувофиқи синнусоли хонандагон ба таври доимӣ салоҳияти онҳо низ васеъ карда мешавад. Илова бар ин, дар тарбияи шаҳрвандӣ ҷанбаи психологӣ муҳим ҳисобида мешавад, ки дар ташаккули шахсият нақши муҳим дорад.

Дар раванди тарбияи шаҳрвандӣ ба таври ҳатмӣ бояд чунин шаклҳои фаъолият, ба монанди суҳбатҳо, баҳсу мунозираҳо, соатҳои кураторӣ, рақобатҳои ҳарбӣ, викторинаҳо, экскурсияҳо гузаронида шаванд. Метавон роҳҳои мухталифи амалӣ намудани тарбияи шаҳрвандиро ҷудо намуд:

– тарбияи ҳавасмадкунии шаҳрвандон гардидан;

– иттилоотдиҳӣ оид ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ ки ба нақша гирифта шудаанд ё аллакай амалӣ карда шудаанд;

– ташкил намудани ташриф ба осорхонаҳо;

– нигоҳ доштан ва рушди анъанаҳои таърихӣ ва касбии ватандӯстӣ;

– гузаронидани конференсияҳо, маҷлисҳо оид ба ҳалли масъалаҳои тарбиявӣ;

– иштирок дар чорабиниҳо ва барномаҳои сиёсати давлатии ҷавонон.

Ҳамин тариқ, метавон қайд намуд, ки тарбияи шаҳрвандӣ ин захираи муҳими инкишофи қудрати ахлоқӣ ва маънавии ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз рушди бомуваффақи он ояндаи кишвар ва миллат вобаста аст.

Ҳамин тариқ, қайд намудан зарур аст, ки тарбияи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва марказии педагогика ба ҳисоб меравад. Маҳз аз ҳамин хотир дар педагогика ва дар амалияи таълиму тарбия диққати махсус равона карда мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳаққиқон ва педагогҳои машҳур оид ба тарбияи шаҳрвандӣ ва унсурҳои асосии он андешаҳои худро иброз намуда, муҳимияти як қатор унсурҳои тарбияро нисбат ба дигар унсурҳои тарбияро таъкид намудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити имрӯза ба инобат гирифтани унсурҳои асосии тарбия дар раванди таълиму тарбия самаранокии ин равандро таъмин менамояд.

Қайд намудан зарур аст, ки Муҳаммад Ғазолӣ, Унсурмаолии Кайковус, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, К.Д. Ушинский, В.А. Сухомлинский нисбат ба унсурҳои муҳими тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ақидаҳои ҷолиби диққатро пешниҳод намудаанд.

Муҳҳаққиқи тоҷик Т. Зиёзода таъкид менамояд, ки дар давраи шӯравӣ ҷузъҳои таркибии тарбияи шаҳрвандии хонандагон, ки ба тарбияи коммунистӣ равона гардида буд, аз даҳ унсур иборат буд: тарбияи ғоявӣ, тарбияи маънавӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи интернатсионалӣ, тарбияи ватанпарварӣ, тарбияи атеистӣ, тарбияи эстетикӣ, тарбияи меҳнатӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ. Дар солҳои 80-уми асри гузашта ба ин таркибот, тарбияи экологӣ низ ворид карда шуд. 

Дар Тоҷикистон, пас аз ба даст овардани истиқлолият мафҳуми «шаҳрванд» мавриди истифода қарор дода шуд, унсурҳои тарбия низ тағйир ёфтанд. Як қатор унсурҳои тарбия хориҷ карда шуда, унсурҳои нав, ки ба давлати демократӣ мувофиқ аст, ворид карда шуданд. Муҳаққиқони тоҷик М. Лутфуллоев ва Т.Н. Зиёзода таркиботи тарбияи шаҳрвандиро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода, миқдори унсурҳои онро ба ҳаждаҳ расониданд: тарбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи маънавӣ ва маърифат, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи башардӯстӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарбияи сулҳдӯстӣ, тарбияи меҳнат ва интихоби касб, тарбияи экологӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи иқтисодӣ, тарбияи мавқеи шахсӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ, тарбияи тоқатпазирӣ ва тарбияи масъулиятшиносӣ.

Дар шароити Тоҷикистон Консепсияи миллии тарбияи  шаҳрвандӣ қабул карда шудааст, ки дар он аз ҷумла қайд карда шудааст, ки тамоми шаҳрвандон метавонанд, ки фарзандонро дар рӯҳияи анъана ва арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Мувофиқи ин консепсия тарбияи шаҳрвандӣ аз унсурҳои зерин, ба монанди тарбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва хусусиятҳои миллӣ иборат аст.

Тарбияи ғоявӣ ба ташаккули андешаҳои миллӣ равона гардида, яке аз категорияҳои ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии тарбияи ғоявӣ ҳимояи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бунёд ва таҳкими ҷомеаи демократӣ, эҳёи хусусиятҳои миллӣ, ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил додани Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тарбияи миллӣ ба ташаккули тафаккури миллӣ равона карда шуда, ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ва воқеияти имрӯзаи миллат, эҳё намудани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, инкишофи забон, илм ва фарҳанги миллиро фарогир аст.

Ҳамин тариқ, қайд намудан зарур аст, ки тарбияи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва марказии педагогика ба ҳисоб меравад. Маҳз аз ҳамин хотир дар педагогика ва дар амалияи таълиму тарбия диққати махсус равона карда мешавад.

 

Рӯйхати адабиёт

  1. Алексашина И.Ю. Учитель и новые ориентиры образования. СПб., 1997. – 153с.
  2. Атахонов, Т., Лутфуллоев М., Шарифов Ф. Очеркҳои афкори педагогӣ / Т. Атахонов и др. – Душанбе 2005;
  3. Барномаи маърифати шаҳрвандӣ барои таълимгоҳҳои миёнаи касбии педагогӣю. –Душанбе: Ирфон, 2009
  4. Гражданское образование: содержание и активные методы обучения. Межрегиональная ассоциация «За гражданское образование». 1998.– М.:
  5. Зиёзода Т., Лутфуллоев М. Маърифати шањрвандї. –Душанбе, 2009.
  6. Зиёев Т.Н., Ҷумъаев Б.Н. Асосҳои илмии тарбияи шаҳрвандии хонандагон дар таълими таърихи кишвар. – Душанбе: Паёми ошно, 2004.
  7. Консепсияи маърифати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе, 2008.
  8. Лутфуллоев М. Оғози тарбия.  Душанбе, 2002. 189 с.
  9. Муносибати босалоҳият ба таълим (дастури методӣ) Мураттибон: Ғ. Бобизода., Д. Имомназаров., Ш. Исрофилниё., А. Байзоев. – Душанбе, Ирфон, – 73 с.
  10. О развитии гражданского образования в России // Преподавание истории и обществознания в школе. 2003. № 8. -С. 23.
  11. Педагогический словарь / Под ред. В. И. Загвязинского, А. Ф. Закировой. – М.: Академия, 2008. –
  12. Шарифзода, Ф. Интеграция науки и образования в зеркале новых исследований / Ф. Шарифзода // Вестник Академии образования Таджикистана. – – №1 (15). – С. 42-56.

 

 

Лолахонов Саид омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав