Беҳтар  гардидани фаъолияти шуъбаи фосилавӣ (ғоибона)-и ДДБ

ба номи Носири Хусрав

 

Дар шуъбаи фосилавӣ (ғоибона) 12 факултет амал менамояд, ки дар онҳо директори марказ дотсент Табарӣ Саидмурод Кабут 13 мушовир-эдвайзер, 1 танзимгар ва 1 сармушовир-эдвайзери маркази таҳсилоти фосилавӣ (факултети иқтисодӣ Мирзозода Меҳриддин, факултети менеҷмент ва низоми гумрук Холов Тоҷиддин, факултети математика ва информатика Гулов Самандар ва Раҳимов Муҳаммаднабӣ, факултетҳои  техникӣ ва технологӣ, физика Холов Дустмурод,  факултети филология Муродов Алишер, факултети забонҳои хориҷӣ Розиқов Баҳром, факултети забон ва адабиёти рус Бобокалонов Ҷурабек, факултети таърих ва ҳуқуқ Баҳодуров Беҳруз, факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Разоқов Ҷовидон, факултети химия ва биология Назаров Тоҳир, факултети педагогика ва варзиш Худойназаров Шералӣ, Гулов Қурбон ва танзимгар Гулов Маҳмаднаим, сармушовир Ибодов Мурод), котибаи шуъба Раҳимова Насиба кору фаъолият менамоянд.

Дар 12 факултет аз рӯи 30 ихтисос аз курси як то курси шаш ба таҳсил фаро гирифта шуда, курсҳои 4 – 6 таҳсили кредитӣ, курсҳои 1-3 аз соли таҳсили 2017-2018 ба тариқи фосилавӣ (5728 нафар донишҷӯ) таҳсил мекунанд. Миқдори умумии донишҷӯён 9442 нафар буда, аз он ҷумла 4512 нафар духтар ва 4930 нафар писар мебошад. Аз ин теъдоди донишҷӯён 3825 нафар буҷавӣ (аз он ҷумла 37 нафар квота) ва 5617 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Чуноне ки аз миқдори умумии донишҷӯёни шуъбаи ғоибона бармеояд, беш аз 5617 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил  менамоянд.

Дар шуъбаи ғоибонаи 12 факултет 255 гурӯҳи академӣ мавҷуд буда, аз онҳо 109 гурӯҳи низоми таҳсилаш кредитӣ, 146 гурӯҳ таҳсили фосилавӣ мебошад.

 

Т/р Номи факултетҳо Гурӯҳҳои академӣ Гурӯҳҳои анъанавӣ Гурӯҳҳои кредитӣ Гурӯҳҳои фосилавӣ Эзоҳ
1 Иқтисодӣ 20 8 12
2 Менеҷмент ва низоми гумрук 11 2 9
3 Математика ва информатика 38 17 21
4 Педагогика ва варзиш 51 23 28
5 Техникӣ ва технологӣ 14 6 8
6 Физика 2 2
7 Забони хориҷӣ 7 7
8 Филология 23 12 11
9 Забон ва адабиёти рус 18 8 10
10 Таърих ва ҳуқуқ 24 12 12
11 Химия ва биология 38 18 20
12 Сиёсат ва идораи давлатӣ 9 3 6
Ҳамагӣ 255 109 146

 

Тавре дар боло қайд намудем, соли сеюм аст, ки дар ДДБ ба номи Носири Хусрав таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад ва аллакай ин низом дар донишгоҳ аз тарафи ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён хуб пазируфта шудааст. Фаъолияти ин низом дар асоси низомномаи таҳиянамудаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 мавриди истифода қарор дорад. Зеро ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ба истифодаи усулҳои муосири тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо бояд мусоидат кунад. Айни замон дар донишгоҳ донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюм дар асоси низоми фосилавӣ таҳсил намуда истодаанд. Ҳоло дар курси якум аз рӯи 29 ихтисос 967 нафар, дар курси дуюм аз рӯи 21 ихтисос 2570 нафар донишҷӯён ва дар курси сеюм аз рӯи 21 ихтисос 2191 нафар донишҷӯён  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 

Миқдори донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюми маркази таҳсилоти фосилавӣ

Номи ихтисос Шумора Миқдори умумӣ
Курси 1 Курси 2 Курси 3
1 Системаҳои автоматикунонидашуда 29 68 60 157
2 Информатика 33 33
3 Математика 70 303 289 662
4 Менеҷмент дар соҳаи иҷтимоӣ 9 126 123 258
5 Менеҷменти молиявӣ 7 7
6 Андоз ва андозбандӣ 27 27
7 Технология 27 83 87 197
8 ТҲН 19 61 54 134
9 Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ 18 18
10 Физика-математика 40 40
11 Таълими касби энергетика 24 24
12 МТИ 108 460 188 756
13 ТТПП 57 90 52 199
14 Тарбияи ҷисмонӣ 46 83 79 208
15 Кори бонкӣ 22 62 59 143
16 Молия ва қарз 13 68 65 146
17 Баҳисобгирии бухгалтерӣ 16 77 83 176
18 Таърих ва ҳуқуқ 11 102 111 224
19 Таъриху фарҳангшиносӣ 19 132 66 217
20 Таъриху бойгоншиносӣ
21 Таърихи ватанӣ ва умумӣ 19 19
22 Психологияи ҳуқуқшиносӣ 21 58 59 138
23 Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ 19 39 38 96
24 Забон ва адабиёти тоҷик 51 217 160 428
25 Забон ва адабиёти рус 61 129 126 316
26 Забони хориҷӣ (англисӣ) 34 90 149 273
27 Химия-биология 58 194 212 464
28 Биология-экология 53 76 81 210
29 География-демография 31 52 50 133
30 Географияи ҳифзи табиат 25 25
Ҳамагӣ: 967 2570 2191 5728

  

  1. Дар факултети менеҷмент аз рӯйи 3 ихтисос (менеҷмент дар соҳаи иҷтимоӣ, менеҷменти молиявӣ, андоз ва андозбандӣ 11-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 2-тои он ба тариқи таҳсили кредитӣ ва 9-то гурӯҳи дигар ба тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд).
  2. Дар факултети математика ва информатика аз руйи 3 ихтисос (СА, информатика ва математика-информатика) 38-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 17-то гурӯҳи он ба тариқи таҳсили кредитӣ ва 21-то гурӯҳ ба тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд.
  3. Дар факултети физика аз рӯйи 2 ихтисос (физика-математика, таълими касбӣ – энергетика) ҳамагӣ 2-то гурӯҳи академӣ ба тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд.
  4. Дар факултети техникӣ ва технологӣ аз рӯйи 3 ихтисос (технология, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ) ҳамагӣ 14-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 6-то гурӯҳи он ба тариқи низоми таҳсили кредитӣ ва 8-то гурӯҳ ба тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд.
  5. Дар факултети иқтисодӣ аз рӯйи 3 ихтисос (кори бонкӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит) ҳамагӣ 20 гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 8 гурӯҳи кредитӣ ва 12 гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
  6. Дар факултети таърих ва ҳуқуқ аз рӯйи 4 ихтисос (таъриху фарҳангшиносӣ, таъриху бойгоншиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърихи ватанӣ ва умумӣ) ҳамагӣ 24-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, аз онҳо 12 гурӯҳи кредитӣ ва 12-то гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
  7. Дар факултети педагогика ва варзиш аз рӯйи 3 ихтисос (педагогика ва МТИ, педагогика ва психологияи томактабӣ, тарбияи ҷисмонӣ) ҳамагӣ 51-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 23-то гурӯҳи кредитӣ ва 28-то гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
  8. Дар факултети химия ва биология аз рӯйи 4 ихтисос (химия-биология, биология-экология, география-демография, географияи ҳифзи табиат) ҳамагӣ 38-то гурӯҳи академикӣ таҳсил карда 18-то гурӯҳи кредитӣ ва 20-то гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
  9. Дар факултети филология аз рӯйи 1 ихтисос (забон ва адабиёти тоҷик) ҳамагӣ 23-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 12- гурӯҳи кредитӣ ва 11-то гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
  10. Дар факултети забонҳои хориҷӣ аз рӯйи 1 ихтисос (забони англисӣ) ҳамагӣ 7-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 7-то гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
  11. Дар факултети забон ва адабиёти рус аз рӯйи 1 ихтисос (забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ) ҳамагӣ 18-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, 8-то гурӯҳи кредитӣ ва 10-то гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
  12. Дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ аз рӯйи 2 ихтисос (психологияи ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ) ҳамагӣ 11-то гурӯҳи академӣ таҳсил карда, аз онҳо 3-то гурӯҳи кредитӣ, 6-то гурӯҳи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

 

      Номи факултетҳо Миқдори умумии донишҷӯён
1 Иқтисодӣ 660
2 Менеҷмент ва низоми гумрук 384
3 Информатика 296
4 Педагогика ва варзиш 1944
5 Метематика 1202
6 Техникӣ ва технологӣ 506
7 Забонҳои хориҷӣ 274
8 Филология 782
9 Таърих ва ҳуқуқ 863
10 Химия ва биология 1545
11 Сиёсат ва идораи давлатӣ 321
12 Физика 65
13 Забон ва адабиёти рус 600
Ҳамагӣ 9442