Нигоҳе ба таърихи таъсис ва фаъолияти имрӯзаи нашрияи донишгоҳии «Фурӯғ»

 

Воқеан, таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд дар ҳалли бисёр мушкилоти мавҷудаи ҷомеа фаъолона мусоидат намоянд.

Дар шароити кунунӣ рӯзномаҳо ҳамчун василаи интиқоли арзишҳои муайян дар шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, рушди тафаккури аъзои ҷомеа ва махсусан ҷавонон нақши муҳим доранд. Дилхоҳ иттилооти тавассути рӯзномаҳо дар ҷомеа паҳншаванда  манфиатҳои муайянро  ифода намуда, тавассути  аудиторияи худ муҳити муайянро фаро мегирад ва таъсир мегузорад. Вазъи баамаломадаи ҷаҳони муосир дар назди  ҳар соҳибватан  ва низомҳои сиёсии кишвар  масъалаи ҷиддии таъмини амният, ягонагӣ ва ҳалли масоили барномавии нашрияҳоро пеш мегузорад.

Рӯзномаи «Фурӯғ»-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” рӯзномаи соҳавӣ буда, дар заминаи Оиннома ва санаду қонунгузориҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» фаъолияти хешро ба роҳ мондааст.

Ин рӯзнома аз моҳи сентябри соли 2000 ба фаъолият шуруъ намуда, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 583 ба қайд гирифта шудааст ва то имрӯз мунтазам фаъолият менамояд.

Муҳарририи аввалини рӯзномаи «Фурӯғ»-ро омӯзгори донишгоҳ Абубакр Чориев ба уҳда дошт. А.Чориев ва ҳайати эҷодии рӯзнома дар пурмазмуну шавқовар баромадани ҳар шумораи он кӯшиши зиёд менамуданд. Дар ин  ҳайат номзади илми филологӣ, шоир  Рустам Тағоймуродов, саромӯзгори кафедраи журналистикаи факултети филологияи тоҷик Қудратулло Наимов, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик Саодат Назарова, журналист Ҷамоллидини Сайфиддин, Қурбон Гулов, муҳосибон Шаҳриёр Мусаввиров, Раъно Ҳайитова кору фаъолият менамуданд. Баъдтар ба идораи рӯзнома Муҳаббат Маҳмадалиева ба кор даъват шуд. Дар рӯзнома рубрикаҳои «Як даста гули димоғпарвар»,  «Ватанам ифтихори ман аст» ва дигарҳо амал мекарданд, ки  аз эҷоди навқаламон силсилаи хабару мақолаҳои устодону донишҷӯёнро нашр менамуд.

Муассиси рӯзномаи «Фурӯғ» Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” мебошад. Сармуҳаррири феълии рӯзномаро аз моҳи сентябри соли 2003 то имрӯз  Наимзода Қудратулло  Қаҳҳор ба зимма дорад. Ҳайати кормандони рӯзнома аз 9 нафар иборатанд. Айни ҳол дар рӯзнома Озодаи Рауф, Шаҳноза Асоева ба сифати хабарнигор ва корманди эҷодӣ фаъолият доранд. Дар рӯзнома Ориф Ёдгоров ба сифати тарроҳ – дизайнер, Собир Маҳмадёров ба сифати қосид – курер ва Раъно Ҳайитова ба сифати муҳосиб фаъолият мекунанд. Суратгири рӯзнома Эшон Урозов мебошад.

  

Наимзода Қудратулло Қаҳҳор – сармуҳаррири рӯзномаи донишгоҳии “Фурӯғ”     

    

Рӯзнома то соли 2008 аз 4 саҳифа иборат буда, дар ҳаҷми А3 дар 2 ҳафта як бор нашр мешуд. Аз  моҳи сентябри соли 2009 бошад дар ҳаҷми 8 саҳифа интишор мешавад.

Рӯзнома аз моҳи январи соли 2015 ҳар ҳафта ба теъдоди 6500 нусха ва аз моҳи январи соли 2017  ба теъдоди 7200 нусха, аз моҳи январи соли 2018 ба теъдоди 8042 нусха руйи нашр меояд. Ҳоло рӯзномаи «Фурӯғ» дар матбааи ҶДММ « Аниса-95»  бо теъдоди 10 000 нусха чоп мегардад.

Имрӯз доираи мутолиакунандагони рӯзномаи «Фурӯғ» хеле зиёд аст. Инъикоси ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии донишгоҳ, ба табъ расонидани беҳтарин мақолаҳои илмӣ, публитсистӣ ва таърихии устодону донишҷӯён, муаллифони ватаниву хориҷӣ ва мушкилоти имрӯзаи ҳаёти донишгоҳ, ки ба манфиати омӯзгорону толибилмон нигаронида шудаанд ҳадаф ва  вазифаҳои  барномавии рӯзнома ба ҳисоб меравад.

         Рӯзномаи «Фурӯғ» қарору фармоиши раёсати донишгоҳ ва фаъолияти онҳоро  инъикос  намуда,  перомуни  масоили  рӯзмарра баҳсу андешаҳои  олимон, устодони варзида, ҷавонон, донишҷӯёни донишгоҳро  интишор менамояд. Ҳамзамон рӯзнома дар пешрафту  баландшавии донишҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, худшиносию  ҷаҳонбинии хонандагони хеш саҳмгир аст ва принсипи гуногунандеширо риоя  менамояд.

Тарғиби мавзӯи ватану ватандорӣ, Истиқлолияту худшиносӣ  дар саҳифаҳои рӯзнома мавқеи асосиро ишғол мекунад.

Шаҳноза Асоева – корманди эҷодии рӯзномаи «Фурӯғ»

Рӯзномаи донишгоҳии «Фурӯғ» инъикосгари мавзӯъҳои мубрами рӯз буда, аз ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодии донишгоҳ маводҳои устодону донишҷӯёнро дар саҳифаҳои худ ба чоп мерасонад. Он ҳама рӯйдодҳое, ки дар донишгоҳ пайваста ба вуқӯъ меоянд, дар саҳифаҳои рӯзнома таҷассум ёфта, пешкаши хонандагон гардонида мешавад, ки дар болоравии тафаккури мутолиакунандагони рӯзнома нақш мебандад. Ҳайати эҷодии рӯзнома кӯшиш мекунанд, ки бештар мушкилоти мавҷудбудаи донишҷӯён ва устодонро баррасӣ намоянд. Хонандаи рӯзнома низ саъй мекунад, то тавассути рӯзнома дар бораи рӯйдодҳои рӯзмарраи ҳаёти донишгоҳ иттиллоъ дошта бошанд. Ба ин хотир, онҳо пайваста маводҳои хешро пешниҳоди идораи рӯзнома мегардонанд, то андаке саҳми худро дар фазои иттиллоотии рӯзномаи донишгоҳӣ гузоранд. Дар ин самт донишҷӯёни факултетҳои филология, таърих ва ҳуқуқ, иқтисодӣ, менеҷмент бештар  фаъоланд.  

Ҳайати эҷодӣ талош меварзанд, ки маводҳои рӯзномаро дар доираи талаботи жанрҳои публитсистӣ  омода ва нашр намоянд.

Озодаи Рауф – корманди эҷодии рӯзномаи «Фурӯғ»

Саҳифаҳои рӯзномаи «Фурӯғ» ба майдони суханпардозии устодону шогирдони донишгоҳ, ки мавзӯҳои мубрами ҳаёту рӯзгори эшонро дар бар мегирад, мубаддал гаштааст. Дар саҳифаҳои рӯзнома маҳсули эҷоди  донишҷӯёну устодон ва  алоқамандони  сухани бадеъ ба табъ мерасад.

 

                                 Наимзода Қудратулло Қаҳҳор – сармуҳаррири рӯзномаи донишгоҳии “Фурӯғ”