БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТУ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН – ОМИЛИ ПЕШРАФТ ДАР ҶОМЕА

           Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон ба ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Зеро ҷавонон ободгари ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ  ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Яке аз мушкилоти имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, ҷони ҷавони худро қурбон мекунанд. Аз ин рӯ, баҳри пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ  бояд падару модарон низ дар канор набошанд.

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд. Имрӯз масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад.

Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ҷойи кори муносибе барои татбиқи илмии худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, эҳтимолияти аз дилшикастагӣ шомил шуданашон ба гурӯҳҳои тундрав дур нест.  Дар ин ҳолат ин гуна афрод барои ҷомеа ба як хатари мудҳиш табдил меёбанд.

Воқеан, ҷавонон қувваи бузурганд, вале иқтидори ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан эҳсос кардан мумкин аст. Бинобар ин, мо бояд  ҳамкориву ҳамбастагии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро баҳри беҳбудии вазъи ҷавонони имрӯза, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, рушд диҳем.

             Аз ин хотир, табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳанд кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намоянд. Бо вуҷуди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дастёбӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳони муосир аксари ҷавонони соддаву зудбовар, хабар надоранд, ки роҳбарони пасипардагии ҳизбҳои гумроҳкунанда кистанд? Онҳо чӣ ҳадафҳоро дунбол  мекунанд?

Аз  ҷониби  дигар, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва интернет яке аз сабабҳои дигари шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо мебошад.

Имрӯз падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза баранд ва фарзандони худро дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоянд. Ҳар як фарзанди барӯманд бояд ба қадри Ватан-Модар бирасад ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намояд.

Ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар хориҷи кишвар ҳастанд, чӣ гуна шароити буду бош доранд ва аз онҳо  талаби  беандозаи пулу мол накунанд, зеро ин ҳолат ҷавононро маҷбур месозад,  ки даст ба кирдорҳои ношоиста зананд.

Агар мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро маҳкум накунем, фардо теъдоди  зиёди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил хоҳад шуд.

Имрӯз давлату ҳукумати тамоми тадбирҳои судмандро, барои аз байн бурдани ин омилҳои номатлуб, андешида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳояш ба сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолияти бевоситаи онҳо таваҷҷуҳ намуда, даъват ба амал меоранд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ваъдаҳои холиву пучи ҳавасмандии моливу пулии «хоҷагони хориҷӣ» нагарданд.

Сатҳи пасти маърифатнокии ҷавонон ва мавҷуд набудани низоми тарбияи ахлоқии насли наврас ва надоштани маърифати кофии шуури сиёсӣ- маданияти сиёсӣ боиси падидор шудани зуҳуроти номатлуб дар байни қишри ҷавонон мегардад. Камназоратии волидайн нисбати фарзандон ва беаҳамиятии онҳо сабаби пастравии савияи дониши ҷавонон гардида истодааст, ки имрӯз ҷавонони мо гумроҳи ин гуна ҷараёнҳои террористиву экстремистӣ шуда истодаанд.

Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ, ҳамзамон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагиву  бунёдкорӣ ва тарғиби идеалогияи солим дар байни ҷавонон, самти афзалиятноки фаъолияти ҳар як ташкилоту муассисаи таълимӣ ва падару модарон бояд қарор бигирад.

              Барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро ҷавонони мо бояд, пеш аз ҳама, аъмоли созанда на сӯзанда дошта бошанд. Хулоса, бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам дода, дастаҷамъона ҷавонони азизамонро аз ҷодаи торикӣ, гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳидоят намоем.

 

Амонова Нафиса – донишҷӯи курси чоруми

факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи

Носири Хусрав, тибқи квотаи Президентӣ