Об манбаъи ҳаёт ва асоси рушди устувор

Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин тадбир фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад. Дар ҳақиқат об манбаъ ва сарчашмаи ҳаёти нафақат инсон, балки тамоми мавҷудот мебошад.

Тозагӣ, озодагӣ, бошад зи об,

Гулситону бӯстон нозад зи об.

Об як муъҷизаи Парвардигор,

Ҳаст дунёро зи ӯ нақшу нигор.

Таъминоти инсоният бо оби нӯшокӣ торафт ба мушкилоти рақами як табдил меёбад. Бар замми ин, гармшавии сайёра ва дигар офатҳои табиӣ мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаро боз ҳам афзун мегардонанд.

Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиӣ ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000 –2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад, 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохтори гуногуни хоҷагии халқ мебошад».

Об бошад гавҳари қимматар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Модоме ки обро асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам медонем, пас вазифадорем, ки ин неъмати бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда ҳифз намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад.

Худои таъоло тамоми мавҷудоти зиндаи рӯйи заминро, ки асли онҳо об будааст, бе ҳикмат наофарид. Обро неъмати бебаҳо ва ганҷи ройгон меноманд. Аз ин рӯ, обро манбаи ҳаёт мегӯем, зеро ҳар ҷое, ки об ҳаст, он ҷо ободиву осудагӣ бардавом аст.

Об манбаи ҳамаи мавҷудоти олам буда, захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву обод ва баракоту зебоӣ аз об вобаста аст.

Тамоми мардуми шодоби олам ташна мемиранд,

Барои ҳар кафи оби равон шукрона бояд кард.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об, вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустуҳӯи сохтани манзил, тозагии кучаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар коргоҳу корхонаҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пуст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сару кор дорад, манбаи асосист. Ҳамчунин намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, кариб 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад.

Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагии ӯ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона бархе аз инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд. Дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштаии он, макруҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад. Паёмбари бузург Расули Акрам дар ин маврид гуфтаанд, ки: «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад».

Мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносони мо аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Мутобиқи ин мушоҳидаҳо, дар 60 соли ахир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд гардида, шумораи рӯзҳо бо боришоти шадид афзуда, пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои гидрометереологии табиӣ зиёд шудааст.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир шумораи офатҳои табиии шадид беҳад афзоиш ёфтааст.

Офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.

Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар  монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ШМА зиёд гардид.

Ҳолати ногувор хусусан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар, ки 93 фоизи ҳудуди умумии Тоҷикистонро ташкил дода, онҷо 80 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ба мушоҳида мерасад.

Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад.

Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли ахир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор ба ҳисоб мераванд,  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

 

 

Умарова Ризқинисо – коргузори кафедраи таҳлили

иқтисодӣ ва аудити факулети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав