Омӯзиши равандҳои муҳоҷират дар дарсҳои демография

Муҳоҷират (ҳиҷрат) падидаи мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодии замони муосир маҳсуб ёфта, паҳлуҳои гуногуни он зери назари илмҳои гуногун махсусан асосҳои демография қарор дорад.

Мутобиқи барномаи таълимӣ фанни асосҳои демография дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дарс дода мешавад. Дар ҷараёни таълимӣ дарсҳои асосҳои демография рушди равандҳои муҳоҷирати Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши муҳимро мебозад.

Муҳоҷирати анбуҳи одамон дар аввали асри XXI дар тамоми ҷаҳон нисбат ба пештара хеле босуръат афзуда истодааст. Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират иттилоъ дадааст, ки солҳои 60-уми асри гузашта миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 65 млн. нафарро ташкил медод ва соли 2010 шумораи онҳо то 214 млн. нафар афзуд. Ҳамзамон коршиносони ин ташкилот дар асоси таҳлил ва ояндабинӣ изҳор менамоянд, ки равандҳои муҳоҷират дар миқёси ҷаҳон боз ҳам пурзӯр гардида, то соли 2050 шумораи муҳоҷирон дар кишварҳои ҷаҳон ба 405 млн. нафар мерасад.

Дар таърихи рушди инсоният ҳодисаҳои зиёде ба миён омада, ки рафти инкишофи онро муайян намудаанд ва ё ба он таъсир расонидаанд. Афзоиши босуръати аҳолӣ дар баробари дигар омилҳо (қашшоқӣ, бекорӣ, фарқияти музди меҳнат…)  яке аз сабабҳои асосии муҳоҷират мебошад. Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон аз 180 то 200 ҳазор нафар зиёд мешавад. Афзоиши табиии аҳолӣ ба ҳар ҳазор нафар 23, 2 кас рост меояд. Ин дар байни дигар ҷумҳуриҳои ИДМ нишондиҳандаи баландтарин аст. Мувофиқи маълумоти дурнамои Кумитаи давлатии омор ва Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – теъдоди мутлақи аҳолии ҷумҳурӣ дар соли 2018 ба 9, 0 млн. нафар, соли 2025 – 12, 1 млн. нафар, соли 2050 – 18,7 млн. нафар, соли 2060 – 21, 1 млн. нафар ва тибқи дурнамои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳатто ба ба 25-27 млн. нафар мерасад.

Тамоюли дар боло зикршуда, мувофиқан, теъдоди аҳолии қобили меҳнатро зиёд мекунанд. Агар ба назар гирифта шавад, ки тақрибан 47-50%-и аҳолиро захираҳои меҳнатии ҷамъият ташкил кунад, он гоҳ теъдоди захираҳои меҳнатӣ тахминан дар соли 2025-ба 5,8 млн. нафар; дар соли 2050-ба 9 млн. нафар; дар соли 2060  ба 10 млн. нафар мерасад.

Агар ба масъалаи муҳоҷирати кишвар назар афканем, пас маълум мегардад, ки селаи қариб ҳамаи муҳоҷирон танҳо ба Федератсияи Русия рост меояд. Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи маълумоти омории  Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Русия соли 2018 дар Русия 1 миллиону 745 ҳазору 554  нафар муҳоҷири тоҷик ба фаъолияти меҳнатӣ машғул аст, ки беш аз 200 ҳазор нафарашон зан мебошад.

Бисёри муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соҳаҳои сохтмон, тиҷорат ва хизматрасонӣ банд мебошанд. Аз рӯйи маълумоти омори 40%-и муҳоҷирони тоҷик дар соҳаи сохтмон, 30% дар соҳаи савдои чакана ва яклухт, 7% дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, 4% дар соҳои нақлиёт ва алоқа банд мебошанд. Қобили зикр аст, ки  новобаста аз ҳаҷми зиёди кор онҳо нисбат ба русҳо маоши паст мегиранд.

Бештари муҳоҷирони тоҷик аслан ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург ба сифати мардикорӣ мераванд. Азбаски ин ду минтақа авҷи баланди рушдкунӣ дорад, аз ин рӯ сахт ба муҳоҷирон ниёз дорад ва ҳукумати минтақаҳо инро низ дарк намудаанд, ки бе муҳоҷирон он мақсадҳои стратегии онҳо амалӣ нахоҳад гардид, чунки бе муҳоҷирон дар ин минтақаҳо арзиши фаъолияти меҳнат метавонад гаронтар гардад.

Иддае аз муҳоҷирон, ки кори худро дар Русия ҳифз кардаанд, акнун талош мекунанд хонаводаи худро ҳам аз Тоҷикистон ба Русия бибаранд ва зиндагии беҳтареро бо ҳам дар он ҷо таҷриба кунанд. Аммо ин зиндагии мавҷуд ҳам холӣ аз мушкилот нест. Камтар муҳоҷиреро аз Тоҷикистон дар Русия метавон ёфт, ки аз зиндагиаш дар ғурбат розӣ бошад. Фишори иқтисодӣ тавъам бо фишори амниятии маъмурони Русия ба муҳоҷирон имконият намедиҳанд, ки аз зиндагии худ лаззат баранд. Бештари онҳо мегӯянд, агар дар кишвари худ шуғли муносибе медоштанд, ҳаргиз тан ба ранҷҳои ғурбат намесупурданд. Дар натиҷа дар хиёбонҳои Русия кам тоҷикеро метавон дид, ки бепарво гаштугузор кунад. Мутаассифона, баъзеҳо гирифтори фиреби корфармо мешаванду ҳаққи кори худро ногирифта бар мегарданд ва баъзеи дигар бошад бо сабабҳои гуногун саломатии худро аз даст медиҳанд.

Дар минтақаҳои Федератсияи Русия вобаста аз андозаи боҷгирии онҳо маблағи муайян барои гирифтани патент қариб, ки ҳамасола нархбандии нав пешбинӣ мегардад. Дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург арзиши патент дар айни замон 4500 ва 3500 рубл (дар як моҳ) мувофиқан баробар аст ва ин нишондиҳанда дар солҳои баъдӣ метавонад тағйир ёбад. Бояд таззакур намуд, ки Федератсияи Русия дар соли 2017 аз ҳисоби маблағи патент ба буҷети давлат дар ҳаҷми 42 млрд. рубли русӣ ворид намудааст, ки ин маблағ нисбат ба соли 2016-1, 5 маротиба зиёд мебошад. Танҳо шаҳри Москва дар соли 2017 аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон зиёда аз 14 млрд. рубли русӣ даромад гирифтааст ва ба гуфти мири шаҳр С. Собянин ин маблағ дар соли 2018 ба 15-16 млрд. рубли русӣ хоҳад расид.

Боиси қайд аст, ки аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик низ маблағҳои калон нисбат ба андозаи иқтисодиёти миллӣ фиристонида мешавад. Мисол, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Русия дар солҳои 2012-2017 тавассути низомҳои интиқоли пулӣ 17 млрд. 328 млн. доллари ИМА маблақ интиқол гардидааст. Танҳо дар семоҳаи дуюми соли 2019 – 672 млн. доллар интиқол шудааст.

Интиқоли маблағҳо метавонад яке аз сарчашмаи баланд гардидани даромади аҳолӣ гардад, ки ин ба паст шудани сатҳи қашшоқӣ ва беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагонии аҳолии Тоҷикистон мусоидат мерасонад. Аммо, новобаста аз муҳимияти интиқоли маблағҳо онҳо наметавонанд омили асосии рушди иқтисодиёти мамлакат гарданд. Иқтисодиёти мамлакате, ки танҳо дар асоси интиқоли маблағҳо аз хориҷа такя менамояд, нигоҳ доштани дараҷаи беқурбшавии асъор хеле душвор мегардад.

Ҷавононе, ки забони англисӣ ва ё дигар забонҳои ғарбиро фаро гирифтаанд кӯшиш мекунанд, ки ба кишварҳои Ғарбӣ махсусан ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо муҳоҷират кунанд. Расман гуфта мешавад, ки шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Иттиҳоди Аврупо наздик ба 20 ҳазор тан аст аммо бархе аз созмонҳои муҳоҷирон дар Иттиҳоди Аврупо ин рақамро 60 ҳазор тан унвон мекунанд.

Муҳоҷират хосиятҳои мусбиву манфӣ дорад. Ҷиҳати мазкур ҳангоми тавсифи вазифаҳои раванди муҳоҷиратӣ айён мегарданд. Аз як тараф, муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби интиқолоти пулӣ, даромаднокии хоҷагиҳои манзилиро меафзояд, ки ин дар навбати худ дастрасӣ ба озуқа, низоми таълим ва тандурустиро беҳтар месозад, аз тарафи дигар бошад, набудани сарвари оила ва дигар аъзои оила ба вазъи иҷтимоию руҳии аъзои оила, пеш аз ҳама фарзандон таъсири манфӣ мерасонад.

Солҳои охир дар ҷаҳон шакли нави ҳиҷрат пайдо шуд, ки номи «ихроҷи хирад»-ро гирифтааст, ки моҳияти он ҷалби мутахассисони олимақом-олимон, муҳандисон, духтурон ва ғайра мебошад. Мутахассисони баландихтисос ба ИМА, Канада ва Аврупои Ғарбӣ даъват карда мешаванд. Дар 30 соли охир мамлакатҳои рӯ ба инкишоф аз ҳисоби бой додани «ихроҷи хирад» ба андозаи 600 млрд. доллар зарар дидаанд.

Мақсади асосии сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳуқуқ ва озодии ҳар як муҳоҷир риоя карда шавад. Бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва бунёди шароити муфиди корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ якчанд созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд.

                                 

 

           Рӯйихати адабиёти истифодашуда

  1. Авдокушин Е.Ф. Международные экономические отношения: Учеб.пособие. – 4-е изд., перераб. и доп. – М.: Изд-во ИВЦ Маркетинг, – 1999. – 261 с.
  2. Ғаффоров Ш., Утаганов А., Қурбонов Ш., Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ (Курси лексияҳо). – Душанбе, 2007. – 175 саҳ.
  3. Қодирзода Д.Б., Сафоев А.К. Иқтисодиёти ҷаҳон (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ). – Душанбе: Соҳибкор, 2016 – 351 с.
  4. Қодирзода Д.Б., Сафоев А.К. Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ). – Душанбе: Саманд-2012, 2018 – 257 с.
  5. Ҳабибов С.Х., Ҷамшедов М.Ч., Тиҷорати байналмилалӣ (Китоби дарсӣ барои мактабҳои олии иқтисодӣ. – Душанбе: Ирфон. – 2007. – 284 саҳ.
  6. Оймаҳмадов М., Муртазоев М. Иқтисодиёти ҷаҳон. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. – 802 саҳ.
  7. Саидмуродов Л.Ҳ. Иқтисодиёти байналхалқӣ. – Душанбе: Ирфон, 2005. – 352 с.

 

 

Миминов А.Х. – омӯзгори кафедраи география, Холов С.К. – магистри

курси дуюми ихтисоси географияи ДДБ ба номи Носири Хусрав