ОСОРХОНАИ «БИБИХОНУМ»

 

04 20197Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум» дари худро моҳи сентябри соли 1999 дар арафаи ҷашнгирии 1100 – солагии давлатдории Сомониён бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз намудааст. Он дар теппаи таърихии «Қӯрғон» – и шаҳри Бохтар, дар баландии 40 метр воқеъ аст. Теппа дар байни ду наҳр – Ҷӯи Куҳна, ки аз поён ва Ҷӯи Хонум, ки аз болои он мегузарад, қарор дорад.

Майдони осорхонаи «Бибихонум» 156 метри мураббаъ буда, дар он қариб 2500 нигораи таърихӣ ба маъраз гузошта шудааст. Нигораҳо аз ҳудуди шаҳри Бохтар ва навоҳии атрофи он гирдоварӣ ва бозёфт шудаанд. Нигораи пурарзиштарини осорхона худи теппа маҳсуб меёбад.

Алҳол дар 15 витринаи мавзӯии осорхона рамзҳои давлатии Тоҷикистон, сохти давлатдории Сомониён, аксҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳанг гузошта шудаанд ва онҳо ба тамошобинон маълумоти саҳеҳи таърихӣ медиҳанд.

Дар даромадгоҳи толор макетдиограмма ҷой дода шудааст, ки яке аз онҳо аз таърихи теппаи «Қӯрғон» ва дигаре аз косибии мардуми тоҷик ривоят мекунад. Нигораҳое, ки аз шаҳрвандон ҷамъ оварда шудаанд, ба асрҳои I-II то милод, I-II милод ва асрҳои ХIV – ХХ нисбат дода шудаанд. Аз ҷумла ҷоми гилии махрутшакл ва сангҳои дастсозу посутунҳои мутааллиқ ба асрҳои I-II милодӣ мавҷуданд. Фаранҷӣ ва челаки аз матои шоҳии «Корбоф» дастӣ бофта шуда, ба асри ХIХ мансубанд ва баёнгари тарзи либоспӯшии ниёкон аст. Гӯшаҳои кулолӣ, оҳангарию чӯбтарошӣ ва маснуоти зиёди заргарии аз нуқра сохташуда, тамошогарони зиёд­ро ба худ ҷалб месозанд.

04 20199

Ошёнаи дуюми осорхона шакли манораро дорад ва аз он метавон тамоми зебоиҳои шаҳрро тамошо кард. Бино бар маълумоти масъулон, соли 2018 7 ҳазору 321 нафар аз осорхона дидан намудааст, ки аз ин шумора 158 нафараш сайёҳони хориҷӣ будаанд. Имсол 1500 нафар ва аз ин шумора қариб 100 нафар сайёҳони хориҷӣ ба осорхона ташриф оварданд.

– Пас аз кушода шудани роҳҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон шаҳрвандони кишвари ҳамсоя бештар ба осорхонаи мо ташриф меоранд. Чиптаи осорхона барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1 сомонӣ ва барои сайёҳони хориҷӣ 3 сомонӣ арзиш дорад, – мегӯяд корманди осорхона Малоҳат Ҳусейнова.

Ин ҷо осори атиқа, ёдгориҳои айёми қадим низ зиёданд. Бахусус катибаҳо ва ҳайкалчаи мисини сарбози Рими Қадим, ки арзиши баланди таърихӣ доранд.

Таърихномаҳо ва осори ҷуғрофӣ гувоҳанд ки Бохтар дар гузашта Левакант ном дош­тааст. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳре дар ин мавзеъ ҳанӯз дар замони Кӯшониён (асрҳои I – IV милодӣ) вуҷуд дош­тааст. Бохтар то замони гус­тариши ислом яке аз ободтарин шаҳрҳои водии Вахш ба шумор мерафтааст. Дар охири асри VII ва оғози асри VIII ин шаҳрро арабҳо тасарруф карданд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони Шарқ ин шаҳр ба номи Ловакант ва Левакант ёд шудааст.

04 20198Бино бар манобеи таърихӣ Левакант дар асрҳои X – XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, ҳангоми истилои муғул ба хок яксон шудааст. Дар паи қатли оми левакантиён аз дас­ти муғулҳо номи шаҳр ва ҷояш низ аз ёдҳо фаромӯш мегардад. Аз кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор мегардад, ки Левакант ҳамон харобаҳои теппаи Қӯрғон буда, ки калонтарин хароба аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи рӯди қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта, қалъае будааст, ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ мебозидааст.

Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест, бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни рӯдҳои Ҷӯи Куҳна ва Ҷӯи Хонум. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кӯшониён вуҷуд доштааст.

Тибқи ривоятҳо Бибихонум яке аз занҳои дӯстдоштаи беки вақт буд ва бо хоҳиши ӯ ҷӯи калоне канда мешавад ва бек онро ба хотири завҷааш Ҷӯи Хонум ном мегузорад. Дар асри ХIII, замони ғасби муғулҳо, аз шаҳр асаре боқӣ намемонад ва танҳо дар болои теппаи мазкур харобаҳои қалъаи нимсӯхтаву валангор мемонаду халос. Ғосибон шаҳрро қӯрғон дар болои теппа номгузорӣ мекунанд ва ҳамин тавр Левакант Қӯрғонтеппа ном мегирад.

04 201910Роҳи Абрешим аз ғарб ба сӯи Чин тавассути шаҳри имрӯзаи Бохтар мегузашт ва дар маркази он бозори бузурге мавҷуд буд. Тоҷирон бар ивази ворид шудан ба бозор ҳамчун андоз ба болои ин теппа як хӯрҷин хок оварда мерехтанд ва иҷозаи вуруд ба бозорро мегирифтанд. Тӯли солҳо теппаро ба баландии 40 метр аз сатҳи дарё мебардоранд. Бек болои теппа қӯрғон, яъне қалъаи бо деворҳои баланд ва паҳноияшон 12 метр, ки болои он аспу аробаҳо озодона гашту гузор мекарданд, бунёд кард, – меафзояд Малоҳат Ҳусейнова.

P.S. Шаҳри ҳозираи Бохтар солҳои 1944 – 1992 бо номи Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Қӯрғонтеппа буд. Аз соли 1993 маркази маъмурии вилояти Хатлон аст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд.

Д. САФАР,
шаҳри Бохтар