Баргузории мизи мудаввар оид ба табодули таҷриба

Санаи 15-уми апрели соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Собиров Ҷӯрабой, директори институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ, профессор Абдулҳай Комилӣ, декани факултети техникӣ ва технологӣ, дотсент Муродов Файзиддин, роҳбари таҷрибаомӯзии донишгоҳ, саромӯзгор Холматов Саид, ҷонишини декани факултети химия ва биология оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои биологӣ Давлатова Дилором, омӯзгори фанни химияи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иброҳимов Ҳошимҷон, донишҷӯёни донишгоҳ ва коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истравшан мизи мудаввар дар мавзӯи “Табодули таҷрибаи пешқадам миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва амалӣ намудани он дар ҷараёни таълим” баргузор гардид.

Зимни суханронӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Собиров Ҷ. қайд намуд, ки ин мизи мудаввар дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 26.12.2019 ва мулоқоти навбатӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди кишвар дар санаи 18.03.2020 ба масъулини соҳа дода буданд, ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин замина бо дастгирӣ ва мусоидаи роҳбарияти донишгоҳ 11 нафар донишҷӯёни факултети химия ва биология ба вилояти Суғд барои аз худ намудани методҳои фаъоли таълим, аз ҷумла “Усули занҷирӣ” ва такмили донишу таҷриба сафарбар шуданд. Ҳамчунин 5 нафар донишҷӯёни коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бошанд барои омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ даъват шуда, дар ин самт фаъолият бурда истодаанд.

Сипас, омӯзгори фанни химияи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иброҳимов Ҳ. баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки яке аз василаҳои муҳим дар самти табодули таҷриба дуруст ба роҳ мондани “Усули занҷирӣ” дар ҷараёни таълим ва фаъолияти омӯзгорӣ мебошад. Бо ин усул мо имкон дорем, ки аз таҷрибаи пешқадами ҳамдигар истифода намуда, дастовардҳои меҳнатиро такмил диҳем ва онҳоро ба наврасону ҷавонон омӯзонем. Хушбахтона, бо иқдоми ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав донишҷӯёни фаъоли факултети химия ва биология ба муассисаи мо равон карда шуданд. Устодони муассиса, аз ҷумла худи ман дар ин давра тамоми неруву дониши худро барои омӯзиш сарф намудем. Боварӣ дорам, ки донишҷӯён таҷрибаву малакаҳои ҳосилшударо дар ҷараёни фаъолияти минбаъдаи худ татбиқ мекунанд. Умуман, чунин робитаҳо имкон медиҳанд, ки мо аз усулҳои муосири корӣ ва таҷрибаи пешқадами ҳамдигар самаранок истифода бурда тавонем.

Роҳбари таҷрибаомӯзии донишгоҳ, саромӯзгор Холматов С. ҳангоми баромад гуфт, ки барои хуб ва самаранок гузаштани таҷрибаҳо аз ҷониби садорати донишгоҳ, раёсати таҳсилот, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва деканатҳои факултетҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Бояд қайд намуд, ки таҷриба яке аз равандҳои муҳими фаъолияти таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар асоси нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ ҷалб мешаванд. Имрӯз донишгоҳ бо 22 муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Кӯшониён ва барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ бо 120 корхонаву муассисаҳои шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон шартномаҳои тарафайн дорад. Имсол бо мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар самти таҷрибаомӯзӣ қарордод ба имзо расид. Минбаъд устодону донишҷӯёни донишгоҳ имкон доранд, ки ба ин минтақа ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардида, усулҳои муосири таълимро омӯхта, дар фаъолияти худ ҷорӣ намоянд.

Ҳамчунин иштирокчиёни дигари мизи мудаввар, аз ҷумла декани факултети техникӣ ва технологӣ, дотсент Муродов Файзиддин дар мавзӯи “Роҳҳои ташкил намудани таҷрибаомӯзӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ” ва ҷонишини декани факултети химия ва биология оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои биологӣ Давлатова Дилором дар мавзӯи “Роҳҳои ҳавасманд намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ” баромад намуда, қайд карданд, ки дар ин самт раёсати донишгоҳ иқдомҳои некро дар доираи имкониятҳо амалӣ намуда истодааст. Ташкил ва баргузор намудани чунин робитаҳои таълимӣ ва тақвияти корҳои таҷрибаомӯзӣ ба пешрафти кори ҷонибҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, минбаъд ҳам зарур мешуморем, ки чунин тадбирҳои судманд дар ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, хоса раванди таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ гардад. Бояд қайд намуд, ки хушбахтона, донишҷӯёни донишгоҳ баъд аз таҷрибаомӯзӣ баргашта, дар миёни муҳассилин оид ба аҳамияти чунин иқдомҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Дар қисмати дигари мизи мудаввар донишҷӯёни факултети химия ва биология, аз ҷумла Сангова Т., Абдуллоҷонов С., Алимуродов Ш., Мафтунаи Ҳ., Носирзода М. ва Мирзосаидов Т. ки ба муддати 38 рӯз таҷрибаомӯзӣ намуданд, ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки донишу малакаи ҳосилшударо дар ҷараёни фаъолияти худ истифода мебаранд. Ҳамчунин донишҷӯёни коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Юсуфҷони С., Шокиров И., Икромов Н., Сайидҷаводи С. ва Одинаев М. низ ба роҳбарияти донишгоҳ барои муҳайё намудани шароити коромӯзӣ ва тақвияти корҳои таҷрибаомӯзӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр доштанд, ки чунин тадбирандешиҳо ба манфиати ҷонибҳо мебошад.

Дар охири мизи мудаввар таъкид шуд, ки раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав дар оянда низ ташкили чунин курсҳои таҷрибаомӯзиро дар дохили донишгоҳ ва берун аз он ба роҳ монда, ба ин васила дар ташаккули донишу касбияти устодону донишҷӯён мусоидат менамояд.

 

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав