Аз санаи 13 то 15-уми апрели соли 2020 дар факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” даври факултетивии “Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мусоидати ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет Маҳмадалиева Муҳаббат ва ҷалби беш аз 70 нафар донишҷӯёни фаъол баргузор гардид. Рафти баргузории озмунро устодони пуртаҷриба, аз қабили профессор, Икромов Искандар, дотсентон Каримов Сафарбек, Саидов Абдуҷаббор, Маҳмадалиев Сайидмуъмин ва номзади илмҳои филологӣ Қурбонова Раҳёнгул ҳакамӣ намуда, ба ҳар як иштироккунанда мувофиқ ба қобилият баҳогузорӣ ва чунин натиҷагирӣ карданд.

 

 

 

Дар номиннатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори адибони классик:

 

Ҷойи I:

 

  1. Каримова Шоира – донишҷӯи курси 1-уми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик;

Ҷойи II:

 

  1. Бобоҷонов Муродбек – донишҷӯи курси 3-юми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик;
  2. Муродова Марҳабо – донишҷӯи курси 3-юми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик.

Ҷойи III:

 

  1. Шодиева Фархунда – донишҷӯи курси 3-юми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик;
  2. Акобирова Санавбар – донишҷӯи курси 3-юми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик.

 

Дар номиннатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори адибони муосири тоҷик:

 

Ҷойи I:

 

  1. Аҳмадзода Моҳинав – донишҷӯи курси 3-юми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик.

Ҷойи II:

 

  1. Абдураҳмонова Фарзона – донишҷӯи курси 1-уми, ихтисоси рӯзноманигорӣ;
  2. Амонова Дилноза – донишҷӯи курси 2-юми, ихтисоси журналист-тарҷумон.

Ҷойи III:

 

  1. Гулпарии Толибшоҳзода – донишҷӯи курси 1-уми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик;
  2. Довудова Назурбӣ – донишҷӯи курси 2-юми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик.

 

Дар номиннатсияи хондан ва аз ёд кардани осори бачагона:

 

Ҷойи I:

 

  1. Бобоев Сорбон – донишҷӯи курси 3-юми, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик.

 

Ҷойҳои ифтихорӣ

  1. Аминова Гесубону
  2. Малоҳати Усмонзода
  3. Бегонова Холнисо
  4. Муродова Заррина
  5. Сафаралиева Фарангис
  6. Сайдалиев Қурбонбек
  7. Мудинов Шамсулло
  8. Сатторов Мустафо
  9. Саъдуллоев Хайрулло
  10. Суҳраварди Ҷурахон

 

Баъд аз натиҷагирӣ 25 нафар донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки даври дуюм, яъне марҳилаи донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯзи 16 то 18-уми апрели соли равон гузаронида мешавад. Дар бораи рафти баргузории ин озмун ва натиҷаи он дар матлабҳои оянда иттилоъ хоҳем дод.

 

 

Шарифов Сангимурод сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав