Ба Рустами Эмомалӣ дар ин кор барор мехоҳем!

Баробари шунидани боз як хушхабар дар олами сиёсати дохилии Тоҷикистон, яъне ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мо аҳли устодони кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бисёр ҳам хушҳол сохт.

Дар воқеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар интихоби кадр хато накардааст, зеро, ки Рустами Эмомалӣ дар зинаҳои пешини фаъолияти худ дар риштаи сиёсат худро ҳамчун сиёсатмадори доною кордон нишон дода тавонист.

Ин навбат низ мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Рустами Эмомалӣ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ба осонӣ аз уҳдаи ин вазифаи пурмаҳсул баромада метавонад. Ба Рустами Эмомалӣ дар иҷрои ин вазифаи пурмаҳсул барору комёбиҳо таманно дорем.

 

 

Саидов Алихон мудири кафедраи фалсафа

ва фарҳангшиносӣ, доктори илмҳои сиёсӣ