ИРТИБОТИ ТЕРРОРИЗМ БО ИСЛОМ

Ифротгароӣ ва терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ иртиботу созгорӣ надорад ва инро мо аз оятҳои ҷудогонаи китоби муқаддаси мусулмонон, яъне «Қуръон» хуб дармеёбем. Масалан, дар ояти 256-уми сураи «Бақара»-и китоби муқаддаси «Қуръон» доир ба масъалаи иҷборан ба дини мубини ислом ҷалб намудани мардум чунин гуфта шудааст: «Дар дин ҷабр кардан (раво) нест» (Қуръони карим. Душанбе: «Ирфон», 2007, саҳ. 42).

Ҳамчунин, дар ояти 93-юми сураи «Нисо» боз ҳам мехонем: «Ва ҳар кӣ мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст» (Қуръони карим. Душанбе: «Ирфон», 2007, саҳ. 93).

Роҷеъ ба масъалаи мазкур Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) чунин фармудаанд: «Аз уммати ман нест касе, ки байни мусулмонон тафриқаангезӣ мекунад».

Тааҷҷубовар он аст, ки террористон аз гузориш додан ба рӯзноманигорон парвое надоранд, вале аз рӯ ба рӯ шудан бо равоншиносон ҳазар мекунанд. Доир ба ин масъала равоншиносон К.Г. Сурнов ва В.А. Соснин чунин гуфтаанд: «Террористон барои вохӯрӣ бо хабарнигорон бо мақсади тарғибу ташвиқоти ақидаҳои худ омодаанд, аммо муносибат бо равоншиносонро қабул надоранд, барои он ки равоншиносон аз ҳолати рӯҳонӣ ва ҳатто саломатии онҳо хабар меёбанд».

Барои террористон дар кадом давлат ба иҷро расонидани амалҳои террористии худ басо муҳим аст. Таркишҳои террористӣ на танҳо дар мамолики мусулмонӣ, балки дар кишварҳои ғайримусулмонӣ низ ба амал омадаанд ва дар оянда низ ба вуқӯъ омаданашон аз эҳтимол дур нест. Масалан, 21-уми апрели соли 2019 дар маҳаллаҳои гуногуни Шри-Ланка ҳашт таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа 300 нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода, садҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Шри-Ланка кишваре мебошад, ки он дар ҳудуди Осиёи Ҷанубӣ, дар соҳили ҳамноми ҷанубу шарқии Ҳинд ҷойгир аст ва дар он зиёда аз 21 миллион нафар одам зиндагӣ мекунад. Сокинони ин мамлакат намояндагони дину мазҳабҳои гуногун мебошанд. Дар Шри-Ланка асосан сингалҳо (қариб 75 дарсад) пайравони буддизм, тамилиҳо (16 дарсад) пайравони ҳиндуизм, мусулмонҳо (7, 2 фоиз) ва як миқдор христианҳо низ хаёт ба сар мебаранд. Пас аз баррасии масъала маълум гардид, ки ин амалҳоро ҷангҷӯёни ҳаракати исломии «NTJ» анҷом додаанд. Мақсади ҳамла ба калисоҳои ин мамлакат дар рӯзи иди «Пасха»-и онҳо сурат гирифтааст, ки «дар натиҷаи таркишҳо, ки дар се ҳолат бо истифода аз маргталабон ба иҷро расидааст, шаҳрвандони ИМА, Британияи Кабир, Португалия, Покистон, Хитой, Туркия ва Дания кушта шудаанд».

Ҳамчунин амалҳои террористие, ки моҳҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористии «Толибон» сурат гирифт, боиси нигаронии сокинони давлатҳои ҳамҷавор гаштааст. Махсусан, аз ин гуна амалҳо сокинони ҷумҳурии мо низ дар ташвишанд. Ҳаракати террористии «Толибон» дар моҳи сентябри соли 2019 дар рӯзи ваъдагии бо Президенти Амрико Доналд Трамп ба сари мизи музокирот ҳозир нашуданд ва баръакс пас аз чунин кӯшишҳои мусолиҳатомез онҳо амалҳои тахрибкоронаи худро дучанд намуданд. Чунончи 21-уми сентябри соли 2019 хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки «пас аз қатъи музокирот бо «Толибон» дар ду ҳафтаи ахир, дар ҳамлаҳо 331 нафар маҷрӯҳ ва 96 нафар кушта шудаанд».

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ин гурӯҳҳо тинҷию амонии кишварҳо, зиндагии  осоиштаи сокинони онҳо, пешравию тараққии мамлакатҳо мувофиқи матлаб нест ва онҳо ба он мекӯшанд, ки  бояд дар мамлакатҳои дилхоҳашон ягон амали даҳшатнокеро анҷом диҳанд, то мардумро аз кирдори ваҳшиёнаи худ огоҳ созанд.

Имрӯзҳо Шарқи Наздик низ ба майдони набарди экстремизми динӣ табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои ифротӣ ба ном «Давлати исломӣ» таъсис дода, ба қатлу ғорат, бераҳмию таҷовуз даст задаанд, ки дар натиҷа мардуми осоишаи ин кишварҳо тарки манзилу макони худ карда, ба садҳо мушкилию маҳрумиятҳо рӯ ба рӯ гаштаанд.

Аз мисолҳои дар боло овардашуда бармеояд, ки мақсади террористону экстремистон фақат куштану тарсондидани намояндагони дини мубини ислом набуда, балки намояндагони дигар дину оинҳоро низ мавриди қатлу куштор қарор медодаанд.

Гурӯҳҳову ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба қатлу ғорати одамони бегуноҳ, тахрибкорию оташзанӣ, инфиҷору вайронсозии иморатҳои обод машғул буда, одамонро барои иҷрои амалҳои номатлуб маҷбур месозанд ва ҷомеаи оромро халалдор сохтанӣ мешаванд ва бо ин гуна амалҳои зишти худ на танҳо ба худ ва миллати худ, балки ба дини мубини ислому ҷомеи мусулмонони ҷаҳон низ исноду бадномӣ меоранд.

Ин гуна падидаҳои номатлуб боиси ба миён омадани зуҳуроти нохуш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили таҳдид ва истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, бенизом гардонидани сохти давлатдорӣ, тағйир додани сохтори конститутсионӣ, зӯран ба даст овардани ҳокимият, ба вуҷуд овардани низои миллӣ ва нооромӣ дар ҷомеа шуданаш мумкин аст.

Бадбахтии дигаре, ки аз чунин амалҳо падид меояд, ҳамин аст, ки аксар ҷавонони ҷумҳуриии мо низ мафтуни фиребу найранг ва ваъдаҳои зебою пучи намояндагони чунин созмонҳои вайронкори террористиву экстремистии динӣ шуда, аз оқибати кори худ бехабар, беандешона худро ба сафҳои ифротгароён мезананд.

Имрӯз ҷавонони моро мебояд, ки фирефтаву моили ваъдаҳои чунин гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва бо онҳо ҳамкорӣ ҳам насозанд. Ба ҷойи ба ин гуна гурӯҳҳои ифротиву ташкилотҳои террористӣ шомил шудан ва ба ҷойи ба чунин амалҳои хатарноку мудҳиш, номатлубу ношоиста даст задан, хуб мебуд, ки ба ободии диёр, омӯзиши касбу ҳунар, таълиму тарбияи фарзандон, созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги худ ва умуман ба амалҳои хайру савоб машғул шаванд.

Агар шахс худшиносу худогоҳ, оқилу доно, бофарҳангу бомаърифат, некбину хайрхоҳ бошад, ӯ ба қадри Ватан, миллат, волидайн, умуман арзишҳои фарҳангию миллии хеш мерасад ва ҳамчун фарзанди асили миллат дар Ватани худ бо некномӣ умр ба сар мебарад.

Баръакс, агар шахс бо роҳи хато равад, ҳамчун фарди гӯлу гумроҳ, дар ҷаҳли мураккаб монда, дар чоҳи гумномию бенишонӣ афтида, дар ғурбату мусофирӣ дар кишварҳои бегона хориву зориҳои зиёд кашида, дар зеҳну хотири мардум ҳамчун шахси хоину бадном боқӣ хоҳад монд.

 

 

 

Худоёрзода Раҷабалӣ Сара, омӯзгори

факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав