НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР РУШДИ ПОЙТАХТИ

ТОҶИКИСТОН – ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Хурсандиовар аст, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавону умедбахш зиёд аст. Ин аст, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ руй овардан ба сиёсати давлатии ҷавонон ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат мебошад.

Миллати фарҳангии тоҷику форс ҷавонмардеро чун Рустами Достон ба воя расонида, ки то имрӯз таввасути “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ чун шоҳасари сатҳи ҷаҳонӣ маҳбубият дорад.  Имрӯзҳо низ шоирону нависандагон ва олимону муаррихони моро месазад, ки корномаи ҷавони дипламат ва рушдёфтаеро чун Рустами Эмомалӣ рӯйи қоғаз биёранд, ки ҳазорсолаҳо хидматҳои таърихии ин шахсият вирди забонҳо гардад. Барои ҳамаи мо боиси ифтихору фараҳмандист, ки ҷавоне чун Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон – қалби Тоҷикистон, шаҳри Душанберо ободу зебо гардонидааст.

Имрӯзҳо бо ташаббуси ин ҷавонмарди оқилу доно самтҳои мухталифи шаҳрдорӣ дар пойтахти маҳбубамон рушт ёфта, баробари ворид шудан ба пойтахт кас илҳоми дубора мегирад ва шукргузорӣ аз ватани биҳиштосо мекунад. Ин имиҷи таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони тоҷик метавонанд чун гузаштагони худ шаҳрҳоеро аз қабили Саразми бостонӣ, Хуталони бостонӣ, Ҳисори бостонӣ бунёд созанд, ки на танҳо дар мавриди рушди давлатдории миллӣ ва фарҳанги миллӣ балки ба хотири ба ояндагон ба мерос гузоштани шаҳрҳои рушдёфта саҳми арзанда гузоранд. Баробари дидан аз Кохи Наврӯз, китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон касро фарҳанги оламшумули мо ба ҳазораҳои дур мебарад.

Дар тули чанд соли охир дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ боғҳои афрохта, кохҳои боҳашамат, иморатҳои майишиву истиқоматӣ, биноҳои таълимию фарҳангӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олӣ ва садҳо иншооти таърихӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Хеле аз он шодем, ки шаҳрдори маҳбуби ҷавонони Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз ба ҳайси раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Назари мо ба ояндаи ин ҷавони  рушдёфта ва ба камол расида хеле нек аст. Он гунае, ки ташаббускори асосии соли 2017  – ҳамчун соли ҷавонон буданд, дар оянда низ бо боварии комил метавон гуфт, ки бо ин роҳбари оқилу доно, чумҳурии мо боз ҳам шукуфотар мегардад. Ин масъулияти баланди роҳбарӣ ва ин бовариву эътимоди роҳбари давлату ҷавонпарвар Эмомалӣ Раҳмон муборакат бод!

Руй овардан ба ҷавонони соҳибмаърифату кордон назари Пешвои маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон ва ба бовариву эътимоди роҳбари давлат сазовор гардидан ин вазифаи муқаддаси мост. Дар ин ҷодаи пурмасъулият ба ин ҷавони рушдёфтаву муваффақ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бурдбориҳову комёбиҳо таманно дорам.

 

 

Саидмуминов Аҳлиддин, декани факултети

таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав, дотсент