Рустами  Эмомалӣ  – ифтихори миллати  тоҷик

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ яке аз кадрҳои муваффақ дар соҳаи идоракунии  давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар якчанд мақомҳои баланди давлатӣ аз қабили Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе адои вазифа намуда, дар вақти фаъолияти кориаш дар ин мақомотҳо дигаргунии куллӣ намуда, обрую нуфӯзи ин мақомотҳоро ба сатҳи баланд  расонидааст.

Имрӯз мо аз он хурсандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар мақомҳои баланди роҳбарикунанда кадрҳои ҷавонро ба вазифа таъин менамоянд.

Рустами Эмомалӣ аз мактаби шахсияте тарбия гирифтааст, ки ҷоҷат ба муаррифӣ нест. Рустами Эмомалиро мардуми Тоҷикистон ҳамчун як сиёсатмадори муваффақ ва ободкор мешиносанд. Имрӯз боз як масъулияти бузург дар давлатдории миллати тоҷик ба зиммаш вогузор гардид. Дар ин роҳи пурмасъул ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ бурдбориҳо орзӯ дорем. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ӯ аз уҳдаи ин вазифа бо сарбаландӣ мебарояд.

 

 

Сафарбекзода Ҳукмиддин, номзади илмҳои ҳуқуқ,

декани факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав