ДАР ТОҶИКИСТОН

Гирифтани линки кӯтоҳ
204201

Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъвати шашум имрӯз дар ҷаласаи якумашон Рустами Эмомалиро раиси палатаи болоии парлумон интихоб карданд

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik.  Дар ҷаласаи якуми Маҷлиси милллӣ, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим номзадии Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. 

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфт.

Сипас, тибқи моддаи 3-и дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ворид гардид.

“Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд”, – омадааст дар иттилоия.

Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ дар иҷлосия суханронӣ намуд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200417/1031084427/Rustami-Emomail-raisi-Majlisi-Milli-intikhob-shud.htm

Гурӯҳи бисёрнафараи  ҷавонони ДДБ ба номи  Носири Хусрав   :  Баъд аз ба вазифаи раиси Маҷлиси милии Маҷлиси олӣ  интиҳоб гардидани  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ бори дигар ба сиёсати ҳирадмандонаи  ҳайати Ҳуқумати Ҷумҳурии  Тоҷиқистон эътиқоду боварии мо зиёд гардида, моро  руҳбаланд намуд. Мо аз фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазифаи раиси шаҳри Душанбе буданашон  огоҳем ва боварӣ дорем, қи  аз ӯҳдаи ин масъулияти бузург низ сарбаландона мебароянд. Фаъолияти то  имрӯзаи  Рустами Эмомалӣ собитгари дорои андешаҳои бузург будани уст.

Аз номи устодони кафедраи забони тоҷикии ДДБ ба номи Носири Хусрав :  Бо ташаббусу дастгирии Ҷаноби Олӣ Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  кишвари  ҷавони мо  – Тоҷикистони азиз ҳар  сол аз нав  ҷавон мегардад. Ин моро  рӯҳбаланд менамояд, ки барои ободию рушди кишвар ҳаррӯза бо ҷидду  ҷаҳд заҳмат кашем.  Ҳар як навгоние, ки дар ҷумҳурӣ пайдо мегардад  моро ба дастовардҳои наву тоза раҳнамоӣ мекунад.

           Ба вазифаи раиси  Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардидани  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ аз он башорат медиҳад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонони лаёқатманд таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Мо аз ин иқдоми  нек рӯҳбаланд гардидем ва боварӣ дорем, ки ин  роҳбари ҷавон тамоми донишу малакаи зеҳнӣ ва  ақлонии худро баҳри рушди кишвари  азиамон Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Устодони факултети филологияи  тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардидани  Рустами Эмомалӣ муждаи нек аст, ки  донишҷӯён ва устодони кафедраҳои методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ва рӯзноманигории  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро  хурсанд намуд.  Масъулияти баланди роҳбарӣ ба ӯ  на танҳо аз боварии намояндагони мардумӣ , балки тамоми ҳамватанонамон дарак медиҳад.  Гарчанде Рустами Эмомалӣ то ба ин  замон дар мансабҳои  гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудаасту таҷриба дорад. Дар кадом соҳае фаъолият накарда бошад, барои  ободии Тоҷикистони азиз саъй намудааст.Имрӯз пойтахти кишварамон –Душанбе ба куллӣ тағйир ёфтааст. Биноҳои баландошёнаву гулгаштҳои   зебо, роҳҳои  васею корхонаҳои нав, майдончаҳои варзишиву боғҳои сабзу гулпӯш  симои шаҳрро назаррабо намудаанд. Мо,  устодони донишгоҳ  боварӣ дорем, ки роҳбари ҷавон ва масъулиятшинос Рустами Эмомалӣ баҳри рушди мамлакатамон  дониш ,неру ва маҳорати сарвариашро истифода  мебарад.

Барои мо – ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав  ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои хеле хушу пазируфтании рӯзҳои ахир ба ҳисоб меравад. Рустами Эмомалӣ воқеан аз ҷумлаи сиёсатмадорони ҷавону шинохта ва серғайрати тоҷик аст, ки дар як муддати кӯтоҳи дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудан тавонист, худро ба таври мусбӣ муаррифӣ намояд ва ба бовариву эътимоди кулли сокинони ҷумҳурӣ сазовор гардад. Махсусан, фаъолияти дар даврони шаҳрдори шаҳри Душанбе будани мавсуф хеле назаррасу қобили ситоиш аст. Бо саъю кӯшиши муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвари азизи мо – шаҳри Душанбе симои худро ба куллӣ дигар кард ва ба як шаҳри зебои афсонавӣ табдил ёфт. Боварӣ дорем, ки дар вазифаи нав низ, ки масъулиятшиносии зиёдро тақозо дорад, муҳтарам Рустами Эмомалӣ муваффақона фаъолият хоҳад кард.

Барои мо омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки   имрӯз аъзоёни Маҷлиси миллии мамлакатамон Рустами Эмомалиро ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Рустами Эмомалӣ бо хизматҳои шоёну ватандӯстонаи худ дар раванди фаъолияти корияш дар ободонии мамлакатамон саҳми калон гузоштаанд. Мо боварӣ дорем, ки минбаъд низ Рустами Эмомалӣ дар ин вазифаи пурмаҳсул зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои шоёни худ дар гулгулшукуфии мамлакатамон саҳми муносиби худро мегузорад .