Рустами Эмомалӣ роҳбари хирадманд

Имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Мо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хурсанд ҳастем, ки тоҷикписари ҳамватанамон соҳиби ин вазифа шуданд ва мо тарафдори Рустами Эмомалӣ ҳастем.

Ояндаи ҳар халқу миллат ба ҷавонони он вобаста аст, зеро ҷавонон нерӯе ҳастанд, ки метавонанд фардои моро дурахшон бисозанд. Ин воқеъиятро пай бурда, солҳо қабл Сарвари давлат гуфта буд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд».

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ Шумо арзандаед ва меарзед. Он пешравиҳое, ки Шумо дар як муддати кутоҳ дар пойтахти мамлакати азизамон шҳри Душанбе тағйироти нотакроро кардед ва мардум бофароғат гаштугузор намуда, аз он шод ҳастанд. Ин ҳама хизматҳои Шумо дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Мо аъзоёни ҷавонони донишгоҳи номбурда бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шумо муҳтарам Рустами Эмомалӣ фахр мекунем.

Зинда бод, Тоҷикон.

Зинда бод, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Зинда бод, Рустами Эмомалӣ.

 

 

Файзализода Баҳрулло Файзалӣ,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,

мудири кафедраи умумидонишгоҳии

технологияи иттилоотӣ.