Рустами Эмомалӣ сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист

 

Зиндагӣ чун оби равон мудом ҷараён дорад. Ҷавонон пир мешаванд, ки бо дуои онҳо насли нав ҷойгирони сазовори эшон мегарданд.

         Сиёсатмадори варзида Маҳмадсаид Убайдуллоев низ миссияи таърихиашро адо намуд. Ҳуқуқи комили давлати пирӣ рондан дорад.

Барҳақ Рустами Эмомалӣ аз лаҳзаҳои нахусти ба сиёсат гом ниҳодонаш рӯз ба рӯз пухтаву солор гардид ва имрӯз ба як шахсияти сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳуқуқи комил дорад, ки вазифаи пуршарафи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро адо намояд. Вазифаи пуршараф ва хеле масъулиятнок аст, вале ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои бошарафона мебароянд, Рустами Эмомалӣ низ. “Ҳар кӣ об аз дами шамшер хӯрад, нӯшаш бод!” 

 

 

 

Муродиён Ҳасан Ғуломзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав