МУРОҶИАТНОМАИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

(18 апрели соли 2020, шаҳри Бохтар)

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мо – мардуми сарбаланди Хатлон бо таъмин будани сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ дар кишвари азизамон, ба рушду инкишофи минбаъдаи давлатамон эътимоди комил дошта, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кору зиндагӣ карда истодаем.

Дар шароити имрӯзаи созгори Ватани маҳбубамон, ки бевосита натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самарабахши барномаҳои ҳадафраси кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба ҳамаи сокинони баору номуси вилоятамон имконият фароҳам омадааст, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем.

Тоҷикистони мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири ҳолати печидаву душвори дунё наметавонад дар амон монад. Пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникиву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Вобаста ба вазъи баамаломада аз ҳар як шаҳрванди мамлакат даъват мекунем, ки дар пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии ин вабо дар қаламрави ҷумҳуриамон тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо саҳми шоистаи худро гузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, то ки дар кишвари мо он паҳн нагардад ва ба мардум сироят накунад. Мо низ бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъалаи ҳифзи саломатии худ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамкории хешро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ дареғ надорем.

Моро дар пеш ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ интизор аст. Дар таҷлили сазовори ин ҷашн ҳар як нафар метавонад бо тозаву озода нигоҳ доштани манзил, таъмини шароити арзандаи зисту таҳсил барои фарзандон, ободонии маҳал, истифодаи самараноки обу замин саҳми намоён гузорад.

Пойбанди тарзи ҳаёти солим будан, тозагиву нафосат, поку озода намудани маҳалли зист, ободониву хуррамгардонӣ яке аз суннатҳои мардуми мост, ки чунин муносибат ба саломатӣ ва ба муҳити зист метавонад омили муҳимми пешгирӣ аз пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ гардад.

Аз вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят, маҷлисҳои шаҳрию ноҳиявӣ, ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони маҳал даъват менамоем, ки дар миёни мардум корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду-се ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ вусъат бахшанд. Бояд дар якҷоягӣ аз эҳтимоли ба тарсу таҳлука афтодаи омма пешгирӣ намоем, зеро зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад.

Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд тозагиву қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя намуда, шаҳрвандонро ба истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигию наздиидоравӣ ҳидоят кунем. Шукронаи онро мекунем, ки иқлими кишварамон, бахусус замини киштбобу зархези Хатлонзамин имконият медиҳад, ки дар сурати оқилона истифода бурдани он ва ташкили гармхонаҳои доимию мавсимӣ солона то 3-4 ҳосил ба даст оварда, аҳолии кишварро дар тамоми фаслҳои сол бо сабзавоти тару тоза, маҳсулоти хушсифати ғизоӣ таъмин намоем. Ба ин васила шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда, амнияти озуқавориро дар Тоҷикистони азизамон пурра таъмин хоҳем кард.

Имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сабаби буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодиву молиявӣ номуътадил буда, тибқи арзёбии Роҳбари давлатамон, ин вазъ аз нигоҳи амниятиву бехатарии ҳар як давлат ва шаҳрвандони он махсусан аз ибтидои соли 2020 нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнину хатарноктар гардида истодааст. Қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки бо дарназардошти вазъи баамаломада ва таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар бораи муваққатан манъ намудани намозгузории дастаҷамъӣ дар масҷидҳо қабул гардидааст, инчунин тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро доир ба пешгирӣ аз хуруҷи вабои коронавирус бояд ҷиддан риоя шавад. Зеро саломатӣ неъмати бебаҳост ва тибқи фармудаҳои шариати ислом низ ҳифз намудани саломатӣ фарз асту дар мартабаи аввал меистад.

Дар ин рӯзҳои ҳассос расонидани ёрӣ ба ятимону бепарасторон, пирони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоат, анҷом додани амалҳои хайру савобро низ набояд фаромӯш созем.

Мо бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, раванди созандагиву бунёдкорӣ, кишти баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем, хулоса ҳар яке дар ҷойи кори худ содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва ҳамдигар собит намоем.

Саноатикунонии босуръати мамлакат, ки аз ҷониби Пешвои миллат яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон гардидааст, барои боз ҳам таҳким бахшидани иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Бо таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ, инчунин сардхонаҳо дар ҳар як ноҳия ва маҳалли дурдасти мамлакат ҳам имконияти захира намудани ҳаҷми кофии маводи озуқа фароҳам меояд ва ҳам аҳолии қобили меҳнат бо шуғли доимӣ таъмин мегарданд, ки дар татбиқи ин ҳадафи созанда соҳибкорони бонангу номуси вилоят, ободгарони воқеии Ватан метавонанд ҳиссаи намоёни худро гузоранд. Дар доираи Соли чароғонкунии шаҳраку деҳот эълон гардидани соли 2020 рӯшан намудани маҳалли зист, кӯчаву роҳҳо, назди хонаву дар, коргоҳу муассисаҳо нишонаи ободиву осудагии мамлакат буда, аз азми мардум ба корҳои созандагӣ дарак медиҳад.

Ҳидоятҳои Сарвари мамлакат дар мавриди таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, бунёди хонаву фароҳамории беҳтарин шароити рӯзгор, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, инсондӯстӣ, ахлоқи ҳамида, бедор намудани рағбати онҳо ба мутолиаи асарҳои бадеию таърихӣ, омӯхтани илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қарор бигирад.

Бовар дорем, ки мардуми шарафманди Хатлонзамин дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш ташаббускору пешсаф гардида, дар якҷоягӣ ба рӯзу рӯзгори шоиста, татбиқи ҳадафҳои олии стратегии мамлакат ноил хоҳем шуд.

Муроҷиатномаи мазкур дар маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон 18 апрели соли 2020 қабул гардидааст.