Омӯзиши мактаби сиёсиву роҳбарии Рустами Эмомалӣ

Мардуми тоҷик яке аз халқҳои соҳибмактабу тамаддунофари олам маҳсуб ёфта, бо эҷоду корнамоиҳои фарзандони бо ору номусаш аз давраҳои қадим то ба имрӯз дар ташаккули ҷомеаи мутамаддини инсонӣ саҳми арзандаи хешро гузошта меоянд. Мактаби адолатпешагӣ, раиятпарварӣ, сохторбандии усули мутамаддини идоракунии давлатӣ ва ободонию созандагӣ чун яке аз хусусиятҳои хоси табиату ниҳоди мардуми тоҷик мебошад.

Хушбахтона, дар замони истиқлолият бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неку суннатҳои давлатдории аҷдодонамон аз нав эҳё шуда,  мавриди истифода қарор гирифт, ки боиси ба воя расидани мутахассисони сатҳи баланди касбӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла дар ҷодаи сиёсат гардид.

Воқеан ҳам, яке аз чунин шахсиятҳои шинохтаю кордон раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ба ҳайси роҳбари кордону фидоии миллат дар ободонию созандагии пойтахти азизамон чун раиси навовару бунёдкор маъруфи халқи Тоҷикистон ва берун аз он гардидааст.    

Ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нишонаи боварию эътимоди хоси тамоми сокинони Тоҷикистон ба мактаб ва усули роҳбарияшон мебошад.

Дар воқеъ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷанбаҳои гуногуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун шахсияти навовар ва бунёдкору созанда фаъолият кардааст. Дар муддати чанд соли раисии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе як қатор иншооти ҳаётан муҳим сохта ба истифода дода шуданд, ки дар рушду нумуи кишвари азизамон нақши бориз доранд. Корҳои ободонию бунёдкорӣ ҳанӯз ҳам идома дошта, пойтахти кишвари азизамон Тоҷикистонро чун яке аз шаҳрҳои зебою дилоро дар минтақа гардонидааст.

Ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазифаи ба тозагӣ интихоб шудаашон ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдборию комёбӣ ва дастовардҳои баланд таманно дорем.

 

Тағойзода Саидмурод Қудратулло, мудири осорхонаи

таъриху кишваршиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав