Рустами Эмомалӣ сиёсатмадори варзида ва ифтихори тоҷикон

 Халқи тоҷик ҳамеша аз қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи худ, чун Рустаму Суҳроб, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаву Эмомалӣ Раҳмон, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва ҳазорон нафари дигар ифтихор дошт ва дорад. Дар замони муосир дар баробари садҳо нафар ходимони давлативу ҷамъиятӣ, Рустами Эмомалӣ чун ҷавони фарҳангдӯст, созандаю бунёдкор, қавиирода, сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва ватандӯсту худогоҳ шинохта шудааст.

Рустами Эмомалӣ аз саргузашту корнамоиҳои қаҳрамонону фарзандони ғаюри миллат хуб огоҳ буда, ҳар ҷое, ки фаъолият намудааст, дар таъмини сулҳу субот, зиндагии осоишта, рушду таҳкими раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, муаррифии дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва амсоли ин саҳми шоиста гузошта меояд.    

         Қайд намудан зарур аст, ки Рустами Эмомалӣ дар вазифаҳои пурмасъул, аз ҷумла сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2017 инҷониб ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти пурсамару омӯзанда дорад. Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои ӯ дар шаҳри Душанбе садҳо иншооти таиноташон гуногун сохта шуда истодаанд, ки симои пойтахти азизамонро боз ҳам зебову дилрабо менамоянд.

Баъд аз шунидани он, ки Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, хурду бузурги кишварро шодиву нишоти зиёд фаро гирифт, зеро ҳар ҷое, ки ӯ фаъолият намояд он соҳа ба пешравиҳои азим рӯ ба рӯ мегардад.

Пушида нест, ки Рустами Эмомалӣ чун сиёсатмадори ҷаҳонӣ бисёр маслаҳои давру замонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бидиҳад. Ба ин васила дар таъмини зиндагии шоиста мардум саҳми муносиб дорад. Аз ин рӯ, бо боварии том метавон гуфт, ки дар раванди фаъолияти минбаъда ӯ метавонад ба пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон таъсири хуб гузорад.

Қайд намудан зарур аст, ки Рустами Эмомалӣ имрӯз миёни сиёсатмадорони ҷаҳон соҳиби обруву эътибори баланд аст. Мактаби сиёсиву роҳбарии ӯ боиси омӯзиш ва пайравӣ ҳазорон ҷавонони кишвар мебошад. Бо интихоб ва таъин шудан ба раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ метавонад дар қабули қонунҳои муҳим барои ҷомеаи кишвар саҳми арзанда гузорад.

Умед дорем, ки халқи шарифи Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи ӯ буда, барои амалигардии ҳамаи нақшаву ҳадафҳои созандааш ёрии худро мерасонанд.

Дар ин кори пурмасъулият ба Рустами Эмомалӣ барору комёбӣ таманно намуда, хоҳони пойдории истиқлолияту ваҳдати комилро дар ватан дорем.

  

Рустамзода Муқаддас Рустам, декани факултети

забон ва адабиёти русии ДДБ ба номи Носири Хусрав