АҲАМИЯТИ ТАТБИҚИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ БА МАНФИАТИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо, вусъат пайдо намудани муборизаҳои геопалитикӣ аз олимону муҳаққиқон ва зиёиён тақозо менамояд, ки барои устувор нигоҳ доштани асолати миллии худ аз василаҳои гуногун истифода намоянд. Бо дарки зарурати ин масъалаи муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021-ро бошад солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар ин замина, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузашта истодаанд, ки он ба рушди инфрасохтори ин соҳаҳо таъсири амиқ мерасонад.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз ин ҳама ташаббусҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дарёфти чеҳраҳои нави ҳунармандон, эҳёи касбҳои азбайнрафтаистода ва рушд бахшидани кори онҳо мебошад. «Фарҳанги анъанавӣ (ҳунарҳо), ки решаҳояш аз қаъри қарнҳо об мехӯрад, комёбии миллии халқи тоҷик маҳсуб мегардад. Дар ҷумҳурӣ дар бисёр марказҳо ҳунарҳои анъанавӣ, аз ҷумла Хуҷанд, Кӯлоб, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Дарвоз, Қаротегин, Ҳисор, Қаротоғ, маҳалҳои мухталифи аҳолинишини Бадахшон ва ғайра маҳфуз мондаанд» [2, 27]. Имрӯз фарҳангу маданияти пурғановати халқи тоҷик дар шаклҳои гуногун ва ашёҳо то ба давраи мо омада расидааст, ки он бозгӯи урфу одат, зисту зиндагонӣ, тафаккуру завқи зебоипарастии халқи тоҷик мебошад. Тазаккур бояд дод, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду густариши соҳаи фарҳанг як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», «Дар бораи ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, «Барномаи давлатии рушди фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои бадеӣ – халқӣ барои солҳои 2009 20015», «Барномаи ҳифзи меъроси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020, «Баронмаи рушди соҳаҳои фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020» ва ғайра қабул шудааст, ки аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ин соҳаи муҳиму афзалиятнок дарак медиҳад.

Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Дар ин замина тамоми ташкилоту муассиса ва сохторҳои алоҳида нақша-чорабиниҳо тартиб дода, корро дар ин самт вусъат бахшидаанд. Зарур ва муҳим будани рушди соҳаҳои мазкур бори дигар аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар таърихи 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд. «Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад» [5, 22]. 

Дар воқеъ, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба таври густурда рушд намуда, дар муаррифии маданияту ҳунари асили халқи тоҷик ба ҷаҳониён замина фароҳам овард. Имрӯз тамоми ҷомеа дарк намудаанд, ки танҳо ҳунар ва донишу малака метавонад дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва унсурҳои халқӣ таъсиргузор бошад. Аз ин рӯ, тамоми зиёиёну сиёсатмадарон, ҷомеашиносу файласуфон, олимону муҳаққиқон ва ҳунармандону соҳибкоронро лозим аст, ки дар бунёду азнавсозии мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ки бозгӯи маданияти тоҷикон аст, тадбирҳои иловагӣ андешанд. Маврид ба зикр аст, ки фарҳангу маданият, мавзеъҳои таъриву фарҳангӣ ва ҳунарҳои қадимаи миллӣ ҳамчун соҳаҳои сарнавиштсоз ва такягоҳи боэтимоди маънавии ҷомеаи навини тоҷикон дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, муарифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар ҳудуди вилояти Хатлони имрӯза даҳҳо мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ мавҷуданд, ки бозгӯи таърихи қадима доштани ин мавзеъро мефаҳмонад. Дар китоби «Ховалинг ганҷинаи табиат ва тамаддуни башарӣ» оид ба ин мавзеъи биҳиштосо оварда шудааст: «Тоҷикистон яке аз кишварҳои бойи сайёҳӣ буда, ҳар гӯшаи он дар худ бисёр бойигариву ёдгориҳои муҳими таърихӣ ва табииро маҳфуз медорад. … шаҳрҳои Хутал дар миёни кӯҳҳо ниҳода аст ва ҳамчунин шаҳри Мунк ва шаҳри Ҳулбук ва Хутал дар миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст. Ва дар ин кӯҳ рӯдҳои бисёр аст. Ва ба наздикии Тирмиз ин обҳо ҷумла шавад ва дар Ҷайҳун уфтад. Ва Мунк аз Ҳулбук бузургтар аст. Ва хонаҳои ин ҳар ду ҷойгаҳ аз гил аст ва девори Мунк гаҷу санг аст» [1,4-5]. Имрӯз дар кишвар садҳо мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва фарҳангиву маънавӣ мавҷуд аст, ки пеш аз ҳама аз таърихи қадима доштани ин сарзамин дарак медиҳад. Танҳо дар як ё д усол наметавон ба рушди соҳаҳои мавҷуда рушд бахшид. Ин нуктаро Пешвои миллат ба таври зайл зикр доштанд: «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест» [5, 22].

Дар  хақиқат  фазои  озодиву  сулҳу  осоиштагӣ   ва  ваҳдату  ягонагист,  ки  имрӯзҳо  мо  озодона  дар  тамоми  ҷанбаҳои  иқтисодиву  иҷтимоии  ҷомеа  озодона  метавонем  кор  ва  фаъолият  намоем. Имрӯз  ҳамаи  мардуми   шарифу  сарбаланди  Тоҷикистон  бо  тамоми  ҳастӣ  дарк  менамоянд,  ки истиқлолият  муқаддастарину  азизтарин  неъмати  дунё,  рукни  асосии  давлати  озод,  рамзи  шарафу  номуси  ватандорӣ ва  нерӯи  такконбахши  ҳаёти  ҳаррӯзаи  мо  мебошад. Маҳз ваҳдат ва истиқлолият аст, ки деҳаҳо ободу зебо ва соҳаҳои сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ рушд менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки маҳз дар заминаи талошу заҳматҳои Президенти кишварамон давоми 28 соли соҳибистиқлолиамон мардуму халқиятҳои зиёд моро ба некӣ шинохтанд ва донистанд, ки тоҷикон соҳибтаъриху соҳибтамаддун буда, дар кишвари ободу биҳиштосо умр ба сар мебаранд. Манзараҳои зебо ва дилкаши Тоҷикистон, расму оин ва хислати меҳмондӯстиамон таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҷалб менамояд. Ва ҳамин аст, ки марҳила ба марҳила баробари ободу зебо гардидани ватанамон ташрифи сайёҳон меафзояд. Ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон, ба монанди Муъминободу Балҷувон, Шаҳритусу Носири Хусрав ва маркази вилоят шаҳри Бохтар, ки мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ доранд, барои ҳар як сайёҳ писанд аст.

Дар воқеъ, бо эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин соҳаҳои муҳиму таърихии халқи тоҷик дар замони муосир ба таври васеъ рушд намуда, ба таъмини аҳоли бо ҷойи кор ва сатҳи некуаҳволии сокинон замина мегузорад.

                           

Рӯйхати адабиёт ва манбаъҳо

  1. Амирхон С. ва дигарон Ховалинг ганҷинаи табиат ва тамадуни башарӣ // С. Амирхон., А. Саидмуминов., Б. Баҳодуров. – Бохтар, 2019. – 40 с.
  2. Бозтоби масъалаҳои фарҳанг дар ВАО (Маводи таълим барои донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ. Мураттиб ва муҳаррири масъул: Хоҷаева М.Ю.). – Хуҷанд: Меъроҷ, 2013. – 256 с.
  3. Шарипов А. ва дигарон Эмомалӣ Раҳмонов: Соли фарҳанги оламгир (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006.) // А. Шарипов., З. Сироҷов. – Душанбе: Деваштич, 2006. – 456 с.
  4. Шарипов А. ва дигарон Эмомалӣ Раҳмонов: Соли тамаддуни ориёӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005.) // А. Шарипов., З. Сироҷов. – Душанбе: Деваштич, 2006. – 442 с.
  5. Эмомалӣ Р. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018. – Душанбе, 2018.

 

 

 

Гулнора Шева – омӯзгори кафедраи забони тоҷикии ДДБ ба номи Носири Хусрав