ҲОСИЛНОКИИ БАЛАНДИ ГАНДУМ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

 

Иҷроиши дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, ки  ҳадафи стратегии давлат аст, олимони соҳаҳои гуногунро вазифадор менамояд, ки таъмини илмии азхудкунии оқилона ва истифодабарии самараноки сарватҳои табиии кишвар, таҳкими неруи табиию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳуриро тарҳрезӣ карда, барои амалӣ шудани он саъю кӯшиш намоянд.

Иҷроиши нақшаи озуқаворӣ ва таъмин намудани мардум бо ғизо барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоиста яке аз ҳадафҳои зарурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гандум барои мардуми Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ғизои асосии карбогидратӣ ба шумор меравад. Барои парвариши гандум мувофиқ будани шароити иқлим ва таркиби хоки сарзамини Тоҷикистонро олимон Марко Поло ва Н.И. Вавилов дар асарҳои илмии худ қайд кардаанд. Аммо олимони номбурда танҳо нисбат ба шароити иқлим ва заминҳои доманакӯҳҳои Помир, водии Лахш ва Ҳисор далелҳо овардаанд.

Вобаста ба мавқеи географии водии Вахш ва Панҷи Ҷануби Тоҷикистон, ки иқлими гарм дошта, норасоии об дар таркиби хок дида мешавад ва дар баъзе мавзеъҳояш бинобар баланд будани обҳои зеризаминӣ таркиби хокаш намакҳои карбонатӣ, сулфатӣ, хлоридӣ ва омехта доранд, маълумот камтар аст.

Зиёдшавии аҳолии кураи замин ва таъмин намудани онҳо бо ғизо масъалаҳои чиддии даврони муосир мебошанд. Аз ин лиҳоз, аз ҷиҳати илмию амалӣ таҳқиқи таъсири тағйирёбии иқлим бисёр муҳим аст.

          Гандум яке аз зироатҳои  зарурӣ барои қонеъ намудани талаботи мардум ба ғизо буда, маҳсулоти аз он тайёркардашуда талаботи зиёда аз 35%-и аҳолии рӯйи заминро қонеъ менамояд. Зарурати гандум ҳамчун озуқаворӣ, асосан, аз рӯи таркиби химиявиаш, сифатҳои технологии озуқавории аз он тайёршаванда муайян карда мешавад. Ин сифатҳояш ба хусусияти навъ ва шароити парвариши он алоқаманд аст.

Дар ҷаҳон аз соли 1961 то инҷониб ҳосилнокии гандум дар Хитой аз 5, 6 то 47, 4 т/г, Россия аз 9, 9 то 24, 5 т/га ва ШМА аз 16, 1 то 30, 2 т/га баланд рафтааст, ки дар барои ба ин натиҷа расидан корҳои зиёде дар ҷодаи технологияи коркарди замин, дурагакунӣ ва интихоби навъҳои гандуми серҳосил ва устувор ба иқлим, истифодаи макро, мезо ва микронуриҳо, заҳрхимикат ва муборизаи биологӣ зидди касалиҳои растанӣ аз тарафи олимони химия, биология ва соҳаи кишоварзӣ ба анҷом расонида шудааст.

Тоҷикистон дар истеҳсоли гандум дар ҷаҳон мавқеи бузургро надошта бошад ҳам аз ҳисоби ғаллаи истеҳсолшуда дар заминҳои кишвар аз  3/1 ҳиссаи талаботи мардумро ба ғизо таъмин менамояд. Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумат, Академияи кишоварзӣ ва Вазорати кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳосилнокии растаниҳои ғизоӣ  вазифаҳои мушаххас гузоштааст.     

Яъне, саноати аграрии Тоҷикистон бояд стратегияи илмӣ-амалии худро нисбати тухмии навъҳои ватанӣ, технологияи кишт ва афзоиши онҳо, истифодаи макро, мезо ва микронуриҳо, заҳрхимикат, муборизаи биологӣ зидди касалиҳо дар растаниҳо, сифати таркибии маҳсулотро дошта бошад. Аз ҷумла, нисбат ба гандум, ки ғизои асосӣ барои мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.

Тавре гуфтем, барои нашъунамои гандум мувофиқ будани иқлими Тоҷикистонро дар асарҳои худ олимони бузург Марко Поло ва Н.И. Вавилов  қайд кардаанд. Шароити иқлимии кӯҳсори Помир ва водиҳои атрофи он имконияти дар масоҳати  васеъ кишт намудани гандумро медиҳад. Гандумро вобаста ба рангу сараки он ба намудҳои гуногун, ба монанди сафедак, сурхак, сурхаки баҳорӣ, уштурдандон, канагандум, каллакгандум, гулгандум, пахргандум, сиёҳдона, сурххӯша, сафедаки калон, сафедаки реза, сафедаки баҳорӣ ва ғайра ҷудо менамуданд. Ин маълумот аз маркази парвариши гандум будани Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, шаҳодат медиҳад.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гандумҳои мулоими зерин, ҷумла, Алекс, Норман, Ормон, Шумон, Файзбахш, Зироат-70, Истиқлол, Шокирӣ, Лалмикор-1 ва сахт ба хусус, Президент, Тоҷбахт, Қаҳрабо, Лалмикор-2, Шаъм кишт карда мешаванд. 

Тағйирёбии омилҳои иқлимию антропогении муҳити атроф ба растаниҳо таъсир намуда, хусусияти морфологии онҳоро тағйир медиҳад, тағйирёбии анатомӣ ва морфологӣ ба фаъолияти биохимиявӣ – физиологии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

         Гармшавии замин аз ҳисоби тағйирёбии омилҳои экологӣ барои инсоният хатари калон меорад, зеро ки ҳосилнокии тамоми зироатҳои кишоварзӣ якбора паст ва имконияти аз байн рафтани намудҳои гуногуни растаниҳо ба миён меояд. Яъне, аз меъёр баландшавии ҳарорат боиси бухоршавии оби таркиби хок ва хушкшавии қабати самаранокии реша ва баландшавии консентратсияи намакҳои минералӣ ба протсессҳои генетикию физиологӣ ва биохимиявии растаниҳо таъсир мерасонад.

Дар баландшавии ҳосилнокии гандум нақши муҳимро ҳалли мушкилот оид ба таъсири ҳарорати баланди экстремалӣ ба гандум, ки яке аз омилҳои амалӣ гардондани имкониятҳои устувории зироати номбурда аст, мебозад.

Ҳарорати баланди ҳаво, аз ҷумла шабона ва фарқияти на чандон зиёди ҳарорати шабонаву рӯзона, пастии намнокӣ ба кушода шудани масомаҳо оварда мерасонад ва растанӣ намиро чунон бухор мекунад, ки сохтори реша наметавонад талаботи зарурии растаниро ба об таъмин намояд. Дар натиҷа миқдори оби таркиби растанӣ дар як муддати кӯтоҳ кам мегардад. Дар ин ҳолат дар навбати аввал баргҳо осеб мебинанд. Қисматҳои ҷавони баргҳо хушк гашта, узвҳои генеративӣ осеб мебинад. Ҳатто таъсири начандон дарозмуддати ҳарорати гармии баланд ба растанӣ таъсири худро мерасонад. Бинобар вайрон шудани мубодилаи моддаҳо ва ҳосил шудани метаболитҳои заҳрнок ба инкишофи растанӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар бисёр растаниҳо давраи таъсисёбӣ ва ташаккули узвҳои генеративӣ, аз он ҷумла, барои гандум марҳилаи гулкунӣ ва ташаккули хӯша ва дон, давраи ҳассос ба ҳисоб мераванд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани хушкии атмосферӣ ва гармшавии хок ба инкишофи узвҳои бороваранда равандҳои аномалӣ таъсир мерасонанд, ки ба пастшавии бордоршавӣ ва ҳосил нашудани дон боис мегардад.

Дар давраи ҳассоси гандум, ҳатто дар сари вақт норасоии об, шиддатнокии равандҳои физиологӣ баланд мешавад. Дар баргҳо одатан миқдори оби озод зиёд гашта, дар рафти  инкишоф миқдори он кам мегардад. Миқдори оби пайваста, консентратсияи шираи ҳуҷайраҳо ва фишори осмотикӣ қисман паст шуда, тамоюли умумии онтогенезро вайрон мекунанд. Ҳамаи ин тағйирот ба пастшавии ҳосилнокии растаниҳо меорад.

Таъсири ҳарорати баланди экстремалӣ дар давраи ҳассос боиси афзудан ва ҷамъшавии (консентратсияи) шираи ҳуҷайра, баланд шудани раванди физиологии нафаскашӣ, камшавии ҳаракати ассимиляторҳо (хусусан ангиштобҳо), пурзӯршавии равандҳои таҷзияшавӣ, паст шудани фаъолнокии синтезкунии протеазҳо, камшавии нитрогени сафедавӣ бо афзудани намудҳои ҳалшавандаи он (ғайри сафедавӣ) мегардад, ки ин нуқсонҳо боиси кам шудани ҷузъҳои ҳосилдиҳанда, хурдшавии хӯша, донак, камшавии ҳосилнокӣ ва пастшавии сифати гандум мегарданд.

Таъсири манфии ҳарорати баланд ва зиёдшавии консентратсияи намакро дар таркиби хок бо роҳи ба таври муътадил бо об таъмин гардондан, истифодаи макро, мезо ва микронуриҳои минералӣ бо дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ пешгирӣ кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, камобшавӣ ва зиёд шудани консентратсияҳои намакҳо дар таркиби хок  дар давраи пайдоиши ҷузъҳои ҳосилдиҳанда боиси сар задани омилҳои номусоид шуда, сабаби паст шудани ҳосилнокии зироат мегардад.

Дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон, ки иқлими гарм ва хушк дорад, ҳарорат дар давраи сабзиш  ва инкишофи растаниҳо аз 30о С то 50о С мерасад ва ба хосиятҳои анатомӣ, морфологӣ ва биохимиявию физиологии растаниҳо, аз ҷумла растаниҳои хушадор таъсири манфӣ мерасонад.

Соли 4-ум аст, ки дар назди кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ ва биологияи умумии факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зери роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор Абдуллоев Абдуманон, унвонҷӯён  Резмонова Қурбоной Шариповна, Амиров Қиёмиддин Баҳоводинович, донишҷӯён Ғафуров Шаҳриёр Музаффарович ва Ёфтаков Ҳасан бо 112 навъи гандуми мулоими коллексияи ВИР (Всероссийский научно-исследовательский институт растениводства имени Н.И. Вавилов  Российской академии сельскохозяйственных наук) воридшуда барои ба шароити иқлими ҷануби Тоҷикистон мутобиқ намудан дар чор қитъа (қитъаи №1 истифодаи ҳама гуна коркардҳои агротехнологӣ; қитъаи №2 обмонӣ ва истифодаи нурии минералии нитрогендор; қитъаи №3 танҳо истифодаи обмонӣ ва қитъаи №4 бе истифодаи об ва нуриҳои минералӣ, аммо замини ҳамаи қитъаҳо шӯр аст) корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуда истодааст ва натиҷаи он дар конференсияҳои илмии умумиҷаҳонӣ ва .ҷумҳуриявӣ байни олимон барои таҳлил пешниҳод гардида истодаанд.

Мақсади асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии иҷрошудаистода ин интихоби навъи гандум аз коллексияи ВИР, ки ба шароити иқлимии ҷануби Тоҷикистон мутобиқ шаванда, яъне дорои омилҳои зерин:  ҳосилнокии баланд, таркиби донаш аз сафеда ва крахмал бой, устувор ба ҳарорати баланд, хушкӣ, замини шӯр, хобкунӣ, ба ҳашаротҳои зараррасон ва тезпазак мебошад.

Яке аз омилҳои муҳим муайян намудани вақт ва меъёри коштани гандум, панҷаронӣ ва истифодаи микро ва макронуриҳо мебошад. Аз ҷумла, панҷаронӣ – яке аз характеристикаҳои зарурии ғалладонагиҳо ба шумор рафта, аҳамияти амалӣ дорад, ба ҳосилнокӣ таъсир мерасонад. Мақсади биологии ин раванд, яъне аз гиреҳҳо пайдо шудани нуқтаҳои сабзиш аст. Хусусияти хоси ба вуҷуд омадани ин ҳодиса дар он аст, ки аз нуқтаи афзоиши зербарги аз реша боло, яъне қисмати зеризаминии гиреҳи навда ба амал меояд ва навдаҳои канорӣ панҷаронӣ шуда, навдаҳои нав ва решаҳои канориро ба вуҷуд меоваранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар растаниҳо танҳо ҳангоми таъмин будан бо ғизои пурра ва таъсири рӯшноии канорӣ аз гиреҳҳои буттаи болои хок  раванди панҷаронӣ ба амал меояд.

Ҳангоми мутобиқшавии навъҳои коллексияи гандуми мулоими ВИР ба шароити хушкӣ ва замини шӯр дар водии Вахш (шаҳри Бохтар) натиҷаҳои зерин гирифта шуд:

Ҷадвали 1. Муқоисаи характеристикаҳои морфологии навъҳои гандуми мулоими коллексияи ВИР дар шароити хушкӣ (лалмӣ) ва замини шӯр (лалмӣ). Адади бутта якто.

 

№ гандум Панҷа (шумора) Панҷаронии миёна Хӯша (шумора) Хӯшаи кӯтоҳ (см) Дарозии миёнаи хӯша, см Дона (шумора) Хӯшаи дароз (см) Дарозии миёнаи хӯша, см Донак (шумора) Ҳамагӣ, дона (шумора) Масса ( гр) Массаи 1000 дона (гр) Мас.1000 д + пакет (гр)
6 5 9,3 5 8 9,7 25 16 15,0 28 148 2,7058 7,3380 9,8780
9 9 11 22 15 33 279 5,8485
14 14 10 30 14 45 222 2,7524
32 5 8,7 5 12 11,0 33 14 13,3 42 148 6,1745 37,3203 40,2218
10 10 11 42 13 47 550 21,056
11 11 10 30 13 60 650 23,565
44 5 10,0 5 11 12,0 50 13 14,0 60 244 8,2810 34,8377 37,9781
10 10 12 53 14 55 478 16,997
15 15 13 48 15 70 498 18,992
92 13 19,0 13 10 9,3 38 12 12,7 50 510 24,489 49,5752 52,4379
15 15 8 33 12 43 460 20,101
29 29 10 50 14 88 1298 42,852
102 4 15,0 4 14 12,7 50 16 17,0 62 247 7,5719 38,2142 41,3754
15 15 13 48 19 78 401 24,155
26 26 11 41 16 58 599 34,785

 

Муқоисаи натиҷаҳои амалии афзоиши  навъҳои гандуми коллексияи ВИР  дар замини шӯр ва лалмӣ  чунин аст:

  1. Панҷаронии бештар дар навъи гандуми 92 (19, 0 адади миёна ), 102 (15, 0 адади миёна ) ва камтар дар гандуми 32, 6 ва 44 (8, 7-9, 3 – 10, 0 адади миёна) муайян гардид;
  2. Хӯшаи кӯтоҳ аз 9,3 – 9, 7 см навъи 92, 6 ва  аз 11, 0-12, 7 см навъи 32, 44 ва 102;
  3. Хӯшаи дарозтарин аз 12, 7 – 13, 3 см навъи 92, 32 ва аз 14, 0 – 15, 0 – 17, 0 см навъи 44,6,102;
  4. Шумораи миёнаи дона дар хӯшаи кӯтоҳ аз 25, 7-35, 0 дона дар навъи 6, 32 ва 40,3- 46,3-50,3 дона дар навъи 44, 92 ва 102;
  5. Шумораи миёнаи дона дар хӯшаи дароз аз 35,3- 49,7 дона дар навъи 6,32 ва 60,3- 61,7-66,0 дона дар навъи 44, 92 ва 102;
  6. Массаи 1000 дона гандуми 92 ба 49,5752  гр  ва  навъи  гандуми  6  ба 7,3380 баробар аст.

Ҷадвали №2 Муқоисаи характеристикаҳои морфологии навъҳои гандуми мулоими коллексияи ВИР дар шароити хушкӣ (лалмӣ) ва замини шӯр (лалмӣ). Адади бутта якто.

 

№ гандум Панҷа (шумора) Хӯша (шумора) Хӯшаи кӯтоҳ (см) Донак (шумора) Шумораи миёнаи донак Хӯшаи дароз (см) Дона (шумора) Шумораи миёнаи дона Ҳамагӣ дона (шумора) Шумораи миёнаи дона Масса( гр) Шумораи миёнаи масса (гр) Массаи 1000 дона (гр)
6 5 5 8 25 25,7 16 28 35,3 148 216,3 2,7058 3,7689 7,3380
9 9 11 22 15 33 279 5,8485
14 14 10 30 14 45 222 2,7524
32 5 5 12 33 35,0 14 42 49,7 148 449,3 6,1745 16,9322 37,3203
10 10 11 42 13 47 550 21,0567
11 11 10 30 13 60 650 23,5653
44 5 5 11 50 50,3 13 60 61,7 244 406,7 8,2810 14,7569 34,8377
10 10 12 53 14 55 478 16,9972
15 15 13 48 15 70 498 18,9925
92 13 13 10 38 40,3 12 50 60,3 510 756,0 24,4891 29,1477 49,5752
15 15 8 33 12 43 460 20,101
29 29 10 50 14 88 1298 42,8529
102 4 4 14 50 46,3 16 62 66,0 247 415,7 7,5719 22,1709 38,2142
15 15 13 48 19 78 401 24,1553
26 26 11 41 16 58 599 34,7856

 

Барои омӯхтани вобастагии  ҳосилнокӣ аз панҷаронӣ ва адади гандуми кошташуда таҷрибаҳоро дар 0,1мбо андозаи 3х3 = 864 дона, 4х4=500  дона ва 5х5=320 дона  барои муқоиса кошта шуд.

Аз ҷумла ҳосилнокӣ ва тағйирёбии таркиби донаки гандум вобаста ба ҳарорат, вақт омӯхта шудааст, ки натиҷаҳо чунинанд:

Ҷадвали №3 Натиҷаи таҳқиқоти  навъи гандумҳои  коллексияи ВИР дар шароити иқлимии ҷануби Тоҷикистон (дар шароити замини шӯр, бо истифодаи обмонӣ ва истифодаи нурии минералӣ 3-4 кг/га  карбамид, 5 кг/га фосфор) дар қитъаи №1.

 

№ гандум Шумораи до-нак дар хӯша Массаи 1000 дона гандум, мг .

Баркаши №1

Массаи 1000 дона  бо пакет (16.05.2019), №1 Баркаши №2-13.07.2019 Баркаши №3.

20.08.2019

Баркаши №4

28.09.2019

Х.хурд Х.калон Масса, мг Фарқият,мг Масса, мг Фарқият,мг Масса, мг Фарқият

мг

1 31 48 41,646 44,6948 44,7729 +0,0781 44,4528 -0,3201 44,3580 -0,0948
3 38,4482 41,1436 41,0966 -0,047 40,7357 -0,3609 41,0759 +0,3402
8 17 27 17,4479 20,3932 20,4472 +0,054 20,3290 -0,1182 20,4971 +0,1681
9 43 59 37,9553 41,0437 41,1012 -0,0575 40,8107 -0,2905 41,6769 +08589
13 53 71 44,4417 47,4562 47,2797 -0,1765 46,2797 -1,0000 47,3371 +1,2359
15 41 60 43,3002 46,6503 46,7256 -0,0753 46,7256 0,0000 46,7844 +0,0588
17 43 53 44,9981 48,0548 48,0636 -0,0088 47,7011 -0,3625 48,1075 +0,4064
20 37 59 28,6201 31,6711 31,8043 -0,1332 31,5548 -0,2495 31,8200 +0,2652
24 31 54 34,6967 37,5871 37,7216 -0,1345 37,3998 -0,3218 37,7313 +0,3315
27 37 69 48,7314 51,8169 51,8492 -0,0323 51,5760 -0,2732 51,7280 +0,1518
29 41,9763 45,4238 45,3547 0,0691 45,0475 -0,3062 45,3047 +0,2572
30 39 53 37,2235 40,3368 40,3967 +0,0599 40,3967 0,0000 40,5510 +0,1543
32 35 70 35,5747 38,5709 38,7365 -0,1656 38,7365 0,0000 38,8270 +0,0905
33 41 46 47,3987 50,4831 50,2244 +0,2587 49,2244 -1,0000 50,4245 +1,2001
34 37,0157 40,0277 39,9862 -0,0415 39,6888 -0,2974 40,0023 +0,3135
48 39,4197 42,5966 42,5556 -0,041 42,2595 -02961 42,7019 +0,4424
53 45 69 48,0994 51,1205 51,1328 -0,0123 50,8796 -0,2532 51,0798 +0,2002
55 53,1817 56,5452 56,4385 +0,1067 55,8977 0,5408 56,2150 +0,3173
56 49 61 31,6800 34,6600 34,6603 -0,0003 34,3648 -0,2955 34,6876 +0,3228
57 29,8419 32,7217 32,7123 +0,0094 32,5179 -0,1944 32,7587 +0,2408
63 45 65 44,1812 47,3070 47,0561 -0,2509 46,6632 -0,3929 47,0793 +0,4161
71 51,3259 54,0656 53,9975 -0,0681 53,5171 -0,4804 54,0085 +0,4914
72 68,9428 71,8511 71,6782 -0,1729 71,6261 -0,0521 72,3444 +0,7183
75 42,3677 45,5283 45,4954 -0,0329 45,1533 -0,3421 45,4570 +0,3037
77 34,5497 37,3665 37,3777 +0,0112 37,2015 -0,1762 37,5596 +0,3581
78 34 54 53,8561 57,0590 57,0036 -0,0554 56,5687 -0,4349 57,0275 +0,4588
80 25,4181 28,6616 28,4081 -0,2535 28,3433 -0,0648 28,5855 +0,2422
89 35,5023 38,4087 38,3125 -0,0962 37,8584 -0,4541 37,9663 +0,1079
90 41,4030 44,8300 44,8238 -0,0062 44,5352 -0,2886 44,9959 +0,4607
103 35 54 54,3701 57,3267 57,2820 -0,0447 57,1623 -0,1197 57,6655 +0,5032
109 50 70 24,2536 26,8257 26,8128 -0,0129 26,6113 -0,2015 26,8553 +0,2445

 

Дар муҳлати таҳқиқоти гузаронидашуда хулосаҳои зерини илмӣ-эксперименталӣ исботи худро ёфтанд:

  1. Меъёри баланди ҳарорати тулонӣ ҳосилнокии зироати гандумро то 2 маротиба кам менамояд;
  2. Мутобиқшавии растании гандум ба шароити иқлимии ҷануби Тоҷикистон аз генотип, истифодаи об, нуриҳои макро, мезо ва микронуриҳо вобаста аст;
  3. Дар рӯзҳои гарм зиёдшавии шиддатнокии транспиратсия боиси вайроншавии мувозинати об дар ниҳоли гандум (таносуби воридот ва хароҷоти об) гашта, дар натиҷа танқисии об ба назар мерасад, ки ҳатто ҳангоми кофӣ будани намнокии хок ҳам бартараф намешавад.
  4. Панҷаронӣ дар баландшавии ҳосилнокӣ таъсири мусбат дар заминҳои обёрикардашуда дорад, аммо дар замини лалмӣ ва шӯр таъсири манфӣ мерасонад;
  5. Металлҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол ба сабзиш ва афзоиши растании гандум аз ҳисоби ҳосилшавии ферментҳо дар давраи стрессӣ ба афзоиш таъсири мусбат мерасонанд.

 

 

Дар расм. Навъҳои гандуми мулоими коллексияи ВИР ва иҷроиши корҳои эксперименталӣ дар замини таҷрибавии факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар бо иштироки унвонҷӯ Резмонова Қурбоной Шариповна, н.и.х.қ Давлатов Бахтиёр Раджабович ва донишҷӯёни гурӯҳи 205 биология-экология.

     

 

Ғафуров Бобомурод Абдуқаҳорович доктори илмҳои химия,

дотсент, мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии

ДДБ ба номи Носири Хусрав,

 Резмонова Қурбой Шариповна унвонҷӯи кафедраи

биологияи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав