Шиносоии вазири маориф ва илм ба раванди корҳои сохтмонӣ ва истифодабарии замини хоҷагии ёрирасони донишгоҳ  

Рӯзи 21-уми апрели соли 2020 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, директори маркази таълимию методии назди вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад Раҷабалӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Исозода Диловар ва ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” шинос шуданд. Ҳангоми муаррифии лоиҳаи сохтмонӣ ба вазири кишвар ва дигар меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад. Аз ин рӯ, Раёсати донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои сохтмонии бинои замонавии муосир оғоз намуда, дар ин самт як қатор  корҳоро  ба анҷом расониданд.

Ба иттилои муовини ректори донишгоҳ оид ба иқтисод Бобоҷон Кибориён барои бунёди иншооти мазкур беш аз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Раванди корҳои сохтмониро бошад ҶДММ “Собир САМ” ба зимма дошта, айни замон корҳои сохтмонӣ дар зербиноӣ он бо маром идома дорад. Вазири маорифи кишвар ба муҳандисону сохтмончиён таъкид намуд, ки дар рафти бунёди иншооти мазкур масолеҳи сифатан баланди сохтмониро истифода намуда, ба устувории он диққати зарурӣ бидиҳанд ва иншоотро дар асоси талаботи замони муосир бунён намоянд.

  

Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи корӣ ба хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертӣ”-и шаҳри Левакант, ки ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” тааллуқ дорад, сафар намуд. Қайд намудан зарур аст, ки хоҷагии мазкур дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

– Дар қисмати боқимондаи замини таҷрибавӣ маҳсулоти дигари ниёзи аввал, аз қабили картошкаву пиёз, бодирингу помидор, ҷуворимака ва тарбузу харбуза кишт гаштаанд. Дар як қитъаи дигари замини хоҷагӣ парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимон ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин ҳайати устодону донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ ин мавзеъро барои амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода мебаранд. Имсол дар заминҳои ин хоҷагӣ беш аз 450 дарахт, аз ҷумла 300 адад дарахтони мевадиҳанда ва беш аз 150 адад дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст, – иттилоъ доданд масъулини хоҷагии ёрирасон  ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Вазири маориф ва илми кишвар ба роҳбари донишгоҳ ва масъулин ҷиҳати самаранок истифода намудани ҳар порча қитъаи замини хоҷагии мазкур дастурҳои судманд дода, дар ин самт маърифату муносибати ҳайати устодону кормандонро муҳим арзёбӣ кард.

Ректори донишгоҳ,  меҳмононро бовар кунонид, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва истифодаи замини хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертӣ” корҳоро тақвият бахшида, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил хоҳанд шуд.

 

 

 

Шарифов Сангимурод, сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав