Омӯзиш ва баррасии фаъолияти шӯрои ТИК дар донишгоҳ

 

Санаи 22-юми апрели соли 2020 дар толори китобхонаи электронии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бо иштироки Муҳайё Давлатова мушовири Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Шӯрои технологияи иттилоотии коммуникатсионии донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷамъомад муовинон, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултет ва устодони кафедраи технологияи иттилоотӣ иштирок намуданд.

Ҳангоми суханронӣ Давлатова М. зикр намуд, ки санаи 18.02.2019 №01/1-128 мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ гардидани Стратегияи давлатии “Технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 5.11.2003, №1174 тасдиқ гардидааст) ва талаботи банди 2 нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, №643 “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати таъсиси Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ирсол гардида буд.

   

Қайд намудан зарур аст, ки дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нақшаи кории Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ қабул гардида, барои татбиқи бандҳои он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

Дар охири ҷамъомад иштирокчиён миёни ҳам табодули афкор намуда, барои тақвияти минбаъдаи фаъолияти Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ пешниҳодҳо намуданд. 

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав