Дар ҷаҳони муосир асосан се масъалаи муҳимтарине вуҷуд дорад, ки кулли мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, тақозо мекунад, ки оид ба ин масъалаҳо чораандешӣ карда шавад: тағъйирёбии иқлим дар рӯи замин (обшавии пиряхҳо, гармшавии иқлим ва ғайра), таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ. Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд.

   Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланд роҷеъ ба оби 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, шомил намуд. Дар баробари ин, роҳбарони кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Ҳолланд, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва 7 нафари дигар узви “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” шудаанд.

     Тавре, ки Сарвари давлат дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об рӯзи 29-уми ноябри соли 2016 дар давлати Маҷористон баромад намуда, қайд карданд: “Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об чораандешӣ накунад, ин тамоюл бемайлон рушд ёфта, камбудии обро дар ҳама сатҳҳо шиддат мебахшад ва дар соли 2030 зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон ва то соли 2050 нисфи аҳолии сайёраро фаро хоҳад гирифт”.

     Бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

     Ҳоло барои наздик шудан ба истиқлолияти энергетикӣ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2 бо назардошти навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9, 6 миллион киловатт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз расонида шуд. Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба неруи барқ қонеъ намояд. Яке аз муаммои дигари дар ин соҳа вуҷуддошта, ин таъмини нокифояи неруи барқ дар фасли сармо мебошад. Ба гуфти коршиносони соҳа аҳолии шаҳри Душанбе агар дар фасли гармо 4-5 млн кВт соат неруи барқ истифода намоянд, дар фасли сармо ин нишондиҳанда ба 14-15 млн кВт соат мерасад. Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, мактабу беморхонаҳо барқ ҳаст, корхонаҳои саноатӣ пурра кор мекунанд ва умуман, лимити интиқоли барқ нисбат ба солҳои пеш ба куллӣ тафовут дорад.

     Тавре аз сарчашмаҳо маълум мегардад 55, 4 % ё ин, ки 64, 0 км3 захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал (115 км3) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар миқёси давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози боигарии захираҳои об дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъди Россия ҷойи дуюм ва дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум баъди Ҷумҳурии Чин, Федератсияи Россия, Амрико, Бразилия, Ҳиндустон ва Канада меистад. Дар шароити ҳозира бошад, аз ин захираҳои мавҷудбудаи гидроэнергетикӣ, яъне 527 млрд. кВт соат ҳамагӣ 4%-и он истифода мешавад, ки дар ҳаҷми 17, 2 млрд. кВт соат арзёбӣ мегардад.

     Имрӯз ҳиссаи неруи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98% неруи барқ аз истифодаи захираҳои обӣ тавлид мешавад ва ин аз бойгарии захираҳои об дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд.

     Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони солҳои 2015-2019, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Офатҳои табиии марбут ба об барои Тоҷикистон ҳамоно чун мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон кишварест, ки наваду се фоизи қаламрави онро кӯҳсори релефаш мураккаб ташкил медиҳад. Вале таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд ва дар баробари ин, даҳсолаи нави қабулшуда даҳсолаи пешинаро давом хоҳад дод.

     Боварӣ дорем, ки натиҷаҳои талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд.

     Ҳамин тавр, барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ ҳамчун масоили мубрами рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик гурӯҳи чорабиниҳои зеринро амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст:

– дуруст ба роҳ мондан ва мукаммалгардонии принсипи тақсимот ва лимити истифодабарии захираҳои обии минтақа. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон 55, 4% захираҳои оби минтақаро таъмин мекунад дар ҳоле, ки Қирғизистон – 25, 3%, Ӯзбекистон – 7, 6%, Афғонистан – 5, 4%, Қазоқистон – 3, 9% ва Туркменистон – 2, 4%-ро таъмин мекунад;

– саривақт азнавтаҷҳизонӣ ва барқароркунии иншооти гидротехникӣ;

– сохтану ба истифода додани нерӯгоҳҳои обии барқӣ (НОБ) дар нақша гирифта шуда (Роғун, Даштиҷум ва ғайра). Масалан, дар назар дошта шудааст, ки танҳо сохтану ба истифода додани НОБ-и Роғун ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидати калон мекунад.

     Акнун барои мо муайян намудан лозим мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб метавонад рушд кунад, яъне кадом намуди иқтидори иқтисодии мавҷударо истифода барад, ки фоидаи бештар ба даст орад. Аз ҳамаи иқтидорҳои ба иқтисодиёти мо хос буда, ин иқтидори захираҳои обӣ-энергетикӣ ба шумор меравад.

 

 Салихов С., омӯзгори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити

факултети менеҷменти ДДБ ба номи Носири Хусрав