Тибқи маълумоти сарчашмаҳои  боэътимоди байналмилалӣ, айни ҳол дар ҷаҳон беш 100 ташкилоти террористӣ амал мекунанд, ки дорои шабакаҳои фаромилӣ ва муташакили сохторӣ мебошанд. Давоми солҳои 1982-2002 дар ҷаҳон зиёда аз 250 амалӣ террористӣ аз ҷониби террористони худкуш ва аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудааст, ки дар натиҷа беш аз 3000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Соли 2011 дар маҷмӯъ, дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амалӣ террористӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12, 5 ҳазор одамон ҷон бохтаанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки терроризм ҳамарӯза домони нопоки худро васеъ намуда истодааст.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунон бо сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба доми аъзои гурӯҳҳои террористӣ  афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро олуда месозанд. Онҳо фирефтаи ҳавову ҳавас гашта, роҳи торику бебозгаштро интихоб мекунанд. Ободиву пешрафт ва шукуфоии имрӯзи  Ватанро дида наметавонанд. Қисме аз онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидаву  рӯзгори худро ба ҷаҳанам табдил додаанд. Дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандустӣ тарбия кардани насли наврасу ҷавон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн, мактаб ва дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа  маҳсуб меёбад.

Солҳои охир таҳсили илм кардани наврасону ҷавонон дар мактабҳои олӣ зиёд гардида, ин қишри ҷомеа имкон  пайдо намудаанд, ки дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошанд. Мо омӯзгорон пайваста дар ҳар соати дарсӣ аз боби муҳимияти ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои  милливу маънавии халқи тоҷик сухан мегӯем. Дарсӣ хештаншиносӣ ба муаррифии  муқаддасоти миллӣ ба насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки иқдомҳои ҷиддӣ аз сӯйи ҳукумати кишварамон дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум боиси пешрафту шукуфоии Ватанамон  гардидааст. Ҳамаи имкониятҳо барои рушд ва пешрафти насли наврасу ҷавон муҳайёст. Танҳо моро мебояд, ки муҳаббати толибилмонро ба Ватандорӣ афзуда, онҳоро чун ворисони бонангу ор тарбия намоем.  

           Мушкили дигаре, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон, хоса ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, нобаробарии дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар Паёмашон таъкид намуданд, ки таъмини волояти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Бо назардошти ин, вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар, фаъолияти худро дар самти  мубориза  ба зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташакил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиявии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд.

Мо омӯзгорон, волидайн ва ҳар фарди ҷомеъа вазифадор ҳастем садди роҳи шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро гирем, зеро мубориза алайҳи терроризм кори дастаҷамъист.

                                                                           

 

 

Насриддинов С., дотсенти кафедраи методикаи

таълими фанҳои табиатшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав