Ҳунари кандакорӣ яке аз навъҳои маъмули ҳунари аҷдодии тоҷикон маҳсуб меёбад. Хушбахтона, солҳои охир ҷавонон нисбати ин ҳунар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои омӯзишу азхудкунии он талош меварзанд. Махсусан, ҳузури пайвастаи донишҷӯён ба устохонаи факултети техникӣ-технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҳаяҷону изтироб ба кандакорӣ машғул шудани онҳо аз гуфтаҳои боло дарак медиҳад.

Ҳунармандӣ яке аз фазилатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбад. Мо ҷавонон  хурсанд ҳастем, ки имрӯз  толорҳои равшан дар мактабу китобхонаҳо, коллеҷу  донишгохҳҳо бо шароити мусоиди таълими замонавӣ фароҳам гардидаанд. Аз ин рӯ,  бояд масъулияти бештар эҳсос бикунем, зеро замони имрӯза аз  солҳои қаблӣ бо сураъати кайҳонӣ ва пешравии  техникаву илм фарқ мекунад. Насли ҷавону навраси солиму ояндасози мо ҳам набояд аз замона ақиб монанд.

Ҳунари кандакорӣ таърихи ҳазорсола дошта, намунаҳои он аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Вахш дарёфт шудаанд. Дар факултети техникӣ ва технологии донишгоҳ ҳунари кандакорӣ ба мо донишҷӯён омӯзонида мешавад. Дар устохона мо донишҷӯён пайваста ба омӯзиш ва аз худ намудани ҳунарҳои миллӣ машғулем. Бояд гуфт, ки санъати муосири кандакории чӯбӣ дар ду самт инкишоф меёбад:  мардумӣ ва касбӣ.

Дар расм маводи нимтайёрӣ кандакорӣ зимни фаъолияти як гурӯҳ  донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси технология омадааст, ки онҳо бо заҳмати зиёд рӯйи чуб гул метарошанд. Онҳо бо усули коркарди бадеӣ ва истифодаи  чӯб, санг, устухон, гаҷ, гил ва ғайра, ки бо роҳи кандану бурида гирифтан ҳунари мазкурро меомӯзанд. Ин ҳунар яке аз қадимтарин ва маълумтарин намуди санъати амалӣ маҳсуб ёфта, дар кишвари азизи мо зиёд рушд кардааст. Кандакорро бевосита дар меъмори (ороиши биноҳо), истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор ва ғайра истифода мебаранд. Устоҳои моҳир бештари чубро аз  арча, чанор, тут, чормағз, шумтолт, заранг, зерфун, арча, бед, сафедор ва амсоли ин ба кор  мебаранд.  Аз онҳо ашёҳои рӯзгор коса, табақ, кафш, ҷевонҳои замонавӣ, ашёҳои хурди лозима ва сутун, дару тирезаҳо, катҳои замонавӣ коркард менамоянд. Дар осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, биноҳои маъмурӣ ва дигар ҷойҳо намудҳои гуногуни кандакориро дидан мумкин аст. Қолабҳои махсус барои нусхапартоиву нақшунигорӣ ҳандасӣ ва (ислимӣ) матоъҳои пахтагӣ ва ғайра месозанд.

Ҳунарҳои дастии мо тоҷикон  гуногун буда, устоҳои моҳир кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ҷавонон нозукиҳои онро омӯзонанд. Аз ҷумлаи чунин ҳунарҳои арзишманд заргарӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, гулбасдӯзӣ, бурёбофӣ, гуппизанӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алачабофӣ, қолинбофӣ, кашидадӯзӣ, наққошӣ,  ресандагӣ, ҳайкалтарошӣ, бинокорӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ, кандакорӣ ва ҳунарҳои дигар мебошанд.

Мо ҷавонони даврони истиқлолият шукронаи ободию озодии кишвар намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо роҳи омӯзиши касбу ҳунарҳои миллии ниёгонамон дар рушду нумуи кишвар саҳмгузор бошем. Ҳамзамон ин ҳунари аҷдодии хешро дар тамоми минтақаҳои дохилу хориҷи кишвар ба таври васеъ паҳн намоем ва дигар ҷавонони бешуғлро барои омӯзиш ҷалб созем.

                                        Исмоил Намозов, донишҷӯйи курси  чоруми факултети техникӣ ва технологӣ