Санаи 23-юми апрели соли равон маҳфили навбатии “Рӯзноманигорони ҷавон”-и факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохта ба номи Носири Хусрав” баргузор гардид. Дар маҳфил яке аз рӯзноманигорони варзидаи кишвар, сармуҳаррири маҷаллаи вилоятии «Меҳровар» Шарофат Отаева иштирок намуданд.

Мудири кафедари рӯзноманигорӣ, дотсент Дилором Маҳкамова ба аъзои маҳфил ва иштирокчиён оид ба фаъолияти эҷодии Шарофат Отаева маълумот доданд.

Роҳбари маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон”-и назди кафедраи рӯзноманигорӣ Комрон Расулов қайд дошт, ки ҳамкории факултети филологияи тоҷик ва донишгоҳ бо идораи маҷаллаи “Меҳровар” хуб ба роҳ монда шудааст. Мақсади даъвати мо боз ҳам таҳким бахшидани робитаҳо мебошад.

Сипас, Шарофат Отаева аз фаъолияти корӣ, хотираҳо ва қадамҳои нахустин дар соҳаи журналистика ба аъзо ва иштирокдорон қисса кард. Мавсуф ба рӯзноманигорони ҷавон барои ноил гардидан ба муваффақият ва густурда ба роҳ мондани фаъолияти эҷодӣ тавсия дод, ки мутолиаи китобҳои соҳавию бадеиро ҳарчи бештар ба роҳ монанд.

Дар қисмати дигари маҳфил аз ҷониби аъзои маҳфил оид ба фаъолияти эҷодӣ, вазъи инъикоси мавзуҳои мубрами рӯз, интихоби касб, рӯ овардан ба соҳаи эҷод, мушкилоти соҳаи рӯзноманигорӣ ба сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” Шарофат Отаева саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Ҳамчунин мавсуф гуфт, ки идораи маҷаллаи “Меҳровар” барои қабули донишҷӯёни хоҳишманд барои ҳамкорӣ ҳамеша омода аст.

Дар охири чорабинӣ изҳори хушнудӣ карда шуд, ки чунин маҳфилҳои судманд бо иштироки рӯзноманигорони варзида ташкил карда мешаванд, ки такмилу дониш ва маҳорати касбии донишҷӯён, журналистони оянда замина мегузорад.

 

 

Далер Ибодулозода, котиби маҳфили

«Рӯзноманигорони ҷавон»