Ҳеҷ чиз дар дунё арзише надорад, агар саломатӣ набошад. «Аз марди фозиле пурсидаанд, ки дар умри 70-солаат чиҳо ба даст овардӣ, посух гуфтааст, ки ҳамачизро: дороиро, мақомро, обрӯйро. Боз пурсиданд, ки чиро аз даст додаӣ, ҷавоб гуфтааст, ки саломатиро, яъне он чиро, ки бо ягон сарвату дороӣ харида намешавад».

Оре, тани сиҳат, тандурустӣ ганҷи беқиёс аст ва ин ганҷ бойгарии ҳар як инсон дониста мешавад, ки онро ба чизе  иваз кардан нашояд. Ҳар як инсон бояд ин бойгариро ҳифз намояд, то ин ки  қиматтарин  сармояро аз даст надиҳад.

Имрӯзҳо паҳншавии пандемияи коронавирус бисёр мардумони кишварҳои оламро ба таҳлука овардааст. Аз ин вазъити баамаломада мо низ хело ҳам дар таассуф мебошем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин беморӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки пеши роҳи он гирифта шавад. Дар ин ҷода бояд мардуми кишвар низ бо риояи дурусти пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ амал намоянд.

Системаи асаби хуб асоси саломатии фард аст. Олимон чунин меҳисобанд, ки ҳар як фарди солимақл бо системаи олии асаб таваллуд мешавад. Пас вазифа аз ин иборат аст, ки ҳамин системаи асаб бо таъсири сухану забон, муносибату муошират ва амалҳое, ки ба ҷо меорем вайрон нашавад, баръакс он мустаҳкам гардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки системаи асабро пеш аз ҳама эҳсосоти манфӣ, муносибатҳои дурушт ва муоширатҳои таҳлукаомез вайрон мекунад. Агар эҳсос ва вазъи руҳӣ хуб бошад, саломатӣ ҳам хуб аст.

Қувваи сухан дар воқеъ, бузург аст. Чӣ хуб гуфтааст дар ин мавзӯъ Мавлонои Балхӣ: «Оламеро як сухан вайрон кунад». Аммо насли одамизод бояд на аз нерӯи харобиовар ва ҷангхези забон, балки аз ҷанбаҳои нарму сулҳовари он истифода намояд. Агар одамон тафоҳум ва фаҳмидани якдигарро пеша созанд ва дар ин роҳ аз корбасти суханҳои сахту дилозор худдорӣ кунанд, аснои душвортарин вазъият ҳам бо сулҳу салоҳ ва ҳусни тафоҳум ба даст хоҳад омад. Маҳз барои ҳамин ҳам Муҳаммад алайҳиссалом фармудааст: «Гуфтори нарм занҷири дилҳост».

Солимии ҷисмонию равонии шаҳрванд солимии оила, ҷомеа ва бойигарии асосии давлату миллат маҳсуб меёбад. «Агар қувваҳои бадан бар ақл ғолиб оянд, мувозинати табиату ниҳоди инсон вайрон мешавад. Бинобар ин хайрияти олии рӯҳ дар мувозинати ақлу ҷисм аст. Агар ҷисм солим бошад, рӯҳ низ саломат аст», – гуфтааст мутафаккири бузурги халқи тоҷику форс Абуалӣ ибни Сино.

Зимни андешаҳои боло ба мардуми шарифи кишвари азизамон муроҷиат менамоям, ки барои пешгирӣ аз ин ҳолати баамаломада худ ва наздиконро ҳифз намоянд. Ба фарзандон роҳҳои дурусти риояи гигенаи шахсиро омӯзонанд. Бар зидди ин вабои аср бо тозагию озодагии хеш  муборизаи беамон барем.

Арзиши саломатии Шумо бебаҳост.

 

 

Қурбонов Файзалӣ, дотсенти кафедраи

педагогика ва психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав