Таърих гувоҳ аст, ки инсоният дар тӯли мавҷудияти худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда, танҳо дар такя ба неруи ақлӣ аз хатари нестшавӣ раҳоӣ ёфтааст. Паҳн гардидани бемории коронавирус дар саросари ҷаҳон тамоми давлатҳоро нигарон намуда, барои раҳоии инсоният аз ин вабои аср аз ҷониби кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои умумиҷаҳонӣ чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Ба иттилои созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳоло ин беморӣ дар беш аз 200 давлати ҷаҳон паҳн шуда, ҷони ҳазорон нафарро аз байн бурдааст. Хушбахтона, то имрӯз ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

         Мутахассисони соҳаи тандурустӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии паҳншавии коронавирусро дар риояи ҳатмии гигенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ медонанд. Ба таври зуд паҳн шудани ин беморӣ дар ҷаҳон, ин риоя накардани талаботи беҳдоштӣ ва рафтани аҳолӣ ба ҷойҳои серодам арзёбӣ мешавад.  

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯз бисёре аз давлатҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии Соvid-19 парвози ҳавопаймо ва рафту омади шаҳрвандонро ба кишварҳои худ ва дигарон манъ намудаанд. Дар ин замина давлатҳои абарқудрати аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ дар натиҷаи чораандешиҳо ба мушкилоти дигар, таъмин карда натавонистани аҳолӣ бо озуқа рӯ ба рӯ гардидаанд. Ин ҳолат моро ҳушдор медиҳад, ки бояд дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешем. Муддати зиёд аст, ки дар доираи тадбирҳои қатъии бисёр давлатҳо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, масҷидҳо ва дигар корхонаву ширкатҳо баста шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамбастагӣ бо тамоми Вазорату Кумитаҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодаанд. Ҳафтаи сипаришуда ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, дар натиҷаи хулосаи коршиносон муваққатан фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ баста шуд, ки ҳолат бори дигар аз ғамхории давлату ҳукумат нисбати халқ дарак медиҳад. Ҳамчунин Шӯрои уламо дар баёнияи худ таъкид намудааст, ки дар масҷид гузоридани намоз, зиёфатҳои гуногун муваққатан манъ карда шуда, дар ин замина бояд ходимони дин, аҳли зиё мардумро аз вазъи ба вуҷудомада дуруст огоҳ намоянд. Дар н самт мавқеи ҳар нафар муҳим буда, метавонад дар пешгирии чунин бемориҳои сироятӣ таъсиргузор бошад.

Бояд қайд намуд, ки тарсу даҳшатафканӣ ба руҳу равонӣ инсон таъсири бад расонида, касро метавонад ба бемориҳои гуногун гирифтор кунад. Яке аз падидаҳои дигари манфие, ки дар ҷомеа рушд намудааст, ин дарк карда натавонистани воқеияти бавуҷудомада ва шарҳу тавзеҳи он ҷониби шахсони гуногун мебошад.

Дар ин самт мутассифона, имрӯзҳо бархе аз шаҳрвандони ноогоҳи кишвар дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳангомаҷӯйи намуда, мардуми осоиштаро ба таҳлука оварда, ба кучаи гумроҳӣ мехоҳанд роҳнамоӣ кунанд. Бояд шаҳрвандони кишвар дарк намоянд, ки муваққатан баста шудани муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ ин таъмини бехатарии шаҳрвандони кишвар мебошад. Ин ҳолатро бархе аз шаҳрвандон дарк накарда, ҳар гуна фикрҳои ба ҷомеаи мо зарароварро тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ баён намуда истодаанд. Ин гурӯҳ бо ин амалашон ба осоиштагӣ ва афкори ороми мардуми кишвар таъсири бад расонида истодаанд. Тамоми расонаҳои хабарӣ дар ин хусус иттилоти саҳеҳу боварибахшро ба ҷомеа пешниҳод намуда истодаанд.

Масъалагузориҳои чунин афрод, ки чаро фаъолияти бозору корхонаҳо манъ карда намешавад, ин танҳо бар зарари мо мебошад. Фаъолияти онҳо дар кишвар бо мақсади пешгирии касодии иқтисод мебошад. Аммо, аз чӣ сабаб бошад, ки ин ҳолатро чунин афрод дарк намекунанд. Дар ҳамин замина қайд намудан зарур аст, ки ҳоло дар сартосари кишвар баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ корҳои зиёде татбиқ шуда истодаанд. Пайваста ҷойҳои скродам, хусусан бозорҳо ва коргоҳу корхонаҳо аз тарафи мутахассисони соҳа безараргардонида мешаванд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз фаъолияти бозорҳо корхонаҳои истеҳсолӣ зери назорати ҷидии масъулин қарор дорад.

         Пӯшида нест, ки ҳоло ҷанги иттилоотӣ вусъати бештар касб намуда, шакл гирифтааст. Дарки воқеяти бавуҷудома барои ҳар кадом шаҳрванди кишвар ниҳоят муҳим буда, дар мавқеъгирии шаҳрвандон дар ин масир заминаи воқеӣ мегузорад.

         Бори дигар хотирнишон менамоям, ки мо бояд мардумро аз тарсу таҳлука муҳофизат намуда, барои маърифати чунин падидаҳои замон ёрии амалии маънавӣ расонем. 

 

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав