Балҷувон аз гӯшаҳои зебову қадимаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, мувофиқи нигораҳои таърихӣ ва тадқиқоти бостоншиносон дар ин сарзамин аз давраи асри санг одамон зиндагӣ мекарданд. Қалъаҳои Мир, Чорбоғ, Тӯпхона, Дектур, Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ, бошишгоҳҳои давраи асри санг дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳиди Бобохон гувоҳи таърихи бостонии ин гӯшаи диёр аст. Балҷувони имрӯза аз ҷумлаи ноҳияҳои зодаи даврони истиқлол буда, 2-юми феврали соли 1996 таъсис ёфтааст. Вақте, ки мо дар сайру тамошои ин ноҳия будем шоҳиди он гаштем, ки ин минтақаи кӯҳии табиати зебову афсонавӣ дорад, ки асрори он дар рӯдҳои Сурхоб, Оби Мазор, Тира, дараҳои дашти Ангора, Шикелдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, шаршараҳои Пушти Боғу Камолӣ, чашмаҳои шифобахш, намудҳои нодири ҳайвонот, рустаниҳои доруворӣ ва навъҳои дарахтони азимҷуссаи он нуҳуфтааст ва хело боду ҳавои форам дорад.

Балҷувон ноҳияи аграрӣ аст ва соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёташ мавқеи муҳим дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоюли болоравӣ дошта, сол ба сол афзун мегардад. Иқлими мусоиди ноҳия имкон додааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ парвариши картошкаву сабзавот, меваю ғалла ва чорводориро зиёд карда, то қадри имкон ноҳияҳои ҳамсояро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созанд.

Вале барои боз ҳам рушду нумӯи ноҳия захираву иқтидорҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Бавижа обёрӣ намудани заминҳои нави бекорхобида, ба таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳоти ноҳия мусоидат хоҳад кард. Бунёд намудани майдони боғҳои интенсивӣ, кишти картошка, тараққӣ додани соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ташкили инфрасохтори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ омили муҳими таконбахши рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия хоҳад буд. Дар ноҳия гиёҳҳои шифобахш ва  меваҳои буттагӣ хеле фаровон мерӯянд. Аз ҷумла, 145 навъи рустании доруворӣ, 47 навъи рустании асаловар ва 118 рустании дорои равғани эфир, ба қайд гирифта шудааст, ки ба коркард фаро гирифтани онҳо метавонад боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини эҳтиёҷмандон ба дорувории табиӣ, инчунин, рушди саёҳати табобатӣ  гардад. Хушбахтона, дар деҳоти Сари Хосор коргоҳи қабули гиёҳҳои шифобахш ташкил гардид ва то қадри имкон фаъолият мекунад.

Тавре мо шоҳид гаштем, воқеан имрӯз дар маркази ноҳияи Балҷувон ва аксар деҳоти он созандагиву бунёдкорӣ ба ҷабҳаи бузурги зиндагии сокинон табдил ёфтааст. Шумо агар ба ин ҷо сафар кунед, дар эъмори иншоот на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки намояндагони аксар шаҳру манотиқи ҷуҳуриро мебинед, ки паҳлуӯ ба паҳлӯи ҳам истода, якдилона заҳмат мекашанд. Ҳамин аст, ки имрӯз маркази ноҳия – деҳаи Балҷувон намои як шаҳраки зеборо гирифтааст. Махсусан роҳи Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, ки зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон 6-уми августи соли ҷорӣ пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, сокинони ду ноҳияро хеле хушҳол намуд. Дарозии роҳи мазкур қариб 43 километр буда, мушкили ронандагону мусофирон аз тариқи ин хатсайр пурра рафъ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ карданд. Ширкати «Элегант-Балҷувон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ моҳи ноябри соли 2018 оғоз шуда буд. Дар он коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда, 20 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин карда шуд. Тибқи маълумот, иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ буда, дар оянда ҳаҷми истеҳсол афзун гардонда, то 40 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд. Сарвари давлат дар деҳаи мазкур ҳамчунин хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд. Аз оби он 4 ҳазор аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва Солмолидашт истифода хоҳанд бурд. Сокинони ин се деҳаи ноҳияи дурдаст аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ солиёни зиёд танқисӣ мекашиданд. Пешвои муаззами миллат дар ноҳия тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон»-ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Тарабхона аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт метавонад ба 200 нафар хизмат расонад.

Инчунин дар деҳаи Шайдон корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Хӯҷаи сабз” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, дар он 20 сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шуданд. Дар мавсими ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа бошад, зиёда аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегардад. Сарвари давлат ҳамчунин дар ин деҳа майдончаи варзиширо ба истифода доданд. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ бунёд ёфт.

Сипас, дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои муаззам ҳамчунин дар мавзеи Пушти боғи деҳоти Сари Хосор меҳмонхонаи наву замонавии “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо имконоту шароити он аз наздик шинос шуданд. Меҳмонхона аз 3 ошёна ва нимтаҳхона иборат буда, дорои 30 ҳуҷра мебошад. 3 ҳуҷра дорои имкониятҳои хуб ва як ҳуҷраи дигар барои қабули меҳмонони олиқадр пешбинӣ гардидааст.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон низ, ки бо табиати афсонавии худ шуҳраи олам аст, Ҳукумати кишвар ҷиҳати ривоҷу равнақи ин соҳа тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, дар ин давра «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шуда, минтақаҳои Балҷувон, Ромит, Варзоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон мавзеъҳои туристӣ эълон гардиданд. Дар иртибот ба барномаҳои қабулшуда, соли 2017 дар кишвар Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфт. Дар баробари ин, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
Инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ рушд додани соҳа, соли 2018 аз тарафи Ҳукумати мамлакат як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, воридоти таҳҷизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида аз даромад  озод гаштанд. Аз 1-уми январи соли 2018 бошад, фурӯши маҳсулоти мардумӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат самараи нек ба бор оварданд ва сол ба сол ташрифи сайёҳонӣ хориҷӣ  ба кишвар меафзояд. Тибқи маълумоти оморӣ, агар соли 2016 аз Тоҷикистон сайёҳони 109 давлати ҷаҳон дидан намуда бошанд, ин рақам соли 2018 ба 146 расида, шумораи онҳо беш аз як миллион нафарро ташкил дод.

Бо итминон метавон гуфт, ки ояндаи соҳаи сайёҳии Ватани маҳбубамон нек аст ва мувофиқи пешгӯии  коршиносон солҳои наздик  Тоҷикистон, бо иқтидори туристии худ, имкон дорад ба яке аз кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ табдил ёбад. Ин дар навбати худ барои рушду нумӯи дигар соҳаҳо ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад намуд.

                                                Хайрзода Фирдавс  бақайдгирандаи маркази тестӣ дар факултетӣ иқтисотӣ