Имрӯз тасмим гирифтаем якчанд маълумоте дар бораи коронавирус 2019-n CoV (COVID-19) ва роҳҳои аз ин  сироят пешгириро бароятон пешкаш кунем. Коронавирус 2019-n CoV (COVID-19) мансуби оилаи коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Вирус якумин бор моҳи декабри соли 2019, дар шаҳри Уҳони мамлакати Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси маълумоти омори умумиҷаҳонӣ то имрӯз ба наздики 3 млн  ҳолатҳои сироятёбии одамон ба қайд гирифта шудааст ва ҳолатҳои фавти одамон низ ҷой дорад. Паҳншавии коронавирусро дар тамоми кишварҳои олам Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар дигар давлатҳо  ба қайд гирифтанд, вале дар ИМА ва Россия сироятёбии одамон ба вирус (COVID-19) дар сатҳи баланд қарор дорад. Хушбахтона, бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Лозим аст, ки ҳатман роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин коронавирусро донист.

Роҳҳои сироятёбӣ:

  1. Иртибот бо шахси бемор;
  2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;
  3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;
  4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта;

Роҳҳои пешгирӣ:

  1. Қоидаҳои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хӯрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.
  2. Пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромӯш накунед!
  3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!
  4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!
  5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!
  6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!

Инак, чи хеле мушоҳида кардед, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия медиҳем. Аксарияти одамон (тақрибан 80%) бе табобати махсус табобат гирифтанд. Агар шумо нишонаҳои сабук дошта бошед, то барқарор шуданатон дар хона бимонед. Шумо метавонед нишонаҳои худро сабук намоед, агар:

– Истироҳат кунед ва хоб кунед;

– Гарм кунед;

– Аз моеъ нӯшед;

– Барои сабук кардани гулӯ ва сулфа як стакон чойи гарм истифода баред ё души гарм гиред;

– Аз ҷиҳати психологӣ  рӯҳан афтода нашавед;

– Пеш аз ҳама ба овозаҳои дурӯғ бовар накунед. Ба худатон ва ояндаи некатон боварӣ дошта бошед.

Хушбахтона, то имрӯз дар кишвари мо ин бемории аср (COVID-19) ба қайд гирифта нашудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибони мо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Боварии комил дорем, ки олимони соҳаи тандурустӣ ҳар чӣ зудтар ваксинаи ин вирусро пайдо намуда, ҳаёти инсонҳоро ба пуррагӣ наҷот медиҳанд.

 

 

Раҷабзода Холмурод Ашур, дотсент,

муовини ректор оид ба тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав