Маълум аст, ки бемории коронавирус аз моҳи декабри соли равон дар кишвари Чин хуруҷ карда, баъдан ба мамлакатҳои Италия, Амрико, Русия ва ба дигар мамлакатҳо гузаштааст. Баҳри пешгирии ин беморӣ табибони тамоми кишварҳо мубориза бурда истодаанд, то пеши роҳи хуруҷи ин бемориро гиранд.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар корхонаву муассисаҳо оид ба пешгирии ин беморӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, то пеши роҳи ин беморӣ гирифта шавад. Аз ҷумла, то имрӯз як қатор тавсияҳои тиббӣ аз тарафи кормандони соҳа пешниҳод шудааст, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба манфиати кор аст:

– риоя намудани тозагии шахсӣ;

– бо даст салом накардан;

– аз ниқобҳои пахтагин истифода намудан;

– бештар истеъмол намудани хӯрокҳои серғизо ва махсусан маҳсулоти табиӣ;

– ба варзиш машғул шудан;

– худсарона ба ҳар гуна табобат машғул нашудан ва монанди инҳо;

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳар яки мо агар аз маслиҳату тавсияҳои табибон истифода намоем, ҳаргиз ба ин беморӣ гирифтор нахоҳем шуд.

Қобили ёдоварист, ки тамоми устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар асоси қарору дастурҳои марбута баҳри пешгирӣ аз ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ба шогирдон пеш аз машғулиятҳои ҳаррӯза ва дар дарсҳои тарбиявӣ фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд ва ҳамчунин дар роҳравҳо, кафедраҳо ва ҳар як синфхонаҳои таълимӣ маводи лозимаи тиббӣ дар гӯшаҳои тиббӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Боварии комил дорем, ки тамоми миллати тоҷик аз тавсиву маслиҳатҳои табибон истифода намуда, тану ҷисми худро аз ин бемории хатарзо – коронавирус ҳимояту эмин нигоҳ медоранд.

 

                            

 

Раҳмонов Маҳмурод, омӯзгор ва ҳамзамон

Раиси созмони ҷавонони факултети филологияи тоҷик