Ин саволест, ки қариб ҳамарӯза ҳар нафаре ба дигаре медиҳад. Ба иттилоъ ва тавсияи табибон риояи ҳатмии гигенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ омили асосии пешгирии бемории коронавирус мебошад. Роҳҳои гузаштани ин беморӣ тавассути чакраҳои оби бинӣ ва балғам, ки дар онҳо вирус мешавад, дар вақти гап задан, атса задан, сулфа задан аз як шахс ба шахси дигар мегузарад. Ҳангоми сулфидан ё атса задани ягон шахс мо бояд на камтар аз 3 метр қарор дошта бошем.

Воситаҳои пешгирии ин беморӣ: таъмини тозагии гирду атроф, бо собун шустани дастон, реҷаи корӣ ва истироҳатро риоя намудан, аз хоб сер шудан, дуруст ғизо хӯрдан, инчунин сабзавоту растанӣ, меваҷоту кабудиҳоро зиёд истеъмол намудан, пешбинӣ шудааст. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшидан хуб аст. Бисёртар метавонед ба варзиш машғул шавед, ба ҷойҳои серодам наравед ва аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунед.  Ҳангоми ба ягон табъи баланд ё зуком гирифтор шуданатон зуд ба беморхона муроҷиат намоед, то сари вақт шуморо дармон намоянд.

        

 

 Парвина Соқиева, омӯзгори

кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик