Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломадаи сирояти коронавирус дар изтиробанд. Албатта, табиист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.  

Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар кишварҳои Чин, Амрико, Русия, Италия, Испания ва дигар давлатҳо имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст.

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.Чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳ ва  баъзе афроди алоҳида аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд  мардумро  тарсонанд ё  ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Коронавирус беморӣ аст, муқобили он бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масъунияти бадан бояд мубориза бурд. Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва он нафаре, ки вориди кишвари мо мегардад, вобаста аст.

Аз ин лиҳоз ҳамаи моро месазад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат бовар накарда, аз дастуру маслиҳатҳои кормандонри соҳаи тиб пайваста истифода намоему риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намоем. Зеро нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба саломатӣ ва ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад.

 

  

Набизода Эмомалӣ, омӯзгори факултети

сиёсат ва идораи  давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав