Ҳунар сарватест, ки ҳеҷ гоҳ аз даст наход рафт ва шахси ҳунарманд дар зиндагӣ бологузару болонишин аст. Элон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум” ба рушду такомули соҳаҳои мазкур таъмири амиқ расонида. Бештар аз ҳама ин иқдомро ҳунармандон ба хубӣ пазируфтанд ва барои амалигардии он тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ намуда истодаанд. Яке аз чунин ҳунармандон Наҷмидинова Ҳабиба мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ин бонуи ҳунарманд соли 1969 дар шаҳри Бохтар дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Аз даврони мактабӣ то имрӯз ҳунари дӯзандагиро пешаи худ намудааст. “- Ҳунари дӯзандагӣ ҳунари авлодии мост”, – қайд кард зимни суҳбат. Ӯ аз рӯйи ин касбаш миёни ҷомеа, хусусан устодону донишҷӯён соҳиби обруву эътибори баланд аст. Ҳамагонон дӯсташ медоранд ва барои дӯхтани либос ба ӯ фармоиш низ медиҳанд.

Оилаи солим ва зиндагии пурсаодат дорад. Ҳабиба Наҷмиддинова соҳиби як духтар ва се набера мебошад. Духтари ягонааш ҳам ин касбро интихоб намуда, рӯзгори худро бо ин ҳунар пеш мебарад. Мавсуф касбашро хеле зиёд дӯст медорад ва лаҳзае аз он дар канор будан барояш мушкилтарин вақт аст.

Бояд қайд намуд, ки номбурда давоми 4 сол дар Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият намуда, ба занони зиёди хонанишин касби дӯзандагиро омӯзонидааст. Ҳунару маҳорати баланди касбии ӯро дигарон эҳсос намуда, барои фаъолият ба Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон даъват мекунанд ва дар ин ҷо 2 соли дигар фаъолият менамояд. Ин бонуи ҳунарманд беш аз панҷ сол мешавад, ки дар Маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба занону бонувон ва донишҷӯдухтарон касби дӯзандагӣ меомӯзонад.  Ҳамчунин дар гимназияи назди донишгоҳ ба хонандагон аз касби дӯзандагӣ низ таълим медиҳад. Номбурда аз он хурсанд аст, ки дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои руҳди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” яқ қатор ҳунарҳои миллӣ, хоса либосҳои тоҷикии мо аз байн рафта истода буд ва шукрона он дубора эҳё ва рушд намуда истодаанд.

Тазаккур бояд дод, ки ҳоло дар Маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллии зери роҳбарии ӯ 28 нафар донишҷӯдухтарон ҳунари дӯзандагӣ меомӯзанд. Ҳоло шогирдони ӯ дар баробари дӯзандагӣ аз уҳдаи қӯроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, муҳрабофӣ, кешбофӣ ба хубӣ мебароянд.

Шурӯъ аз моҳи апрели соли равон Ҳабиба Наҷмиддинова ҳамроҳи донишҷӯдухтарони шогирдаш барои пешгирии паҳншавии коронавирус беш аз 5 ҳазор ниқоб барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ омода ва дастрас намуданд. Ба иттилои мавсуф ҳар рӯз ба қадри 250-300 адад ниқоб аз тарафи онҳо омода карда мешавад. 

 

Азизаи Насрулло, донишҷӯйи соли

дуюми ихтисоси журналисттарҷумони ДДБ ба номи Носири Хусрав