Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хоса коронавирус дар ҷомеа дар асоси нақшаи кории ситоди мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” аз ҳисоби гурӯҳҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ корҳои безараргардонӣ дар тамоми утоқҳои корӣ ва гирду атрофи донишгоҳ гузаронида шуд.

Сардори ситоди донишгоҳ Миралӣ Фозилов зикр намуд, ки дар ин кор устодони факултети химия ва биология, аъзои ситод ва намояндагони воҳидҳои сохтории донишгоҳ иштирок ва дар кори безараргардонӣ саҳм гузоштанд.

      

Ба иттилои муовини ректор оид ба иқтисод Кибориён Бобоҷон дар анбори донишгоҳ маводи безараргардонӣ, аз қабили хлор ба қадри зарурӣ захира шудааст, ки аз он пайваста дар корҳои безараргардонӣ истифода менамоянд.

         Мутахассисони соҳаи тандурустӣ изҳор медоранд, ки пайваста баргузор намудани корҳои безараргардонӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ метавонад дар самти пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус мусоидат кунад. 

 

Сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии

ДДБ ба номи Номи Носири Хусрав