Имрӯзҳо дар асоси дастуру тавсияҳои табибони сироятшинос, раисони Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар тамоми бинову иншоот, гулгашту майдон, бозору нуқтаҳои сераҳолӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус корҳои безараргардонӣ бо ҷалби мутахассисону ниҳодҳои давлатӣ муташакилона идома доранд.

       Шаби гузашта кормандони Раёсати хадамоти оташнишонии вилоят ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар барои безараргардонии бинову иншоотҳои ёрирасон, синфхонаҳо, утоқҳои кории ҳар ду бинои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” сафарбар гардида, дар ин кори муҳим саҳмгузорӣ намуданд. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани корҳои безараргардонӣ ҳайати профессорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба роҳбарияти ниҳодҳои мазкур ва онҳое, ки ин дар кори муҳим саҳм гузоштанд, изҳори сипос менамояд.

       Қайд намудан зарур аст, ки ҳамарӯза аз ҳисоби гурӯҳҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ ва кормандони тиббии донишгоҳ низ дар ҳамбастагӣ бо дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ чунин корҳои безараргардонӣ доир карда мешаванд.

      Яке аз омилҳои асосии коҳиш ва ё пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 риояи даструҳои тавсиявии созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносони соҳа муҳим мебошад. Дар мадди аввал риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқоб, истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ ва амсоли ин аз ҳар фард тақозо карда мешавад. Барои худ ва атрофиён бетараф набудан нишонаи дарки дурусти ин масъала арзёбӣ мешавад.  

 

 Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав