Ректорати ДДБ ба номи Носири Хусрав аз 5. 05. 2020

Рӯзнома:

1.Ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар коллеҷи омӯзгории донишгоҳ (Гузориши раиси  комиссия, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, дотсент Раҷабов Неъматулло).

  1. Ҳолати феълии корҳои илми-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултети забони англисӣ (Гузориши раиси комиссия, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Маҳкамова Дилором).

3.Ҳолати журналҳои гурӯҳҳои академӣ дар факултетҳои донишгоҳ (Ахбори сардори раёсати таҳсилот ва деканҳои факултетҳо).

  1. Масъалаҳои ташкилӣ .

 

        Роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа «Ҳолати феълии таълиму тарбия ва низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар коллеҷи омӯзгории донишгоҳ» аз тарафи раиси комиссия, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, дотсент Раҷабов Неъматулло  гузориш пешниҳод гардид. Дар гузориши комиссия омадааст:

   Дар коллеҷ  65- нафар омӯзгори доимӣ ва 10- нафар ҳамкори дохила аз донишгоҳ кор ва фаъолият мекунанд.Аз омӯзгорони доимии коллеҷ 6 нафар дараҷаи илмии тахассусӣ доранд, ҳамкорони дохила 1- нафар профессор, 6-нафар номзадҳои илм 24-нафар муаллими калон ба донишуён дарс меомӯзанд. Дар коллеҷ 21- нафар аълочии маориф ва илми ҶТ мебошанд, ҳама маълумотӣ олӣ доранд. Роҳбарии коллеҷро  Саидзода Бибишамсияи Саид, ҷонишин оид ба тарбия Юсупов Комилҷон Салимҷонович, ҷонишин оид ба таълим Собиров Айниддин Баҳорович, сардори шуъбаи таълим Баротов М. Ю. ва сардори назорати сифати таълимро Одинаев Қосим ба уҳда дорад.

 Айни ҳол дар коллеҷ 2304 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд,ки аз ин миқдор 598 нафар дар шуъбаи рӯзона, ва 1706  дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

 Дар коллеҷ 56-нафар нимятимон ва 2-нафар ятими кулл таҳсил менамоянд.

Дар коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос мутахассисони миёнаи махсус омода мешаванд

  1. Забон ва адабиёти тоҷик
  2. Таҳсилоти ибтидоӣ
  3. Забони хориҷӣ (англисӣ рӯзона)
  4. Таърих
  5. Математика
  6. Информатика
  7. Забон ва адабиёти рус
  8. Технология (нақшакашӣ, таълими техникӣ)
  9. Варзиш
  10. Биология
  11. География
  12. Таҳсилоти то мактабӣ (ғоибона)

        Санҷиши  мо дар коллеҷ нишон дод, ки давомот дар таҳсили рӯзона 91,80% ва дар таҳсили ғоибона бошад 79 %-ро ташкил медиҳад.

           Дар коллеҷ 29 гурӯҳи таълимӣ дар шуъбаи рӯзона ва дар шуъбаи ғоибона 40 гурӯҳи таълими таҳсил мекунанд.

          Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона дар коллеҷ 598 нафарро ташкил медиҳанд, дар ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик- 78 нафар, таҳсилоти ибтидоӣ-66 нафар забони хориҷӣ (англисӣ)- 77 нафар, таърих-100 нафар, математика- 45 нафар, информатика-62 нафар, забон ва адабиёти рус-66 нафар,технология 38-нафар, тарбияи ҷисмонӣ 23-нафар биология – 20 нафар, география 23-нафарро ташкил медиҳанд.

        Донишҷӯёни шуъбаи ғоибона 1706 нафар буда курсҳои якум –250, курсҳои дуюм – 396,  курсҳои сеюм -536,  курсҳои чорум 524 нафарро ташкил медиҳанд.

 

Натиҷаи ҷамъбасти санҷишу имтиҳонҳо дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 дар шуъбаи рӯзона:

        Ҳамагӣ 618 нафар, пурра ба сессия роҳ ёфтанд ( дар соли таҳсили 2019-2020 аз 618 нафар донишҷӯ,ки ба сессия роҳ ёфта буд), (40-нафар анъанавӣ ва 578-нафар низоми таҳсилоти кредитӣ мебошанд). Сессияи имтиҳонӣ ба таври зайл ҷамъбаст гардидааст.

    Баҳои “аъло”-5 нафар – 0,9 %

    Баҳои “хубу аъло” -108 нафар – 17,5%

    Баҳои “хуб”-140 нафар – 22,7%

    Баҳои “қаноатбахш” – 324 нафар – 52,4%

    Иштирок накард – 12 нафар

    Қарздор 23 – нафар (дар давраи аввал).

    Хориҷ 6 – нафар

  

         Таҳлили натиҷаи сессияи замистонаи соли таҳсили 2019-2020 нишон дод, ки дарсазхудкунӣ нисбат ба сессияи тобистонаи соли таҳсили 2018-2019  10,7 %  коҳиш ёфтааст.

                                   Шуъбаи ғоибона:

    Ҳамагӣ ба сессия роҳ ёфтаанд  1706 нафар.

    Баҳои “аъло”-57 нафар – 0,3 %

    Бо баҳои “хубу аъло”-336 нафар – 19,7%

    Бо баҳои “миёна” – 473 нафар – 25,6%

    Бо баҳои “қаноатбахш” – 803 нафар – 47%

    Иштирок накарданд – 37 нафар

         Масъалаи ҷамъбасти сессияи зимистона дар маҷлиси Шӯрои илмӣ аз 30.01.2020 №6 муҳокима гардида, доир ба масъалаи мазкур қарорҳои дахлдор қабул кардааст.

 

Дар коллеҷи омӯзгорӣ панҷ кафедра аз рӯи нақшаҳои тасдиқгардидаи худ амал карда истодаанд:

Кафедраи педагогика ва психология

         (Мудири кафедраи педагогика ва психология, саромӯзгор Саидшозода Саврӣ Саидшо) Дар кафедра 18-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 16-нафарашон доимӣ ва 2-нафари дигарашон ҳамкорон мебошанд. Аз инҳо 11-нафар омӯзгорон буда, 2- н.и.п, 5-нафар-саромӯзгоранд. Дар кафедра барои тамоми фанҳои тадрисшаванда барномаҳои таълимӣ мавҷуд аст, ки омӯзгорон дар асоси он силлабус тартиб додаанд.

         Дар кафедра ҳаҷми соатҳои умумӣ 11854 соат буда, аз ҷумла 10578 соат дар низоми кредитӣ, 1276 соат низоми анъанавиро ташкил медиҳад. Соатҳои таълимӣ ба омӯзгорон аз 0,5 то 1,75 тақсим карда шудааст. Таносуби тақсими соатҳо дар доираи-70% назариявӣ ва 30 % ғайри аудиторӣ ба инобат гирифта шадааст.

         Дар кафедра дафтари қайди кор бо донишҷӯёни сустхон ва қарздор мавҷуд аст.

        Дар кафедра дафтари алоҳидаи ба дарси ҳамдигардароии устодон мавҷуд буда, устодони кафедра ҳамагӣ ба 30 дарси ҳамдигар даромадаанд. Мудири кафедра дар 15 дарси омӯзгорони кафедра иштирок намуда, дар дафтари таҳлили дарсҳо қайд намудаанд.

     Дафтари навбатдории кафедра тибқи  рафти навбатдории омӯзгорон қайд кардаанд.

        Феҳристи ҳуҷатҳои кафедра тибқи талаботи Низомномаи талаботи касбӣ (Коллеҷи омӯзгорӣ) 36 номгӯйро дар бар мегирад ва ин миқдор ҳуҷҷатҳои феҳристӣ бо тартиби рақам дар ҷевони кафедра гузошта шудаанд. Дар баъзе ҷузвдонҳо камбудию норасоиҳо вуҷуд доранд. 

 

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

        (Мудири кафедра н.и.п. саромӯзгор Тағойнзарова Манзура). Дар кафедра   9-нафар омӯзгори доимӣ , аз ин 6-нафар саромӯзгор, 1-нафар н.и.п., 2-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Тақсимоти соатҳо дар кафедра 7705 соати умумӣ, аз ин дар нимсолаи якум 3002,  дар нимсолаи дуюм 4703  соат аст.

        Дар кафедра  дафтари кор бо донишҷӯёни сустхон ва қарздор, дафтари навбатдорӣ мавҷуд буда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

         Дар дафтари ба дарсҳои ҳамдигардароӣ аз тарафи мудири кафедра Тағойнзарова М. таҳлили  21 дарс ва аз тарафи аъзоёни кафедра таҳлили 128 дарс қайдҳо дида шуданд.

         Дар кафедра 36 ҷузвдон мавҷуд аст,ки дар дохилашон ҳуҷҷатҳои ба онҳо мувофиқ ҷой дода шудааст. Кафедра дорои низомнома, нақшаи кории кафедра мебошад. Дар кафедра ду маҳфил амал мекунанд, ки нақшаҳои кориашон тасдиқ карда шуда, инҷунин маърӯзаҳо ва суратҷаласаҳо мавҷуд аст.

  1. Маҳфили Учу язык Пушкина 25- нафар аъзо дорад, ки роҳбарии маҳфилро омӯзгор Яковлева Доно ба уҳда дорад.
  2. Маҳфили The English is language of communication 23 – нафар аъзо дорад, ки роҳбарии маҳфилро омӯзгор Субҳоналиева С. ба уҳда дорад.

Кафедраи табиӣ-риёзӣ

         (Мудири кафедра саромӯзгор Муродов Нодир) Дар кафедра 22 нафар омӯзгор аз инҳо 17 нафар доимӣ, ва 5 нафар ҳамкорон фаъолият доранд.

        Соатҳои умумии кафедра 10100 соатро ташкил медиҳад, ки  ба нимсолаи якум 4790 соат, нимсолаи дуюм 5310 соатро дар бар мегирад.

         Барномаҳои таълимӣ мавҷуд буда, нақшаҳои кории омӯзгорон дар ҷузвдонҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд. Дафтари ба дарси ҳамдигардароӣ мавҷуд буда, дар он 52 таҳлили дарс ба қайд гирифта шудааст.

          Ба кафедра  ду синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ вобаста шудааст. Омӯзгорони кафедра мунтазам аз тахтаҳои электронӣ ва проекторҳо истифода мебаранд.

Дар кафедра маҳфили “Математика”амал мекунад, роҳбарии онро омӯзгор Миратов С. ба ӯҳда дорад. Маҳфил нақшаи корӣ дорад ва аъзоёнаш 12 нафарро ташкил медиҳанд.

 

Кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ

          (Мудири кафедра н.и.т. Наботов Файзиддин) Ҳайати омӯзгорони кафедра 18 нафар буда, аз инҳо 10 нафар доимӣ ва 2 нафар ҳамкорони дохила, 6 ҳамкори беруна мебошанд.

        Сарбории умумии кафедра 9078 соатро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якум  4818 соат ва нимсолаи дуюм 4260 –  соатро дар бар мегирад.

         Барномаҳои таълимӣ мавҷуд буда, нақшаҳои кории омӯзгорон дар ҷузвдонҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд. Фанҳои таълимӣ барнома дошта дар асоси он силлабусҳо тартиб додаанд. Дафтарҳои ба дарси ҳамдигардарои сабақгардонӣ ва кор бо донишҷӯёни сустхон ва қарздор мавҷуданд. Дар дафтари ба дарси ҳамдигардароӣ мудири кафедра 8-дарс ва аз тарафи аъзоён 20 дарс ба қайд гирифта шудааст.

          Дар кафедра як маҳфил амал мекунад: “ Таърихшиносони ҷавон” (роҳбараш Баротов Маҳмадшариф). Маҳфил 30 нафар аъзо дорад ва ва ҳар моҳ як маротиба гузаронида мешавад.

        

                        Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

           (Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик –Раҳматова О. А.) Дар кафедра 11-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 7-нафарашон доимӣ ва 4-нафари дигарашон ҳамкорон мебошанд.

          Дар кафедра барои тамоми фанҳои тадрисшаванда барномаҳои таълимӣ мавҷуд аст, ки омӯзгорон дар асоси он силлабус тартиб додаанд. Ҳаҷми соатҳои умумии кафедра 4135 соат буда, дар нимсолаи аввал  2180 соат ва дар нимсолаи дуввум 1955 соатро ташкил медиҳад.

          Соатҳои таълимӣ ба омӯзгорон аз 0,5 то 1,75 тақсим карда шудааст. Таносуби тақсими соатҳо ба инобат гирифта шадааст.

          Ҳамаи устодони кафедра ҷузвдонҳои алоҳидаи худро доранд, ки  силлабус, нақшаи кории устод ва барномаи кориашонро дар бар  мегирад.

         Дафтари қайди кор бо донишҷӯёни қарздор  донишҷӯёни сустхон, инчунин ҷадвали иловагии  имтиҳонҳо низ дида шуд.

        Устодони мавҷуд буда, устодони кафедра ба 38 дарси ҳамдигар даромада дарсҳоро таҳлил намудаанд.

         Дар кафедра як маҳфил бо номи “ Маданияти сухан” амал мекунад, ки 16 нафар аъзо дорад. Маърӯзаҳои маҳфил дар ҷузвдони махсус замима шудаанд.

         Ҳуҷҷатҳои феҳристӣ дар кафедра дида шуд, аммо ҷуздони рақами     № 5, пурра набуд.

Барои муайян кардани сатҳу сифати дониш аз донишҷӯёни коллеҷ корҳои санҷишӣ, хаттӣ гирифта шуд

         Рӯзи 23.04.2020 дар гурӯҳи 101-ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз фанни забони тоҷикӣ. Мувофиқи рӯйхат 22-нафар, иштирок доштанд 18-нафар, иштирок надошт 4-нафар.

Баҳои “5”- 0 нафар – 0 %

Баҳои “4”- 3 нафар – 16,6 %

Баҳои “3”- 9 нафар – 5о %

Баҳои “2”- 6 нафар – 33,3 %

        Рӯзи 23.04.2020 дар гурӯҳи 102-ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни забони тоҷикӣ. 22-нафар, иштирок доштанд 17-нафар.

Баҳои “5”- 0 нафар – 0 %

Баҳои “4”- 2 нафар – 11,7 %

Баҳои “3”- 11 нафар – 64,7 %

Баҳои “2”- 4 нафар – 23,5 %

 

         Рӯзи 23.04.2020 дар гурӯҳи 103-забони англисӣ аз фанни забони англисӣ (н.и.п., саромӯзгор Тағойназарова Манзура) санҷишӣ хатти гирифта шуд. Мувофиқи журнал 22-нафар, иштирок доштанд 19-нафар.

Баҳои “5”- 0 нафар – 0 %

Баҳои “4”- 7 нафар –  36,8 %

Баҳои “3”- 8 нафар – 42,1 %

Баҳои “2”- 4 нафар – 21 %

 

        Рӯзи 20.04.2020 дар гурӯҳи 104 аз фанни таърихи халқи тоҷик (омӯзгор Наботов. Ф.) санҷишӣ тестӣ гирифта шуд. Мувофиқи журнал 24-нафар, иштирок доштанд 23-нафар.

Баҳои “5”- 2 нафар –   0,9 %

Баҳои “4”- 13 нафар – 56 %

Баҳои “3”- 6 нафар –  26 %

Баҳои “2”- 2 нафар – 0,9 %

 

         Рӯзи 23. 04. 2020. дар гурӯҳи 105-математика аз фанни математика (омӯзгор Муродов Нодир) санҷиши тестӣ гирифта шуд. Мувофиқи журнал 21-нафар, иштирок доштанд 19-нафар.

Баҳои “5”- 0 нафар – 0 %

Баҳои “4”- 8 нафар – 42,1 %

Баҳои “3”- 6 нафар – 31,5 %

Баҳои “2”- 5 нафар – 26,3 %

 

         Рӯзи 24.04.2020 дар гурӯҳи 106-информатика аз фанни информатика (омӯзгор Наботов. Ф.) санҷишӣ тестӣ гирифта шуд. Мувофиқи журнал 23-нафар.

Баҳои “5”- 2 нафар – 0,9 %

Баҳои “4”- 6 нафар – 26 %

Баҳои “3”- 10 нафар – 43,4 %

Баҳои “2”- 5 нафар – 21,7 %

 

         Рӯзи 23.04.2020 дар гурӯҳи 107- ихтисоси забони русӣ (омӯзгор Яковлева Доно) кори санҷиши хаттӣ гирифта шуд. Иштирок доштанд 20-нафар, иштирок надошт 1-нафар.

Баҳои “5”- 1 нафар – 0, 5 %

Баҳои “4”- 8 нафар – 40 %

Баҳои “3”- 7 нафар – 35 %

Баҳои “2”- 4 нафар – 20 %

 

        

Корҳои тарбиявӣ

         Дар баробари таълим масъалаҳои тарбиявӣ низ мавриди санҷиши комиссия қарор гирифт. Дар коллеҷ вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявиро омӯзгор Юсупов Комилҷон Салимҷонович ба зимма дорад.

           Дар муассиса 29 гурӯҳи таълимӣ дар соли 2019-2020 таҳсил менамоянд, ки ҳамаи онҳо куратор доранд. Ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе дар соати панҷум соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад. Нақшаи тарбиявии ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ аз 28.08.2019  таҳти рақами №1 тасдиқ карда шудааст. Нақшаҳои тарбиявии гурӯҳҳо бо тасдиқи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ мавҷуд аст. Ҳар як куратор ҷузвдони куратории худро тартиб дода, аз рӯи он амал мекунанд.

                            

Чорабиниҳои тарбиявӣ дар коллеҷ

  1. 1- сентябри 2019 “ Рӯзи дониш” тамошои дастаҷаъмонаи суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомали Раҳмон.
  2. 8- сентябр дар коллеҷ ҷамъомад бахшида ба Истиқлолиятии ҶТ гузаронида шуд.
  3. 1- октябр чорабинӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид.
  4. 16 – ноябр “Иди Конститутсияи ҶТ”.
  5. 23 – ноябр бахшида ба “Рӯзи Парчами ҶТ”.
  6. 12- феврал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва экстремизм.
  7. 23-феврали соли 2019 ба Рӯзи Артиши миллӣ.
  8. 27-феврал барномаи рушди тарбия ва маърифати экологӣ.
  9. 7- март бахшида ба “Рӯзи Модар”.
  10. 19-март таҷлили ҷашни Наврӯзи аҷам.
  11. 17-апрел гузаронидани рӯзи мудофияи шаҳрвандӣ.
  12. 25-апрел зӯроварӣ дар оила чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Дар муассиса шиору овезаҳои зиёд дида шуд:

          Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Консепсияи миллии тарбия, Қонун дар бораи забони давлатӣ, Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи “Амал” “Об барои рушди устувор” ва ғайраҳо.

             Корҳои тарбиявӣ дар Шӯрои илмӣ ва ҷаласаҳои директор дида шудааст. 29.11.2019 таҳти рақами № 2 низомномаи сару либоси намунавӣ, давомот ба дарсҳо, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ, наомадан бо мошинҳои шахсӣ аз ҷониби донишҷӯён дар раванди таълим дар партави иҷрои қарори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима шудаанд.

 

Кори созмонҳои ҷамъиятӣ

  1. Раиси бонувони коллеҷ – Салихова С.
  2. Раиси созмони ҷавонон- Ғуломов С.
  3. Раиси иттифоқи касаба- Раҷабов Абдусалом

    Созмонҳои ҷамъиятии коллеҷ аз рӯи нақшаи кории худ самти таълиму тарбия ва ташкил намудани фароғати омӯзгорону донишҷӯён фаъолият менамоянд. Созмонҳо нақшаи корӣ доранд ва аз тарафи маъмурияти коллеҷ тасдиқ карда шудааст.

  Ин созмонҳо бо ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва ҳукумати ш. Бохтар ҳамкории зич доранд. Донишҷӯёни коллеҷ дар ҳамаи корҳои ҷамъиятии шаҳру вилоят иштироки фаъолона менамоянд.

 

                          Фаъолияти китобхонаи муассиса

          Дар коллеҷи омӯзгорӣ як китобхона фаъолият мекунад, ки ду нафар корманд дорад. Хайдарова Матлуба – мудири китобхона, Маҳмадалиев Манучеҳр  китобдор. Китобхона дар айни замон 12936 дона китобҳои илмию омавӣ, таълимию бадеӣ дорад. Аз ин миқдор:

 

      Номгӯ Шумора (дона)
1 Тахассусӣ 1165
2 Таълимӣ 1952
3 Методӣ 1330
4 Сиёсӣ 623
5 Бадеӣ бо забони русӣ 5056
6 Бадеӣ бо забони тоҷикӣ 813
7 Дастури таълимӣ 1610
8 Китобҳо бо забони тоҷикӣ 3561
9 Китобҳо бо забони русӣ 8836
10 Бо дигар забонҳо 436

 

    Китобхона дорои 12 ҷойи нишаст буда, айни ҳол 425 нафар аъзо дорад, ки аз онҳо 49 нафарашон омӯзгорон, 295 донишҷӯёни рӯзона ва 54 нафар донишҷӯёни ғоибона ва 2 нафар коргар дорад.

Шуъбаи  рӯзона

 

Номгӯи ихтисосҳо Рамзи ихтисос
1. таҳсилоти ибтидоӣ                        2-01 02 01
2. забон ва адабиёти тоҷик               2-02 03 01
3. забон ва адабиёти рус                    2-02 03 02
4. забони хориҷӣ (англисӣ)              2-02 03 06 01
5. таърих                                             2-02 01 01
6. математика                                    2-02 05 01
7. информатика                                 2-02 05 05
8. технология (меҳнати техникӣ,  нақшакашӣ)  2-02060231
9. Биология 2-02 04 01
10. География 2-02 04 02
11 Тарбияи ҷисмонӣ 2-03 02 01

 

Шуъбаи  ғоибона

 

Номгӯи ихтисосҳо Рамзи ихтисос
1. таҳсилоти ибтидоӣ                        2-01 02 01
2. таҳсилоти томактабӣ                    2-01 01 01
3. забон ва адабиёти тоҷик               2-02 03 01
4. забон ва адабиёти рус                   2-02 03 02
5. таърих                                             2-02 01 01
6. математика                                     2-02 05 01
7. информатика                                 2-02 05 05
8. технология (меҳнати техникӣ,  нақшакашӣ)  2-020602.31
9 Таҳсилоти то мактабӣ 2-01 01 01
10 Биология 2-02 04 01
11 География 2-02 04 02
12 Тарбияи ҷисмонӣ 2-03 02 01

   

                                       Тавсия ва пешниҳодҳо

  1. Ҷонишини директор оид ба тарбия назоратро аз болои кори кураторони гурӯҳҳо пурзӯр намуда, ба иҷроиши самараноки нақшаҳои корӣ ва дар вақташ гузаронидани соатҳои тарбиявӣ мусоидат намояд.
  2. Шуъбаи таълим ва мудирони кафедраҳоро зарур аст, ки назоратро оид ба риояи ҳуҷҷатгузорӣ ва журналдорӣ пурзӯр намоянд.
  3. Мудирони кафедраҳои коллеҷи омӯзгорӣ, мунтазам дарсҳои кушоди омӯзгоронро баргузор намуда, ба воситаи таҳлил ва мавриди муҳокима қарор дода, маҳорати методии омӯзгоронро такмил диҳанд, кӯшиши омӯзгорони ҷавонро барои баланд бардоштани маҳорати касбиашон мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.
  4. Ташкил намудани семенарҳо оид омӯзиши системаи таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шавад.
  5. Мудирони кафедраҳо бо мақсади дуруст ба роҳ мондани феҳрасти ҷузвдонҳои кафедра таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар якҷоягӣ бо дигар мудирони кафедраҳои коллеҷ тартиби низоми ҳуҷҷатгузориро беҳтар намоянд.

 

Комиссия пас аз натиҷаи санҷиш оид ба  “Ҳолати таълиму тарбия, низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар коллеҷи омӯзгории донишгоҳ” лоиҳаи қарор пешниҳод кардааст:

 

                                                                                                                                     Лоиҳа

                                                             Қарори

ҷаласаи ректорати донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 5-уми майи соли 2020 оид ба масъалаи “Ҳолати таълиму тарбия, низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар коллеҷи омӯзгории донишгоҳ”

 

  1. Гузориши комиссия доир ба масъалаи “Ҳолати таълиму тарбия, низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар коллеҷи омӯзгории донишгоҳ” ба асос гирифта шавад.
  2. Ҳолати раванди таълиму тарбия, низому тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар коллеҷи омӯзгории донишгоҳ ___________________ ҳисобида шавад.
  3. Садорати коллеҷи омӯзгории донишгоҳ (директори колеҷ Саидзода Б.С, ҷонишини директор оид ба таълим Собиров А.Б., ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Юсупов К.С. вазифадор карда шаванд:

3.1. Ҳама паҳлуҳои раванди таълим, тарбия ва низоми ҳуҷҷатгузориро дар ҷаласаҳои директор, шӯрои олимон мунтазам мавриди муҳокима қарор дода, барои беҳбудии сифати таълим ва тарбия чораҳои зарурӣ андешанд.

3.2. Вазъи ҳуҷҷатгузориро дар коллеҷ мунтазам зери назорат гирифта, тартиби ҷобаҷогузории онҳоро боз ҳам беҳтар намоянд.

3.3. Назоратро аз болои кори кураторони гурӯҳҳо боз ҳам пурзӯр намуда ба иҷроиши нақшаҳои корҳои тарбиявӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

3.4. Дар амалишавии қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба риояи маданияти либоспушӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ ва мошинҳои шахсӣ дар рафти таълим” бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

  1. Мудирони кафедраҳои коллеҷ вазифадор карда шаванд:

4.1. Дарсҳои ҳамдигардароии устодони кафедраро мунтазам ташкил намуда, ба воситаи таҳлил маҳорати методии омӯзгоронро такмил диҳанд.

4.2. Барои дарсҳои маърузавӣ, амалӣ ва озмоишӣ бо низоми таълими кредитӣ таҳсилкунанда китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд.

4.3. Ҳолати ҳуҷҷатгузориро дар кафедраҳо беҳбудӣ бахшида, мазмуну муҳтавои онро сифатан беҳтар ба роҳ монанд.

  1. Назорат иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ноиби ректор оид ба таълим, профессор Абдураҳимзода Қ.С. ва ноиби ректор оид ба тарбия, дотсент Раҷабов Х.А. вогузор карда шавад.

 

Вобаста  ба масъалаи дуюми  рӯзномаи ҷаласа “Ҳолати  корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултети забони англисӣ” аз тарафи мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Маҳкамова  Дилором гузориш пешниҳод шудааст. Дар маълумотнома омадааст:

         Дар факултет ҷамъ 53 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 1-профессор, 7-номзад, 2-дотсент, 2-дотсенти дохилӣ, 6-саромӯзгор мебошанд. Дар факултет 16 маҷлиси деканат гузаронида шудааст, ки масъалаи корҳои илмӣ ва методӣ  дар 8.05.2019 №18 муҳокима шудааст. Маҷлиси навбатӣ 6.05.2020 ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷлисҳои шӯрои олимони факултет (8) ва илмӣ-дастурдиҳӣ (9) масъалаҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, ҳисоботи фаъолияти илмии кафедраҳо, тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои илмӣ, рафти иҷрои фаъолияти илмии устодон, магистрон, докторантҳо муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.

Дар факултет 3 кафедра фаъолият доранд, ки аз рӯи 2 ихтисос мутахассисонро омода мекунанд.

 

Кафедраи

 методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

         Дар кафедраи мазкур 6 нафар омӯзгорони доимӣ фаъолият мекунанд. Мудири кафедраи номбурда н.и.ф. дотсент, Раҷабов Н.Ф. мебошад. Аъзоёни кафедра н.и.ф., дотсент Толибова Г, н.и.п. Қаршиева Г. Г., н.и.ф., саромӯзгор Олматова Ш. С., омӯзгорон Сафарова З. М. ва Баротова Р. Ҳ. мебошанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар кафедраи мазкур аз тарафи омӯзгорон мақолаҳои зерин ба чоп расидаанд:

  1. «Синтаксическая квалификация главного члена односоставного предложения в совреманном таджикском литературном языке» Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон № 1. стр. 107-111, 2019 с.
  2. «История изучения и лингвистические концепции односоставных предложений в современном таджикском литературном языке» Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон № 2. стр. 89-94. 2019 с.
  3. 3. «Синтаксическая квалификация и история исследования главного члена односоставного предложения в современном немецком литературном языке» дар Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав № 1-1(59) 2019, саҳ. 54-60.
  4. «Семантика номинативных односоставных предложений в таджикском и немецком языках» дар Паёми Донишгоҳи миллӣ № 7, 2019, стр. 114-120.
  5. Предлоги в таджикском и немецком языках: семантическо-сопоставительный анализ (монография). Бохтар, 2020 с.

Толибова Г.Ҷ. н.и.ф., дотсент.

  1. Конструкции с модальным глаголом “тавонистан” в немецком и таджикском языках. Конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ “Занон ва рушди илми муосир” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм. Бохтар, 10 феврали соли 2020.

Омӯзгор Сафарова З. М.

  1. Словообразовательная паронимия в таджикском и английском языках. Конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ “Занон ва рушди илми муосир” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм. Бохтар, 10 феврали соли 2020.
  2. Игровые технологии и его обучения на уроках иностранного языка. Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав

         Олматова Ш. С. н.и.ф. саромӯзгор

  1. «Анализ и исследования железнодорожной лексики в разнострук­тур­ных языках. Вестник Бохтарского государственного университета им. Носира Хусрава. Серия гуманитарных и экономических наук. Том 2, №1/4(57) 2019. –с. 38-41.
  2. Такмили маҳорати касбӣ-тақозои замон. Дар рӯзномаи “Фурӯғ” Олматова Ш.С., Қаршиева Г.Г.

Н.и.п. омӯзгор Қаршиева Г.Г.

  1. Формирование технологии самоорганизации – как важный фактор личностного роста студентов. Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав
  2. Игровые технологии и его обучения на уроках иностранного языка. Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав
  3. Проблема овладения лексическим аспектом иноязычной речи. Конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ “Занон ва рушди илми муосир” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм. Бохтар, 10 феврали соли 2020.
  4. Такмили маҳорати касбӣ – тақозои замон. Дар рӯзномаи “Фурӯғ” Олматова Ш.С., Қаршиева Г.Г.

Дар конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ “Занон ва рушди илми муосир” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм, ки дар таърихи 10 феврали соли 2020 омӯзгорони кафедра н.и.ф., дотсент Толибова Г.Ҷ., н.и.п. Қаршиева Г.Г. ва Сафарова З.М. иштирок намуданд.

Нақшаи СИМ дар кафедраи мазкур мавҷуд мебошад.

Раҷабов Неъматулло Файзалиевич рисолаи докториашро дар мавзӯи «Функционально семантические типы односоставных предложе­ний в таджикском и немецком языках» аз рӯи ихтисоси 10.02.20 дар зери роҳбарии профессор Салимов Рустам Давлатович идома дода истодааст.

Толибова Гулчеҳра Ҷамиловна рисолаи докториашро дар мавзӯи «Структура и семантика повествовательных, побудительных, оптативных предложений в таджикском и немецком языках». аз рӯиихтисоси 10.02.20 дар зери роҳбарии профессор Салимов Р.Д. идома дода истодааст.

Омӯзгор Сафарова З. дар мавзӯъи «Сопоставительный анализ паронимов тажикского и английского языков» аз рӯи ихтисоси 10.02.19 дар зери роҳбари илмӣ, академик Ҷамшедов Парвона рисолаи номзадии илмиашро идома дода истодааст.

Дар кафедраи мазкур 66 нафар бакалавр вобаста шуда, аз 13 то 17 апорели соли равон аз пешҳимояи рисолаҳо  54 нафарашон гузаронида шуданд ва 12 нафарашон бо сабабҳои камбудиҳои корашон ба таърихи 23-юми апрел ба пешҳимояи такрорӣ гузаронида шуд.

Дар кафедраи МТЗХ ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) ва маҳфили илмӣ бо ном “Deutsch Club” фаъолият дошта, маводҳои лозима дар ҷувздони маҳфил нигох дошта мешавад. Инчунин дар синфхонаи магистрон гӯшаи

 ҷамъияти илмии донишҷӯён ташкил карда шудааст.

 

Кафедраи  назария  ва  типологияи  забони  англисӣ

             Дар  кафедраи  ҳамагӣ  13- нафар  фаъолият мекунанд, ки  аз онҳо 7-нафар доимӣ, 2-нафар ҳамкори дохила,  3-нафар ҳамкори беруна мебошанд.

                                          Аъзоёни   доимӣ

  1. Тағоева Т. М д.и.ф профессор   мудири кафедра
  2. Фатҳуллоев И.Б н.и.ф.саромӯзгор,роҳбари  таҷриба
  3. Муродов И.С.,ниф.омӯзгор
  4. Қурбонов Б., омӯзгор
  5. Бурибаева Ф , омӯзгор
  6. Камолов Т. М.,омӯзгор
  7. Абдурасулов Н., омӯзгор

                                                Ҳамкорони  дохила                                                 

            1.Қосимов А., омӯзгор                                   

             2.Пирова Ф ., омӯзгор                        

Ҳамкорони беруна

              1.Ҷамшедов П, академик

              2.Ҷоматов С., профессор

              3.Хоҷаева С. доктор

2.Нақшаи солонаи корҳои  илмӣ-таҳқиқоти ва илмӣ-методии  омӯзгорон дар кафедра мавҷуд аст.

  1. Кафедра аз рӯи ду самт фаъолият карда истодааст:забоншиносӣ ва назарияи забон.
  2. Мавзӯъҳо ва корҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии  омӯзгорон дар ҷувздони махсус дар кафедра мавҷуд аст.
  3. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии аз тарафи омӯзгорони  кафедра   12-мақола, 2-китоби дарсӣ  ва  аз тарафи   ҳамкори беруна  академик  Ҷамшедов П. барои  донишҷӯён  ва хонандагон  2-барномаи таълимӣ  нашр  шуд. 
  4. Омӯзгорони кафедра дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ ва вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ   Баромад мекунанд. Д.иф. профессор  Тағоева Т., дар конференсияи  вилояти  Хатлон барои иштироки фаъолона дар конференсияи  илмӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм бо  сипоснома сарфароз гардонида шуд.
  5. Нақшаи кори семинарӣ илмӣ-методии кафедра дар кафедра мавҷуд аст, аз тарафи аъзоёни кафедра  моҳе  як маротиба семинар  гузаронида  мешавад.
  6. Мувофиқи қарори № 6 дар ҷаласаи кафедра мавзӯи «Функционально-семантические типы подчинительных союзов таджикского, русского и английского языков» рисолаи номзадии Муродов  Анвар   муҳокима карда  шуд.     
  7. Мувофиқи нақша, ихтисоси забони англисӣ  курси-4-ум,   63-нафар  донишҷӯён  буда,  ба омода ва ҳимояи      рисолаи хатм   машғуланд. Магистрони   курси 2-юми  факултет, ихтисоси забони англисӣ,  16-нафар  буда,  тайёри ба рисолаи магистрӣ, мақолаҳо ва аз паи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  ва   тақризи робарон  омода шудаанд.

 Дар факултети  забони англисӣ  ихтисоси забони англисӣ  курси  1-ум   2-нафар докторантон  рhD   таҳсил  карда  истодааст Дар кафедра як нафар унвонҷу  омӯзгор  Бурибаева Фарида мебошад.

Номгӯи мавзӯъҳои конференсияи илмию назариявии устодону донишҷӯён бахшида ба «Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», 23-солагии  Ваҳдати миллӣ, 28-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:    

1       диф. профессор Тағоева Т.    Намуди умумӣ дар забони  англисӣ ва тоҷикӣ

2       н.и.ф.саромӯзгор Фатҳуллоев И.     Нақши  иқтибос  дар  ташаккули фонди луғавии забони англисӣ

3       Омӯзгор Абдурасулов Н.       Сифат  ва  дараҷаҳои дар забонҳои тоҷики ва англисӣ

4       Омӯзгор  Қурбонов Б.  Old  English period

5       Омӯзгор Камолов Т.     Мавзӯи баҳс ва хусусиятҳои назарияи тарҷума

6       Омӯзгор Бурибаева Ф. Ифодаи муносибатҳои падежӣ дар забони  англисӣ

 

                 Кафедраи

 курси амалии забони англисӣ

         Дар кафедраи мазкур 36-нафар омӯзгорони доимӣ, 4-нафар ҳамкори дохилӣ фаъолият мекунанд. Мудири кафедраи номбурда н.и.ф. дотсент Толибова Г.Ҷ. мебошад. Аъзоёни кафедра н.и.ф., дотсент Толибова Г, н.и.п. Алиева Г.С. ва 34-нафар омӯзгорон мебошанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар кафедра доир ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ  корҳои  зерин ба анҷом расидаанд:

Толибова Г.Ҷ. н.и.ф., дотсент.

  1. Конструкции с модальным глаголом “тавонистан” в немецком и таджикском языках. Конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ “Занон ва рушди илми муосир” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм. Бохтар, 10 феврали соли 2020.

2.Толибова Гулчеҳра Ҷамиловна рисолаи докториашро дар мавзӯи «Структура и семантика повествовательных, побудительных, оптативных предложений в таджикском и немецком языках». аз рӯиихтисоси 10.02.20 дар зери роҳбарии профессор Салимов Р.Д. идома дода истодааст.

         4.03.2020 омӯзгори кафедра Шарипов Б.А. дар мавзӯи “Языковые средства и способы выражения субъективной модальности в разносистемных языках” дар АМ ҶТ рисолаи номзадиашро дифоъ намуд.

6-нафар омӯзгорони кафедра – Розиқов Б., Ситамова М., Салимова М., Саидова М., Қулмаҳмадова С., Гулова З. мавзӯъҳои рисолаҳои илмиро муҳокима ва тасдиқ кардаанд.

 Дар факултет, ки аксар омӯзгорон ҷавонанд, кӯшиши бо корҳои илмӣ машғул шудан  дуруст ба роҳ монда шудааст. Устодон дар коромӯзиҳои  забондонии байналмилалӣ низ  ширкат доранд.

Камбудиҳо ва пешниҳодҳо :

  1. Ҳисоботи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар факултет ҳамоҳангсозӣ надошта, мудирони кафедраҳо бо ҷонишини декан оид ба илм Олматова Ш.С. ҳамкорӣ надоранд.
  2. Ҳуҷҷатгузориро оид ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии устодон дар ҳар як кафедра ташкил намуда, махзани ягонаи иттилоотро созмон додан лозим аст.
  3. Омода кардани донишҷӯён ва магистрони факултет ба олимпи­а­даҳо аз рӯи ихтисосро ҷоннок намуда,  ба кори илмӣ ҷалб кардан ба манфиати кор мебуд.

 

Комиссия  аз натиҷаи санҷиш оид ба  Ҳолати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултети забони англисӣ лоиҳаи қарор пешниҳод кардааст:

 

Лоиҳа

 

Қарори ҷаласаи  ректорат аз 5.05.2020 дар бораи «Ҳолати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултети забони англисӣ»

 

     1.Гузориши комиссия доир ба масъалаи « Ҳолати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултети забони англисӣ» бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои музокирачиён ба асос гирифта шавад.

  1. Ҳолати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултети забони англисӣ ______________________ҳисобида шавад.

 3.Декани  факулта вазифадор карда шавад:

3.1. Барои ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ба ҷараёни корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факулта тадбирҳои иловагӣ андешад.

3.2. Иҷрои саривақтии нақшаи солонаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони кафедраҳоро дар асоси нақшаи дурнамо ва фардӣ   таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

3.3. Дар ҷаласаҳои  Шӯрои олимон ва Шӯрои илмӣ-дастурдиҳии факулта ба масъалаҳои КИТ ва КИМ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, доир ба ҳарчи зудтар  ба ҳимоя пешниҳод намудани рисолаҳои номзадӣ  ва докторӣ  тадбирҳои судманд андешанд.

3.4. Ҳангоми қабули қарорҳои ҷаласаи Шӯрои олимон вазифаю супоришҳои пешниҳодшуда мушаххас нишон дода шаванд.

4.Мудирони кафедраҳои факултет вазифадор карда шаванд:

4.1. Ҷиҳати ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар кафедраҳо   тадбирҳои иловагӣ андешанд.

4.2. Ба сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотии аспирантон, докторантон ва унвонҷӯёни кафедраҳо диққати зарурӣ дода, ҳисоботи илмии онҳоро дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва  Шӯрои олимони факулта мунтазам мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

4.3. Робитаҳои илмиро бо марказҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ ва хориҷи он боз ҳам ҷоннок намоянд.

4.4. Фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ ва корҳои ҷамъияти илмии донишҷӯёнро ҷоннок намуда, барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар конфронсҳо, олимпиадаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 4.5. Баҳри таъмини кафедраҳои факулта бо устодони унвони илмидор тадбирҳои мушаххас андешида, баҳри амалӣ намудани онҳо кӯшиш намоянд.

4.6.Мавзӯъҳои корҳои хатми бакалаврӣ, дипломӣ ва магистрӣ бояд дар асоси проблемаҳои илмӣ ва равияи илмии кафедра ва самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар ҷумҳурӣ интихоб карда шаванд.

5.Рафти назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Собиров Ҷ.С.  вогузор карда шавад.

 

Вобаста  ба масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа “Ҳолати журналҳои гурӯҳҳои академӣ дар факултетҳои донишгоҳ”  ахбори сардори раёсати таҳсилот, дотсент Хайрзода А. пешниҳод шудааст. Дар маълумотнома омадааст:

 “Дастурамал оид ба тартиби истифодаи журнали гурӯҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  25.11.2011 №21/23 тасдиқ шудааст.

 

Банди 1

Журнали гурӯҳи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (минбаъд-журнал) иҷрои нақша ва барномаи таълимиро дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба танзим медарорад.

Банди 4

Куратор, омӯзгори фаннӣ ва сардори гурӯҳ барои бе осеб нигоҳ доштани журнал ҷавобгаранд.

Банди 7

Журнали гурӯҳи таълимӣ дар бойгонии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 25 сол нигоҳ дошта мешавад.

Банди 8

Дар охири нимсолаи соли таҳсил куратори гурӯҳи таълимӣ баъд аз қайд намудани ҳисоботи омӯзгорони фаннӣ журналро барои нигоҳдорӣ ба шӯъбаи таълим месупорад.

Банди 11

Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ дорад барои омӯзгори фаннӣ ва ё куратори гурӯҳи таълимӣ ҷиҳати иҷро накардани талаботи ба расмият даровардани журнал ҷазои интизомӣ пешбинӣ намояд.

Банди 12

Куратори гурӯҳи таълимӣ вобаста ба истифодаи журнал корҳои зеринро ба сомон мерасонад:

– варақаи титулӣ ва мундариҷа (номгӯи фанҳои таълимӣ мувофиқи нақшаҳои таълимӣ)-и журналро хонапурӣ менамояд;

– рӯйхати донишҷӯёнро дар журнал (ному насаб бо тартиби алифбо) тартиб медиҳад;

–  ному насаби омӯзгори фанниро қайд менамояд;

–  номгӯи фанҳоро менависад;

– дар саҳифаи алоҳидаи журнал маълумот дар бораи донишҷӯёнро ҷой медиҳад;

– варақаи ҷамъбастии давомоти донишҷӯёнро ҳар ҳафта қайд менамояд.

Банди 14

Куратори гурӯҳ дар журнал вобаста ба тағйироти ҳайати гурӯҳ навиштаҳои зеринро ҷой медиҳад: «хориҷ шуд бо фармони №___ аз «__» ___ соли 200__ва «барқарор шуд бо фармони №___ аз «__» ___ соли 200__».

Банди 19

Рӯзҳои иду ҷашнҳо, ки истироҳатӣ эълон шудаанд, дар журнал ҳамчун «Рӯзҳои ид» тариқи сабти пурраи номи ҷашн ё чорабинӣ бе нишондоди соати дарсӣ бо имзогузории омӯзгор қайд карда мешавад. Бо назардошти иҷрои ҳатмии барномаҳои таълимӣ соатҳои дарсии дар ин рӯз пешбинишуда, ҳатман дар доираи соатҳои захиравӣ ё ташкил намудан дарсҳои иловагӣ иҷро карда мешавад.

Банди 22

Сардори гурӯҳи таълимӣ вазифадор аст, ки пеш аз оғози дарс аз деканат журналро гирифта, саривақт (баъди анҷоми ҷуфти охирон) онро пас гардонад.

Банди 23

Дар вақти дарс баромадани сардори гурӯҳ бо мақсади овардани журнал иҷозат дода намешавад.

Банди 24

Нигоҳ доштани журнали гурӯҳ дар кабинетҳои фаннӣ ва кафедраҳо манъ аст.

Кормандони раёсати таҳсилот ҳолати 410 журналҳои гуруҳҳои академиро барои зинаи бакалавр (365адад) ва магистр (45адад) дар таҳсили рӯзона мавриди таҳлил қарор доданд, ки натиҷааш чунин мебошад:

ФАКУЛТЕТ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

Ҳамагӣ 31 журнали академӣ аз ҷумла 4 журнали магистратура

*Гурӯҳи 206 ихтисоси журналист-тарҷумон журнали таълими канда шудааст.

*Гурӯҳи 101 ихтисоси забон адабиёти тоҷик журнали таълими канда шудааст

ФАКУЛТЕТИ СИЁСАТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТӢ

Ҳамагӣ 29 журнали академӣ аз ҷумла 1 журнали магистратура

*Гурӯҳи 401 журнал канда шуда мебошад.

ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГИКА ВА ВАРЗИШ

Ҳамагӣ 36 журнали академӣ аз ҷумла 2 журнали магистратура

*Дар гурӯҳи 503  ихтисосӣ тарбияи ҷисмонӣ ва О/Д.Ҳ руйхати донишҷуёни гурӯҳ пурра нест.

*Журнали гурӯҳи 206 канда шуда мебошад.

ФАКУЛТЕТИ ТЕХНИКӢ ВА ТЕХНОЛОГӢ

Ҳамагӣ 26 журнали академӣ аз ҷумла 2 журнали магистратура

*Гурӯҳи 104-106 ихтисоси таълимоти касбӣ журнал канда шуда дӯхта нашудааст.

ФАКУЛТЕТ МЕНЕҶМЕНТ

Ҳамагӣ 32 журнали академӣ аз ҷумла 4 журнали магистратура

*Гурӯҳи 403 ихтисоси менеҷменти иқтисодӣ ва идораи сайёҳи рӯйхати донишҷӯёни гурӯҳ пурра карда нашудааст.

 

ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ 

Ҳамагӣ 29 жрнали академӣ аз ҷумла 2 журнали  магистратура

*Гурӯҳҳои 101-102 варақаи ҷамбасти иштироки донишҷуён ба дарс ҷамъбаст нашудааст

 ФАКУЛТЕТ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Ҳамагӣ 24 журнали академӣ аз ҷумла 2журнали магистратура

*Гурӯҳи 404 ихтисоси забони англисӣ омӯзгорон дар варақаи ҳозир ғоиб имзои худро нагузоштааст

ФАКУЛТЕТИ  ХИМИЯ  ВА БИОЛОГИ

Ҳамагӣ 34 журнали академӣ аз ҷумла 3 журнали магистратура

*Гурӯҳи 501 ихисосит химия ва биология журнал канда шудааст

ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

Ҳамагӣ 27 журнали академӣ аз ҷумла 2 журнали магистратура 

ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДӢ

Ҳамагӣ 37 журнали академӣ аз ҷумла 6 журнали магистратура 

*Гурӯҳи 303 фанни “Ба ҳисобгирии бухгалтерӣ дар муассисаҳои буҷетӣ” омӯзгор Сафарова Н., фанни “Қонунгузории бонкӣ” омӯзгор Ибрагимов С. миқдори соат ва шакли он – амалӣ, маъруза, КМРО нишон дода нашудааст.

МАГИСТРАТУРА

*101-103 муқоваи журналҳо канда шуда рӯйхати донишҷӯён, суроғаи ҷои зист, соли таввалуд пурра нест.

       

Хулоса

**То 02.05.2020 қариб ҳамаи камбудиҳои ба  қайди журнал рабт дошта аз ҷониби масъулин ислоҳ  карда шудаанд.

Пас аз ахбори сардори раёсати таҳсилот, дотсент Хайрзода А. лоиҳаи қарор оид ба «Ҳолати журналҳои гурӯҳҳои академӣ дар факултетҳои донишгоҳ»  пешниҳод шудааст:

 

 

Лоиҳа

Қарори

ҷаласаи ректорати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав   аз   05.05.2020

«Ҳолати журналҳои гурӯҳҳои академӣ дар факултетҳои донишгоҳ» 

(Ахбори сардори раёсати таҳсилот)

  1. Ахбори сардори раёсати таҳсилот оид ба ҳолати журналҳои гурӯҳҳои академӣ дар факултетҳои донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли  таҳсили 2019-2020 ба инобат гирифта шавад.
  2. Ба деканони факултетҳо супориш дода  шавад:

2.1. Назоратро аз болои журналҳои гуруҳҳои таълимӣ  тибқи  Дастурамал оид ба тартиби истифодаи журнали гурӯҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 21/23  аз  25-уми ноябри соли 2011 тасдиқ шудааст ба  ҷидди ба роҳ  монанд.

2.2. Вазифаҳои куратор, омӯзгор ва сардори гуруҳро дар самти  журналдори тибқи бандҳои 12 – 24 – уми дастурамал ба роҳ монда иҷроиши онро мунтазам дар ҷаласаҳои назоратии назди факултет  мавриди муҳокима қарор диҳанд.

2.3. Журналҳои академиро барои зинаи магистратура низ  мутобиқ ба дастурамал  ба роҳ монанд.

  1. 3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдураҳимзода Қ. С вогузор карда шавад.

 

Хулоса, масъалаҳои нақшавии ректорат, ки аз тарафи комиссияҳо мавриди санҷиш қарор гирифта буд, барои баррасӣ ва муҳокима  ба аъзоёни ҷаласа пешниҳод гардид.

 Аз аъзоёни ректорат хохиш карда мешавад, ки андешаҳои худро нисбати масъалаҳои баррасишаванда пешниҳод ва баҳогузорӣ  намоянд.

 

//////Котиби ҷаласа Қурбонов Ф.А.//////