Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (CОVID-19), ки ҷаласаи он рӯзи 30-юми апрели соли 2020 доир гардид, «барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст».

Ҳамзамон, баъд аз ҷаласаи Ситод дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии ҷумҳурӣ ҷаласаи фаврӣ доир гардид, ки дар он қарори ҷаласаи Ситод ба ректорон расонида шуда, инчунин, дастур дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои бечунучарои он тадбирҳои судманд андешида шавад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа аз ҷониби вазири маориф ва илм М.Имомзода такроран таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи ҷойдошта дар кишвар бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ бо ба инобат гирифтани натиҷаи баҳои рейтингҳо баҳои ҷамъбастии донишҷӯёни курсҳои 1-3 (ихтисосҳои ҳамгиро-курсҳои 1-4, ихтисосҳои тиббӣ-курсҳои 1-5) гузошта шавад.

– Ҳамаи мо шоҳидем, ки мутаассифона, вируси мазкур дар кишвари мо низ ба қайд гирифта шуд ва моро зарур аст, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос дар паҳлӯи мардуми азизамон бошем. Аз ин рӯ, ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода мешавад, ки то хуб шудани вазъ дар кишвар ва бартараф шудани бемории сироятии коронавирус ба донишҷӯёне, ки бо сабаби вазъи номусоиди оилавӣ фоизи муайяни маблағи шартномаи таҳсилро насупоридаанд, имтиёз дода шавад. Яъне, имрӯз насупоридани маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯ набояд садди роҳи ҷамъбасти сессияи тобистона гардад ва мо бояд имкон диҳем, ки донишҷӯ дар вақти дигар бо хуб шудани вазъ дар кишвар ва пайдо шудани имконоти молиявӣ маблағи шартномаи таҳсилро пардохт намоянд, -дастур дод М.Имомзода.

Инчунин, дар идома аз ҷониби вазир таъкид гардид, ки донишҷӯёне, ки бинобар сабабҳои гуногуни узрнок дар имтиҳоноти хатм иштирок карда наметавонанд, имтиҳони онҳо ба даври дигар-семестри тирамоҳӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин, қабл аз имтиҳоноти хатм, ки бояд то 15-уми май ҷамъбаст шавад, тамоми синфхонаҳои имтиҳонӣ дезинфексия карда шаванд.

Бо назардошти дастури дар ҷаласа ирошуда, иттилоъ медиҳем, ки тамоми он эроду шикоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба он, ки гӯё бо сабаби напардохтани маблағи шартномаи таҳсил донишҷӯёнро аз муассиса хориҷ мекарда бошанд ва ё донишҷӯёни беморро маҷбуран ба имтиҳони хатм даъват доранд, асоси воқеию ҳуқуқӣ надоранд.

 

 

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми 

Ҷумҳурии Тоҷикистон