Мутахассисону таҳлилгарони бемории пандемияи COVID-19 ба хулосае омаданд, ки яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ташкил ва ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ мебошад. Мазҳ бо ин мақсад пайваста дар ҳар ду бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бо ҷалби мутахассисон, кормандони бунгоҳи тиббӣ, гурӯҳҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ ва дигар намояндагони воҳидҳои сохтории донишгоҳ корҳои безараргардонӣ ташкилу ба роҳ монда шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ маводҳои безараргардонӣ, аз қабили хлор, маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ захира шуда, дар ҷараёни корҳои безараргардонӣ аз онҳо васеъ истифода менамоянд.

Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо аз устдону кормандон ва донишҷӯён тақозо карда мешавад, ки риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъитяиро риоя намуда, дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус саҳмгузор бошанд. Умаман, чунин корҳои безараргардонӣ боз ташкилу ба роҳ монда мешаванд.    

 

 

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав