Паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус дар сартосари олам тамоми давлатҳо ва ташкилоту созмонҳоро нигарон намуда, барои пешгирии он имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату кумитаҳо корҳои муҳимро амалӣ намуда истодаанд.  

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” аз тарафи кормандони бунгоҳи тиббӣ ва гурӯҳҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ бо ҳайати профессорону кормандон ва донишҷӯён дар асоси нақшаи корӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодааст, ки чунин тадбирҳо дар боло рафтани маърифати тиббӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, хоса COVID-19 мусоидат менамояд.

Зикр намудан зарур аст, ки манбаъи асосии паҳн кардани ин беморӣ, яъне коронавирус худи инсон ба ҳисоб меравад. Аломатҳои бемории сироятии коронавирус, сулфаи хушк, баландшавии ҳарорати бадан, дарди қафаси сина, нафастангӣ ва амсоли ин буда, ба кори шуш ва дил таъсири худро мерасонад. Дар сурати эҳсос намудани чунин аломатҳо, мо бояд ба табибон муроҷиат намоем. Ягона васила ва роҳи пешгирии паҳншавии коронавирус зуд-зуд шустани дастон, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кардан, дар умум риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.  

Бояд қайд намоем, ки аз аҳли зиёи кишвар, табибону мутахассисон, ходимони дин, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос тақозо карда мешавад, ки вокунишҳои саривақтӣ, шарҳу тавзеҳи дурусти ин масъаларо ба аҳолӣ фаҳмонанд. Аз шаҳрвандони кишвар тақозо мешавад, ки баҳри солимии ҷомеа бетараф набошанд, ҳар гуна иттилооти нодурустро дар ҷомеа паҳн накунанд ва фақат ба манобеъи боэътимод такя намуда, фаъолияту зиндагии худро идома бидиҳанд.

            Муваққатан баста шудани муассисаҳои томактабӣ, миёна ва касбӣ, масҷидҳо, манъи чорабиниҳо ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус мусоидат мекунад. Сокинон бояд ба маълумоте, ки баъзан дар сомонаҳои ғайрирасмӣ чопу интишор мешаванд бовар накунанд.  Бояд сокинони кишвар ба таҳлука наоянд, тарсу ваҳмро дар дилашон ҷойгир накунанд ва барои саломатии худ ҳамеша қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

 

 

                                                          

            Қувваталӣ Сатторов, мудири

           бунгоҳи тиббии ДДБ ба номи Носири Хусрав