Институти илмӣ-тадқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бо як қатор муассисаҳои таълимию илмии кишвар шартномаи дуҷониба ба имзо расонид.

Шартномаи мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-солаи рушди илмҳои риёзиву табиатшиносӣ ва техникӣ ба имзо расидааст. Айни ҳол муассисаҳои зерини ҷумҳурӣ бо Институти илмӣ-тадқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносии назди муассиса ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ ба имзо расонидаанд:

  1. Донишгоҳи давлатии Данғара;
  2. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон;
  3. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
  4. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
  5. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;
  6. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  7. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
  8. Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент;
  9. Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон;
  10. Филиали хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
  11. Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.

Бояд гуфт, ки ҳамкории дуҷонибаи Институти илмӣ-тадқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо дигар муассисаҳои илмию таълимии ватанӣ ва хориҷи кишвар дар назар аст.

 

 

Абдулҳай Комилӣ, директори Институти илмӣ-тадқиқотии

таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи Донишгоҳи

давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав